Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони Ҷамъияти тоҷикони муқими Қазокистон

13.05.2008 13:00, Қазоқистон

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Ҷамъияти тоҷикони муқими Қазокистон мулоқот намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули глобалӣ ба нафъи ҳам муҳоҷирон ва ҳам кишварҳои фиристандаю қабулкунанда арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки айни ҳол дар Қазоқистон аз 40 то 50 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик чун соҳибкор, бинокор, кишоварз, коргару мутахассиси саноатӣ ва омӯзгору корманди муассисаҳои илмӣ фаъолият менамоянд. Ба ғайр аз ин, дар ин сарзамин зиёда аз 45 ҳазор тоҷикони этникӣ ба таври муқимӣ зиндагӣ мекунанд.

Бо ёдоварӣ аз бунёди 4 корхонаи муштараки тоҷикон дар Қазоқистон изҳори сарбаландӣ карда шуд, ки имрӯз тоҷикон дар Қазоқистон натанҳо кор меҷӯянд, балки худашон низ ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозанд.

Пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис додани Иттиҳоди тоҷикистониёни муқими Қазоқистон мавриди ҳамовозӣ ва пуштибонии кулли ҳозирин қарор гирифт.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба фаъолияти мактабҳои тоҷикии Қазоқистон дар маҳалҳои тоҷикнишин, таъминоти онҳо бо маводи таълимӣ ва омӯзгорон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Зикр гардид, ки ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон қариб 150 нафар шаҳрвандони тоҷикзабони ин кишвар таҳсил мекунанд ва баръакс, дар муддати 5 соли охир 217 нафар шаҳрванди мо ба мактабҳои олии Қазоқистон, аз ҷумла 210 нафарашон аз ҳисоби квотаҳои Вазорати маориф ва илми ин мамлакат барои таҳсил фиристода шудаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ 3 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони тоҷикӣ бо фарогирии 3225 нафар талаба ва боз 9 мактаби таҳсилоти ҳамагонии омехтаи тоҷикию қазоқӣ амал мекунанд.

Соли гузашта барои таҳсили фарзандони тоҷикони муқими Қазоқистон дар мактабҳои олии Тоҷикистон аз рӯи дархости марказҳои фарҳангӣ 46 ҷой ҷудо карда шуд ва имсол низ барои онҳо 50 ҷой ҷудо гардид, ки тавассути ин квотаҳо асосан омӯзгорон ва духтурони соҳибихтисос тайёр карда мешаванд.

Тоҷикону ҳамватанони муқими Қазоқистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии миллати худ изҳор намуданд, ки ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли забони тоҷикиро чун санаҳои фархунда бо тантанаҳои дилошӯб истиқбол мегиранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520