Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз маркази бошукӯҳи савдо ва маркази модару кӯдак дар шаҳри Остона

13.05.2008 14:00, Қазоқистон

Пеш аз анҷоми барномаи сафари расмии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як маркази бошукӯҳи савдо ва маркази модару кӯдак дар шаҳри Остона, ки ба тозагӣ бунёд ёфтаанд, дидан кард. Дар ин боздид Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро сарфи назар аз муқаррароти протоколи давлатӣ бо нишони эҳтирому самимияти бародарӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳамроҳӣ намуд.

Натиҷаҳои пурарзиши ин сафарро бори дигар таъкид намуда, бо хушнудӣ бояд ёдовар шуд, ки дастоварди аз ҳама муҳимми он бори дигар аён гаштани иродаи устувор ва ҳамфикрии сиёсии роҳбарияти олии ду кишвар оид ба кулли масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ аст. Ҳамчунин собит гашт, ки Тоҷикистону Қазоқистон шарикони боэътимоди иқтисодии ҳамдигар дар татбиқи барномаю нақшаҳои дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарору пурмаҳсули расмии худ ба Ҷумҳурии Қазоқистон нимаи дуюми рӯзи 13 май аз Остона ба Душанбе омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520