Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ

29.04.2008 16:00, ноҳияи Рӯдакӣ

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз бошишгоҳҳои саҳроии ноҳияи Рӯдакӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ анҷом дод.

Қобили таъкид аст, ки боназардошти болоравии нархи маводи сӯхт ва озуқаворӣ дар бозори ҷаҳонӣ имрӯз рушди соҳаи кишоварзии мамлакат, афзоиш додани истеҳсоли маводи ғизоӣ ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ беш аз пештара мавриди таваҷҷӯҳ ва назорати бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Ин аст, ки субҳи имрӯз то расидан ба мавзеи машварати корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва обчакории муштараки деҳқонони ноҳияи Рӯдакӣ дидан кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ҳавлии сокини деҳаи Деҳқонобод Уктам Аҳтамов, ки тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигии ӯ барои дигарон басо ибратбахш аст, ташриф овард.

Чунонки маълум шуд, ин деҳқони асил қитъаи замини худро пурсамар истифода бурда, натанҳо эҳтиёҷоти аҳли оилаи худро пурра қонеъ мегардонад, балки маҳсулоти зиёд ба бозор бароварда, фоидаи хуб ҳам ба даст меорад.

Ҳамин гуна истифодабарии пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамчунин дар ҳавлиҳои деҳқонони ботаҷриба Абдумутал ва Фозилҷон Қурбоновҳо, Ҳабибулло Ҷӯраев ва Аскаралӣ Юсупов ба назар расид.

Дар заминҳои наздиҳавлигӣ деҳқонон 13-14 намуди сабзавот ба мисли картошка, пиёз, сирпиёз, сабзӣ, караму гулкарам, помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва ҳамчунин гулу гулбуттаю ниҳолҳои ҳамешасабзи ороишӣ парвариш карда, дар 4 фасли сол ба бозор маҳсулоти тару тоза пешкаш мекунанд.

Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки байни ҳавлиҳои онҳо девор нест. Ба андешаи ҳамсоядеҳқонон девор ҳам ҷойи зиёдро банд намуда, заминро соя мекунад ва ҳам садди роҳи боду ҳавои тоза мешавад, ки ҳама бар зиёни сабзавоткорӣ аст. Хуштар аз ҳама ин аст, ки ин ҳолат ҳамчунин боиси ҳусни ҳамсоягӣ ва машварату маслиҳати байниҳамдигарии онҳо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба деҳаи Чапаеви ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, аз қитъаҳои замини наздиҳавлигии бародарон Эминҷон ва Мурод Ҳошимовҳо дидан кард.

Зимни боздид аз ин заминҳо маълум шуд, ки деҳқонони соҳибтаҷриба аз гармхонаҳо, кишти зери пленкагии сабзавоти барвақтӣ, нуриҳои органикию минералӣ, тухмиҳои хушсифат ва дигар имконоти мавҷуда босамар истифода бурда, бо меҳнати ҳалоли худ аз як замини обӣ то 3 ҳосили сабзавот ва 4-5 ҳосили кабудӣ мерӯёнанд.

Ҳосилнокии замин ва маҳсули меҳнаташон низ хеле баланд аст. Чунонки Ҳабибулло Ҷӯраев – сокини деҳаи Деҳқонобод баён дошт, аз 2 садяки гектари замини бодиринг ҳар се рӯз 200-250 килограмм ҳосил ҷамъоварӣ мекунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони воситаҳои ахбори умум, пеш аз ҳама радиову телевизион тавсия дод, ки кори пурмаҳсул ва таҷрибаи ибратомӯзи чунин деҳқонони асилро ба мардум васеъ нишон диҳанд. «Бояд маданияти баланди истифодабарии замин, ки манбаи неъматҳои моддии зиндагӣ аст, дар воситаҳои ахбори умум тарғиб карда шавад, то ки мардум ҳарчи бештар рӯ ба меҳнати созанда дошта бошад» - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Гулистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ дидан кард. Дар ин ҷо деҳқонони соҳибтаҷрибаи гулпарвар, сабзавоткорон, ниҳолпарварон, парандапарварон ва чорводорони ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар парвариши зотҳои сермаҳсули чорвои хурду калон, ба роҳ мондани бордоркунии сунъӣ, афзоиш додани саршумори чорво ва мусоидат ба хушзоткунии чорвои аҳолӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд, молу маҳсулоти худро ба маъраз бароварда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хотиррасон намуд, ки забҳ ё худ куштани чорвои наслдеҳро қатъиян манъ намуда, саршумори чорворо зиёд бояд кард ва бордоркунии сунъию хушзотсозии чорвои аҳолӣ низ бояд васеъ ба роҳ монда шавад.

Дар хоҷагии ба номи Н. Раҳимови ноҳияи Рӯдакӣ усули мошинии шинондани парвардаҳои помидор нишон дода шуд, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон васеъ истифода мешавад. Дар ин ҷо ин усул ба таври таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ҳамчунин кори тухмипошаки ҳозиразамони ширкати «Dander» нишон дода шуд, ки метавонад, тухмии пахтаро ҳангоми кишт хеле сарфа кунад. Чунонки мутахассисону масъулини соҳа иброз доштанд, бо тухмипошакҳои пешина дар як гектар замини пахта то 100-120 килограмм пунбадона сарф мешуд. Бо ин тухмипошак бошад дар як гектар ҳамагӣ 25 килограмм пунбадона кишт карда мешавад. Ин ҳам ҳоло тариқи санҷишӣ амалӣ мегардад. Мувофиқи имконоти ин тухмипошак дар як гектар бояд ҳамагӣ 13-14 килограм тухмии пахта сарф шаваду бас.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри доир намудани машварати корӣ ба бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии ба номи Н. Раҳимови ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.

Дар ин ҷо баҳри иштирок дар машварати корӣ як қатор аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони мақомоти давлатӣ ва назди Ҳукумати ҷумҳурию Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва хоҷагии об, ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия, танзими анъана ва ҷашну маросим, роҳбарияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвесститсионӣ дар бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва алоқаманд ба он, роҳбарияти бонкҳои ҷумҳурӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи мамлакат, ҷамоату деҳшӯроҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, умуман фаъолони ин минтақаҳо ва дигар шахсони масъул ҷамъ омада буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ва раисону фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро оид ба пурсамар истифода бурдани тамоми заминҳои корам, ду-се ҳосил рӯёндан аз заминҳои обӣ, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқавории кишвар шунида, ба онҳо баҳри баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои ғаллакорӣ, парвариши сабзавот, аз ҷумла картошка, ниҳолпарварӣ, боғутокпарварӣ, чорводорию зотпарварӣ, парандапарварӣ ва баъди дарави ғаллаи обӣ васеъ ба роҳ мондани кишти такрории сабзавот ва дигар зироатҳои полезию лӯбиёгӣ, хӯроки чорво ва ҳамчунин баҳри иҷрои бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520