Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода додани бинои дуюми хона-интернати кӯдакони «Чорбоғ»

17.04.2008 13:00, ноҳияи Варзоб

Ҳозирини мӯҳтарам!
Падарону модарон ва меҳмонони азиз!

Якуним сол қабл аз ин ҳангоми ба истифода додани нахустин бинои хона - интернати «Чорбоғ», яъне ин даргоҳи хайру савоб ва меҳру шафқат изҳор дошта будам, ки мақсади мо аз бунёди ин муассиса пеш аз ҳама ташкил кардани боз як маркази ҳозиразамони таълиму тарбия барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд мебошад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бинои дуюми хона-интернати мазкурро, ки натиҷаи тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем ва умед дорем, ки ин хонаи умед ба зиндагии минбаъдаи бошандагон ва тарбиятгирандагонаш нуру зиё ва таровати тоза мебахшад. Воқеан, ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, бахусус фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва тарбияи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи давлат ва Ҳукумат қарор дорад ва мо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро меандешем, ки онҳо дар муҳити мусоид ва шароити шоиста зиндагӣ дошта бошанд.

Мо мехоҳем, ки натиҷаҳои фаъолияти зеҳниву ақлонии ин табақа низ ба хотири ободии Ватан ва сарзамини аҷдодӣ истифода гарданд, зеро онҳо низ дар баробари дигар сокинони мамлакат фарзандони ҳамин диёр ва ҳамин Ватан, яъне Тоҷикистон мебошанд.

Ман борҳо изҳор доштаам ва бори дигар таъкид менамоям, ки пиронсолону барҷомондагон ва маъюбону мӯҳтоҷонро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва намегузорам, ки онҳо дар ҳаёт худро бепарастор, бепушту паноҳ ва беҳифзу ҳимоя эҳсос намоянд.

Маросими имрӯза низ баёнгари он аст, ки мо зина ба зина ба татбиқи сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли худ ноил мешавем.

Чунки маҳз ҷанбаи иҷтимоӣ доштани ислоҳоти иқтисодӣ, яъне ба иҷтимоиёт нигаронида шудани сиёсати давлат ва дигаргунсозиҳои сохтории системаи идоракунии он ба мо имкон медиҳанд, ки низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба марҳалаи сифатан нав бардорем.

Тавре ки зикр кардам, ҳоло дар кишвари мо ислоҳоти низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома дошта, он бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодӣ ва дар доираи якчанд барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷкистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дигар асноду барномаҳои соҳавӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ амалӣ шуда истодааст.

Тадбирҳои андешидашуда дар ин самт имкон медиҳанд, ки барномаҳои давлативу соҳавӣ тадриҷан татбиқ гардида, сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба дараҷаи зарурӣ таъмин гардад.

Дар айни замон қариб сеюним ҳазор шаҳрвандони кишвар дар муассисаҳои доимамалкунанда ва мактаб-интернатҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф таълиму тарбия мегиранд ва зиндагӣ мекунанд, ки қариб 2300 нафари онҳоро кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ташкил менамоянд. Бояд зикр кард, ки ҳамасола барои беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумат маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Танҳо дар се соли охир ба ҳар як бошандаи муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии вазорат мутаносибан ба андозаи 3 ҳазору 700 сомонӣ, 4 ҳазору 400 сомонӣ ва 5 ҳазору 800 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, яъне ин рақамҳо ба ҳисоби миёна ҳар сол 26 фоиз афзудаанд.

Гузашта аз ин, соли 2007-ум ба муассисаҳои мазкур аз ҳисоби буҷет 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2006-ум ба ҳар як бошанда 34 фоиз зиёд аст.

Умуман ин нишондиҳанда солҳои охир хеле афзоиш ёфт ва мо минбаъд низ барои беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо кӯшишу талош менамоем.
Дар баробари ин, солҳои охир бунёд, таҷдид ва таъмири муассисаҳои статсионарии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ оғоз гардида, дар ин самт корҳо босуръат идома доранд.

Танҳо дар соли гузашта аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои сохтмону азнавбарқароркунии хона–интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Ваҳдат, пансионати собиқадорони ҷангу меҳнати “Харангон”, маркази байниминтақавии барқарорсозии ноҳияи Балҷувон ва хона-интернати кӯдакони «Чорбоғ» ва дигар муассисаҳои доимамалкунандаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 3,2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки он пурра азхуд карда шудааст.

Бинои дуюми хона-интернате, ки мо ҳоло онро мавриди истифода қарор медиҳем, дар муддати як сол пурра таъмиру таҷдид гардида, бо таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин карда шуд.

Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз 100 нафар кӯдакони маъюб дар ин даргоҳи умед бо тарбияву нигоҳубин фаро гирифта шаванд.

Мо тасмим дорем, ки биноҳои сеюму чоруми ин муассисаро якҷоя бо иншооти гармидиҳӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо ҷалби 8,5 миллион сомонӣ ба охир расонида, онро ба Маркази умумиҷумҳуриявии кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд табдил диҳем.

Дар идомаи раванди таъмиру таҷдиди иншооту биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ ва умуман кори хайри созандагиву бунёдкории Ватанамон ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки аввалин Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдаконро дар ноҳияи Ваҳдат пурра таъмиру таҷҳизонида, соли ҷорӣ дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор диҳад.

Бояд зикр кард, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои истиқлолият дар ҳамаи самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бахусус рушди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Масалан, дар давоми соли сипаригашта дар доираи татбиқи Барномаи Иттиҳоди Аврупо аввалин маркази рӯзонаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Ҳисор ба фаъолият оғоз намуд.

Мутобиқи барномаи созмони зикршуда дар давоми солҳои 2008-2009 таъмиру таҷдиди сохтмони ҳашт маркази минтақавӣ дар вилояти Хатлон, як муассисаи доимамалкунанда дар ноҳияи Бохтар, инчунин рушди минбаъдаи хона-интернати «Чорбо?» дар назар дошта шуда, барои татбиқи онҳо зиёда аз 18 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Масалан, муассисаи давлатии ноҳияи Бохтар бо сарфи 5,3 миллион сомонӣ аз рӯи ҳамаи стандарту меъёрҳои иҷтимоӣ ва меъморӣ, бо инфраструктураи зарурӣ соли оянда сохта ба истифода дода мешавад.

Илова бар ин, соли гузашта аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба зиёда аз 360 ҳазор оилаҳои камбизоат 26 миллион сомонӣ, инчунин барои 252 ҳазор кӯдакони мактабхони онҳо 10,3 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шуд.

Дар бораи масъалаҳои стратегии соҳа сухан гуфта, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ҳадафи асосии сиёсати иҷтимоии давлат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар мебошад.

Вале пӯшида нест, ки як гурӯҳи аҳолӣ бо сабабҳои гуногун дар ҳолати мушкили ҳаётӣ, яъне маъюбӣ қарор дошта, ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд.

Аз ин рӯ, ҳар як роҳбар, ҳар як шахси масъули давлатӣ, инчунин ҳар як раиси шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо бояд теъдоди эҳтиёҷмандони ҳудуди худро хуб донад, аз тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ба онҳо кӯмак расонад.

Танҳо дар чунин сурат мо метавонем гӯем, ки муқаррароти конститутсионӣ доир ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар асоси шумораи зиёди арзу шикоятҳои нафақахӯрону маъюбон, ки ба номи Президенти мамлакат ворид мегарданд, метавон гуфт, ки сифат ва самараи кори баъзе роҳбарон ҷавобгӯи талабот нест. Хусусан дар сатҳи маҳалҳо ин кор беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндаи Президент дар маҳалҳо ҳастанд, супоришҳо ва дастурҳое, ки ман ҳангоми вохӯриҳо барои дастгирии собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ медиҳам, вазифа ва ӯҳдадориҳои онҳо ба ҳисоб гирифта, иҷрои ин супоришҳо масъулияти хосаро талаб мекунад.

Бинобар ин, роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки фаъолияти худро бештар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум равона карда, онро ба яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи намояндагони Сарвари давлат дар маҳалҳо табдил диҳанд.

Имрӯз дар ҷомеаи мо ақидае мавҷуд аст, ки гӯё ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи танҳо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки ба зиммаи ин вазорат татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқи соҳавӣ вогузор гардида, ҷиҳати татбиқи онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Аз ин рӯ, ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоии аҳолӣ на танҳо вазифаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, балки тамоми вазорату идораҳои давлатӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

То имрӯз таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таъминоти иҷтимоӣ асосан дар ду шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, яъне суғуртаи иҷтимоии ҳатмӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ сурат гирифта, онҳо дар маҷмӯъ низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ташкил медиҳанд.

Аз солҳои аввали истиқлолият то имрӯз маҷмӯи зарурии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия ва қабул гардида, онҳо зина ба зина дар ҳаёти ҷомеа татбиқ шуда истодаанд.

Вале бо дарназардошти талаботи давру замон ва таҳаввулоту тағйироти ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ асосҳои ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи иҷтимоӣ ба такмилу таҷдид ниёз доранд. Аз ин ҷост, ки дар нақшаи чорабиниҳои ҳамаи барномаҳои давлатӣ таҳияи лоиҳаи даҳҳо қарору қонунҳои дахлдор дар назар дошта шудааст ва бе қабули онҳо амалӣ гардонидани ҳадафҳои ислоҳоти соҳа ва рушди минбаъдаи он хеле мушкил хоҳад буд.

Пеш аз ҳама зарурати такмили қонунгузорӣ дар бобати тақсими оқилонаи маблағҳои пешбинишудаи буҷет ва сарчашмаҳои дигари молиявӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Дар ин самт ҳалли масъалаҳои вобаста ба музди меҳнат ва нафақа, ки дар айни ҳол ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи иҷтимоӣ табдил ёфтааст, дар навбати аввал қарор мегирад.

Масалан, дар давоми панҷ соли охир музди меҳнат ва нафақа 4,1 ва 3,5 баробар афзудааст, вале ин вазъ ҳанӯз ҳам боиси қаноатмандии мо шуда наметавонад.

Зеро ин нишондиҳандаҳо вобаста ба баланд гардидани нарху навои маводи озуқаворӣ ва тарифҳои хизматрасонӣ ҳанӯз нокифоя мебошанд.

Гузашта аз ин, яке аз омилҳои муҳими номуназзамӣ дар байни андозаи музди меҳнат, нарху наво ва арзиши маводи истеъмолӣ мавҷуд набудани меъёри қонунан эътирофшудаи ҳадди ақали зиндагӣ ва маҷмӯи сабади истеъмолӣ, инчунин пурра таъмин нагардидани кафолатҳои иҷтимоии аҳолии қобили меҳнат мебошад.

Бо дарназардошти усулҳои иқтисоди бозорӣ ва шароити иқтисодиву молиявии кишвар, чи тавре ки дар ҷаласаи васеи солонаи Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода будам, имрӯз ба қабули Қонун «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ ва сабади истеъмолӣ» зарурат ба миён омадааст.

Аз ин рӯ, ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дигари мутасаддӣ ҷиҳати татбиқи ин сиёсати давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

Имрӯз маънии нафақа бояд тадриҷан аз категорияи иҷтимоӣ берун баромада, ба мафҳуми молиявӣ табдил ёбад. Ин чунин маъно дорад, ки ҳаҷми нафақа аз сармояи суғуртавии нафақаи шахс бояд вобастагии зич дошта бошад.

Аз ин рӯ, бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани заминаи қонунгузории таъминоти нафақа ҳоло лоиҳаи ду қонун - «Дар бораи таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи кӯмакпулиҳои иҷтимоии давлатӣ» таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод гардидааст, ки баъди қабули онҳо марҳала ба марҳала вазъи таъминоти пиронсолон беҳтар хоҳад гашт.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити кунунии ҷомеаи кишвар ба роҳ мондани шаклу усулҳои дигари ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди хизматрасониҳои машваратӣ, равоншиносӣ, мутобиқсозӣ, раҳнамоии касбӣ, мусоидат ба шуғл, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ хеле муҳим аст.
Ҳангоми татбиқи чунин шаклҳои хизматрасонӣ бояд як қисми шахсон аз доираи ҳифзи иҷтимоии давлатӣ берун шуда, ба фазои худтаъминкунии иҷтимоӣ ворид гарданд.

Барои расидан ба ин ҳадаф пеш аз ҳама масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ бояд ҳаллу фасл карда шавад.

Вале то ҳоло дар Тоҷикистон тайёр намудани кадрҳои ихтисосманд барои соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ умуман ба роҳ монда нашудааст. Боиси нигаронист, ки беш аз 4 ҳазор нафар кормандони ин соҳа тахассуси зарурӣ надоранд. Соли гузашта бо мақсади таъмин кардани ислоҳоти соҳа бо кадрҳо аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷоя бо Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва бо ҳамкории Донишгоҳи Стокголми Шветсия ихтисоси “корманди иҷтимоӣ” таъсис дода шуд.

Дар ин робита, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, инчунин Вазорати маориф зарур аст, ки заминаи таълимии ихтисоси мазкурро дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мустаҳкам намоянд ва дар ояндаи наздик дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ тарбияи кадрҳои барои ин соҳа заруриро таъсис диҳанд.

Мехоҳам дар ин ҷо як нуктаро хотирнишон созам, ки ҳоло дар 13 мактаб-интернатҳо барои кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ имконияташон маҳдуд бештар аз 100 нафар мутахассисони соҳаҳои омӯзгории махсус намерасанд.

Мутаассифона, тайёр кардани ин ихтисосҳо дар ҷумҳурӣ сол ба сол кам шуда истодааст. Аз ин рӯ, ба Вазоратҳои маориф ва рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки барои таълими кӯдакони маъюби мамлакат омода кардани мутахассисонро ба нақша гиранд.

Худтаъминкунии иҷтимоӣ, бешубҳа, бо меҳнати арзанда иртиботи қавӣ дорад. Соҳиби кори арзанда набудани як қисми захираҳои меҳнатии кишвар теъдоди шахсони ниёзмандро зиёд намуда, ҳифзи иҷтимоии онҳо ба дӯши давлат бори гароне мегардад.

Ҳарчанд вазъи бозори меҳнат дар солҳои охир тадриҷан ба эътидол омадааст, вале мутаассифона рушди сатҳи шуғлнокии аҳолӣ аз рушди захираҳои меҳнатӣ қариб 3 маротиба паст аст. Соли гузашта сатҳи бекории расмӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2006 ба андозаи 13 фоиз афзудаст, ки ин шаҳодати нисбатан баланд гаштани шиддатнокӣ дар бозори меҳнат мебошад.

Яке аз сабабҳои асосии афзудани сатҳи бекорӣ сифати пасти захираҳои меҳнатӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 80 фоизи шахсони бекори расман ба қайд гирифташуда ягон касбу ҳунар надоранд.

Илова бар ин, тибқи омори соҳаи маориф ҳамасола тақрибан беш аз 80 ҳазор хатмкардагони мактабҳои асосӣ ва миёнаи умумӣ бо мактабҳои касбӣ фаро гирифта намешаванд, яъне ин қисми захираҳои меҳнатӣ ба бозори меҳнат бе касбу ҳунар ворид мегарданд.

Бо ин мақсад ба Вазорати маориф дастур дода будам, ки дар заминаи омӯзишгоҳ ва литсейҳои касбиву техникӣ курсҳои кӯтоҳмуддати коргарии як моҳа, думоҳа, семоҳа ва шашмоҳа ташкил намоянд. То имрӯз ин супориш қисман иҷро гардидааст, вале ҳоло ҳам ҷалби ҷавонон, бахусус духтарон ба ин курсҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Аз ин рӯ, Вазорати маорифро зарур аст, ки якҷоя бо кумиатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба ин курсҳо ҷавононро бештар ҷалб намоянд ва корҳои таблиғотиро дар ин самт вусъат бахшанд.

Тавре ки таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, қариб 30 фоизи муҳоҷирони меҳнатӣ бе ихтисос ба муҳоҷират мераванд ва зиёда аз 60 фоизи тахассуси муҳоҷирон бо ҷойи кори дарёфткардаашон мутобиқат надорад.

Яъне 90 фоизи ин қисми қувваи кории кишвар, ки дар хориҷа шуғл ёфтаанду тавассути он оилаҳои худро таъмин менамоянд, ба рушди минбаъдаи касбии худ эҳтиёҷ доранд.

Дар ин ҳолат ҷавононро зарур аст, ки барои тағйири касб ба курсҳои навтаъсиси омӯзишгоҳу литсейҳои касбӣ муроҷиат намоянд ва баъд аз таълим соҳиби сертификат ва шаҳодатномаи касбҳои нави ба бозори меҳнат алоқаманд гарданд.

Дар робита бо ин, масъалаи ташаккули низоми комили таълими касбии калонсолон, ки дар маҷмӯъ ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро бо унсурҳои омӯзиши забон ва меъёрҳои муҳоҷират дарбар мегирад, ба миён меояд.

Низоми зикршуда метавонад сифати захираҳои меҳнатиро дар сатҳи ихтисосҳои коргарӣ ба сохтмонҳо ва иншооти муҳими кишвар мутобиқ сохта, шиддатнокии бозори меҳнати дохилиро паст ва сатҳи зиндагии мардумро баланд намояд.

Бо дарназардошти ин, моҳи марти соли равон қарори Ҳукумати Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази миллии таълими калонсолон ва филиалҳои минтақавии он қабул гардид.

Аз ин рӯ, ба Вазорати молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷалби маблағҳои дохиливу беруна масъалаи таҳкими заминаи таълимии ин марказҳоро ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намоянд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Беҳтарин шарафи инсон ҳикмат ва фазилату наҷобати он хайру сахо ва эҳсону садақа мебошад.

Худои таъоло дар ояти 60-уми сураи Тавбаи Қуръони азимушшаън мефармояд, ки: «Садақаҳо барои фақирону мискинон ва омилони садақот ва онҳое, ки аз гирифтани он дилҳояшон хушнуд мегардад ва садоқате, ки ба озодии ғуломон ва барои харҷи қарздорон ва мусофирон, инчунин дар роҳи худо бахшида мешавад, фаризаи худо мебошад». Аз ин ҷост, ки ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳояш мефармояд: «Мӯъмин дар дунё ростгӯву бедордил ва хазинаи илм аст, ақли комилу қалби солим ва меҳрубонии собит дорад, дасткушоду бахшанда ва дари хонааш барои эҳсон боз аст, кӯдаконро навозиш ва бузургонро эҳтиром мекунад, одаташ ростӣ ва шукр мояи баракати ӯст ва дунё барои ӯ маркази касбу ҳунар аст».

Дар ҳақиқат, худо накӯкорон ва шахсонеро, ки аъмоли шоиста анҷом медиҳанд, дӯст медорад ва ҳар фарде дорои дасти сахову эҳсон бошад, умраш зиёда мегардад ва ҳар шахсе дили нозуки кӯдакони ятимро шоду масрур гардонад, кораш пешрав ва баракати хонаводааш афзун мешавад. Шайх Аттори Нишопурӣ дар ин маврид чунин гуфтааст:

Ҳақ таъоло бар дари ҷаннат навишт:
Ҷои мардони сахӣ бошад биҳишт.

Ман дар ин ҷо махсус ба ҳамаи онҳое, ки бо меҳру муҳаббати модарона ва дарёдиливу эҳсони падарона ба нигоҳубину парасторӣ ва таълиму тарбияи ин кӯдакон машғуланд, инчунин ба тамоми роҳбарони идораву муассисаҳо ва шахсони ҳимматбаланду саховатманд, ки дасти ёриашонро аз онҳо дареғ намедоранд, самимона изҳори сипос менамоям.

Ҳамчунин бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Агентии Ҷумҳурии Туркия оид ба рушди байналмилалӣ барои кӯмаке, ки дар амри хайри таҷдид ва таҷҳизонидани хона-интернати «Чорбоғ» расонидааст, инчунин ба хотири ҳамкориҳои ин созмон дар самтҳои дигар аз номи Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипас намоям.

Шубҳае нест, ки хона-интернати «Чорбоғ» ба хонаи меҳру шафқат ва паноҳгоҳи боэътимоди ҳар як бошандаи он табдил меёбад.
Мо минбаъд низ ҳамаи чораҳоро меандешем, ки ҳар як кӯдаки маъюб ва ниёзманд худро дар ҳимояи давлату Ҳукумат ва дар оғӯши гарми Ватан-Модар эҳсос намояд ва ба камол расад.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо ин рӯйдоди фараҳбахш, яъне мавриди истифода қарор гирифтани ин хона-интернат табрик намуда, бароятон умри дароз, тандурустӣ ва рӯзгори обод хоҳонам.

Дар ин кори хайр ва мақбули худои кариму раҳим ба ҳамаатон бурдборӣ ва муваффақият орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520