Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими муаррифӣ/чошти корӣ «Ҳадафҳои Ҳазорсола: дастовардҳои Тоҷикистон»

21.09.2010 01:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Мўҳтарам ҷаноби Муовини Дабири Кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон

Қабл аз ҳама мехостам ба ҳамаи Шумо барои ширкат дар ин рўйдод ташаккур гўям ва ба Барномаи рушди Созмони Милал, ниҳодҳои дигари Созмон барои мусоидат ва кўмакашон ҷиҳати баргузории ин муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар роҳи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ибрози сипос намоям.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рўзҳо бо эҳсоси масъулияти комил ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола амал мекард ва саъю талоши худро дар ин самт такмил медод. Имрўз ман бо Шумо ба таври мўҷаз дар бораи он сўхбат карданӣ ҳастам, ки дар муддати панҷ сол мо ба чӣ натиҷа расидем, бо кадом мушкилот рў ба рў шудем ва дар оянда нисбати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола чӣ кор карданӣ ҳастем.

Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои озмоишӣ (пилотӣ) дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои Рушди дар Эъломияи Ҳазорсола сабтшуда аст.

Мо аз аввалинҳо шуда бо кўмаки Созмони Милал арзёбии фарогири эҳтиёҷоти кишварро гузаронидем. Аз рўи он Тоҷикистон дар тўли даҳ соли оянда ҷиҳати таъмини пешрафти зарурӣ дар амалӣ намудани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба 13 милиард доллари амрикоӣ ниёз дорад.

Дар асоси ин эҳтиёҷот Стратегияи миллии рушд барои солҳо 2006-2015 ва Стратегияҳои поин бурдани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2006-2008 ва 2010-2012 таҳия шуданд. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки бевоситаи Созмони Милал омода гардид ва декабри соли 2005 дар қароргоҳи Созмони Милал муаррифӣ шуд, муносибати усулан наверо нисбат ба таъмини рушд таҷассум кардааст. Он таҷрибаи ҷаҳонии таҳия ва татбиқи чунин санадҳои стратегӣ, дарсу натиҷаҳои марҳалаҳои гузаштаи тараққии кишвар, инчунин воқеияти вуҷуддоштаву дурнамои инкишофро ба назар гирифтааст. Ин санадҳо, қабл аз ҳама, ба таъмини рушди босуботи иқтисод ва боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудаанд.

Татбиқи Стратегияи миллии рушд дар бораи беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад. Масалан, сарфи назар аз бўҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳон тамоюли афзоиши Маҷмўи Маҳсулоти Дохилӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар нимаи аввали соли 2010 ин афзоиш 7,4 фоизро ташкил додааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12 фоиз ва маҳсулоти кишоварзӣ 9,2 фоиз зиёд шудааст. Тамоюлҳои мусбии ҳаҷми савдои чакана (12 фоиз) ва хидматҳои пулакӣ (15,1 фоиз) вуҷуд дошта, дар бозори истеъмолӣ сатҳи таваррум 2,8 фоизро ташкил додааст.

Дар соҳаи маориф ҳукумат Стратегияву барномаҳои амалеро қабул кардааст, ки ба ислоҳоти низоми маориф ва баланд бардоштани сифати он нигаронида шудаанд. Дар марҳалаи ҷории татбиқи Стратегияи миллии рушд дар роҳи баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ, таъмин бо китобҳои дарсиву васоити таълим, компютерҳо ва дигар василаҳои муосир пешрафти назаррасе ба амал омадааст. Бо маблағ таъминкунии ин соҳа дар солҳои охир хеле афзудааст. Агар дар соли 2000 аз буҷаи давлатӣ барои соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ (ё 23 миллион доллари амрикоӣ) ҷудо шуда бошад, дар соли 2009 ин маблағ аз ҳама манбаъҳои бо пул таъминкунӣ ва буҷаи тасдиқшуда ба 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ (яъне 258 миллион доллари амрикоӣ) расидааст, ё ки дар муддати нўҳ сол буҷаи соҳа 26 баробар афзудааст. Дар панҷ соли охир бошад, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо сохтмону таҷдиди 662 мактаб анҷом ёфта, 136 ҳазор ҷои нишасти талаба таъмин карда шудааст.

Теъдоди техникаи компютерӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар ба 27 ҳазор адад расидааст, ки 80 фоизи нишондиҳандаҳои барномаҳои компютерикунонии мактабҳоро дарбар мегирад.

Дар соҳаи тандурустӣ самтҳои асосии сиёсати давлатро беҳтар намудани муҳофизати модарону кўдакон, роҳ надодан ба интишори бемории ВИЧ/СПИД, кам намудани бемориҳои сироятӣ, боло бурдани сатҳи хадамоти тиббӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии он ташкил медиҳад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сатҳи вафоти кўдакон аз соли 2007 то 2009 бештар аз ду маротиба кам шудааст. ҷиҳати паҳн нашудани бемории ВИЧ/СПИД дар солҳои 2008-2009 аз ҳамаи манбаъҳо 52,3 миллион сомонӣ (ё 13,7 миллион доллар) сарф шуда, бо маблағ таъмин намудани соҳа 5,7 маротиба афзудааст. Дар худи ҳамин муддат 134 муассисаи нави тиббӣ бунёд шуда, 2041 ҷои нави корӣ ба миён омадааст.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи муҳимтарини давлат аст. Бекорӣ дар сатҳи 2,2 фоиз нигоҳ дошта шуда, 582 ҳазор ҷои нави корӣ ба вуҷуд оварда шуд. Музди ақалли меҳнат ва нафақа мутаносибан 3 ва 4 маротиба зиёд карда шуданд.

Масъалаҳои танзими бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ чун қисматҳои таркибии барномаи зиддибўҳронии ҳукумат тадриҷан ҳаллу фасли худро дарёфт менамоянд. Вале, сарфи назар аз натиҷаҳои бадастомада, масъалаҳои шуғли аҳолӣ мисли пештара чун проблемаҳои ҳаллашон мушкил боқӣ мондаанд.
Барои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҷиҳати таъмини мардум бо оби нўшокӣ, Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби мусаффои ошомиданӣ барои солҳои 2008-2009» - ро қабул кардааст. Дар натиҷа тўли панҷ соли охир вазъи обтаъминкунии 1,2 миллион нафар беҳтар шуда, зиёда аз 600 ҳазор нафари дигар ба оби нўшокии соф дастрасӣ пайдо карданд. Дар маҷмўъ барои ҳалли масоили марбут бо об дар панҷ соли охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 барномаю стратегия ва нақшаи амал қабул кардааст, ки дар чаҳорчўбаи онҳо даҳҳо пружаҳо бо маблағи 500 миллион доллар амалӣ мешаванд.

Дар соҳаи баробарии гендерӣ низ барномаҳои давлатӣ ва актҳои қонунгузорӣ қабул шудаанд. Дар натиҷаи ин кўшишҳо барои боло бурдани нақши зан дар ҷомеа, баробари дастрасии зану мард ба соҳаҳои соҳибкорӣ, хизмати давлатӣ ва ғ. шароити мусоид фароҳам омадааст.

Дар Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 тавсеаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, рушди соҳаи соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва тақвияти нақши нерўи инсонӣ ба ҳайси самтҳои афзалиятноки рушд муайян шудаанд. Барои татбиқи ин санад бояд қариб 11 миллиард доллар равона карда шавад.

Дар натиҷаи ин иқдомоти босамар сатҳи камбизоатӣ аз 72,4 фоизи соли 2003 то 46,7 фоизи соли 2009 поин бурда шуд. Интизор меравад, ки сатҳи ин нишондиҳанда соли 2012 ба 41,4 фоиз расонида мешавад. Дар натиҷа 1 миллион одамон аз сатҳи камбизоатӣ берун бурда мешаванд.
Бо дарназардошти ин натиҷаҳои мусбӣ ҳукумат ният дорад, ки Стратегияи ҷадид барои солҳои 2013-2015-ро таҳия намояд, ки тибқи он сатҳи камбизоатӣ то соли 2015 ба 32 фоиз фароварда шавад.

Сарфи назар аз пешрафтҳо дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва қабл аз ҳама поин бурдани сатҳи камбизоатӣ, талошҳои мо бо мушкилоту таҳдидҳои нав ба нав рў ба рў шуданд. Дар навбати аввал ин мушкилот бо бўҳронҳои молиявӣ, ғизоӣ ва энергетикии ҷаҳонӣ, тағйирёбии глобалии иқлим аз як ҷониб ва аз тарафи дигар бо офатҳои табии шадиди ҳарсола дар кишвар, инчунин монеаҳои сунъии дар роҳҳои транзитии мо эҷодшаванда вобастаанд. Ва чун дар дигар кишварҳои рў ба инкишофи иқтисоди интиқолӣ дошта, оқибатҳои ногувори мушкилоти нав ба вазъи иҷтимоии аҳолии кишвари ман низ таъсири манфӣ расониданд. Аз ин рў ниёзҳои мо дар татбиқи Стратегияи миллии рушд бояд таҷдиди назар шаванд.

Ба мушкилоти дигар дар ин самт инҳо дохиланд:
- Мушкилоти энергетикӣ.
Тоҷикистон ҳар сол 6 моҳ алалхусус дар фасли тирамоҳу зимистон, бо камбуди шадиди барқ, рў ба рў аст. Аз сабаби набудани захираҳои нафту газ кишвар ниёзҳои худро қариб 100 фоиз аз ҳисоби воридоти ин мавод аз кишварҳои дигар қонеъ менамояд. Аммо тадриҷан боло рафтани нархи ин мавод ва мушкилоти дигари марбут ба интиқоли он дар ҳалли масоили иҷтимоӣ мушкилоти дигар эҷод менамоянд. ҳалли минбаъдаи проблемаҳои бо таъминоти энергетикӣ вобастабуда танҳо аз тариқи рушди соҳаи гидроэнергетикии кишвар мумкин аст, ки бояд тавассути бунёди шабакаи нерўгоҳҳои барқии обии майда, миёна ва бузург амалӣ карда шавад.

- Мушкилоти нақлиётиву коммуникатсионӣ.
Барои Тоҷикистон, ки кишвари рў ба инкишоф буда, роҳи баромад ба баҳр надорад, ҳалли масоили марбут бо бунбасти нақлиётиву коммуникатсионӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Ба вуҷуд овардани роҳҳои эмин ва боэътимоди нақлиётӣ, ки сарфаноктарин бошанд, ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

- Офатҳои табиӣ.
Тоҷикистон кишвари кўҳистон аст ва 93 фисади масоҳати онро кўҳҳо ташкил мекунанд. Вазъи мураккаби ҷуғрофӣ аз сабаби тағйироти иқлим онро бо офатҳои табиии афзуда рў ба рў месозанд. қариб ҳар сол фалокатҳои табиӣ, ки пешгўии онҳо фавқуллода мураккаб аст, ба кишвари мо хисороти бузурги моддӣ ва маънавӣ мерасонанд. ҳазорон нафар бе хонаву ҷой мемонанд, талафоти ҷонӣ низ зиёд аст. Баъзан нуқтаҳои аҳолинишинро бо инфраструктураи вуҷуддоштаи иқтисодиву иҷтимоиаш ё селу обхезӣ мешўяд, ё ба зери лойқаву тарма мемонанд, ки хисороти ҳарсолаи моддии онҳо ба садҳо миллион доллар мерасад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол барои пешгирӣ намудани чунин рўйдодҳо ва оқибати офатҳои табиӣ маблағҳои бузург сарф мекунад, вале онҳо кўшишу талошҳои моро барои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола барбод дода, дар ҳаллу фасли проблемаҳои зиёди татбиқи барномаи поин бурдани сатҳи камбизоатӣ мушкилоти нав эҷод мекунанд.

Ва дар охир, маҷмўи дигари мушкилоти марбут бо ҳамкориҳои минтақавӣ. Чунин ҳамкорӣ дар ҳаёти ҳаргуна давлат муҳим аст. Вале, мутаасифона, сатҳи он дар Осиёи Марказӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҷавобгўи ниёзҳои муосир ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи рушд ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҳозиразамон нест.

Бар замми ин мушкилот марзи тўлонии кишвар бо Афғонистон, ки қариб яку ним ҳазор километр аст ва аз сабаби нақши буферии Тоҷикистон, ки дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир қарор дорад, сарфи маблағҳои бузургро барои барҳам додани ин таҳдиду хатарҳо тақозо дорад.

Ҳамин тавр, татбиқи барномаи бузургмиқёси ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба захираву имконоти зиёд ниёз дорад. Комилан рўшан аст, ки расидан ба ҳадафҳо ба муносибати ҷомеаи байналмилалӣ оид ба кўмакрасонӣ ба кишварҳои рў ба инкишоф ва бо ҳам овардани захираву имконоти дохиливу берунӣ марбут аст.

Сарфи назар аз мушкилоти вуҷуддошта мо нисбати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то соли 2015 хушбин ҳастем ва ба кўмаку мусоидати васеи ҳамкорону ҳаммаслаконамон – Созмони Милали Муттаҳид, институтҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои дигари байналхалқиву минтақавӣ ва кишварҳои мададрасон умед дорем. Шакке нест, ки мардуми Тоҷикистон, мисли дигар халқҳои мутамаддин ҳаққи зиндагии лоиқу шоиста дорад.

Аз таваҷҷўҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520