Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти марзбонони Ватан

28.05.2024 12:30, шаҳри Душанбе
Иштирок дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти марзбонони Ватан 28.05.2024

28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро бо 30-солагии таъсисёбии ин ниҳоди муҳимми Қувваҳои мусаллаҳ табрику таҳният гуфтанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили сазовори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ паради ҳарбии хизматчиёни низомӣ баргузор шуд.

Баъди анҷоми паради ҳарбӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави Ситоди отряди таъиноти махсусро ифтитоҳ намуда, ҳамзамон аз фаъолияти коргоҳи истеҳсоли воситаҳои техникӣ боздид намуданд.

Иншооти тозабунёд дар заминаи қисми ҳарбии мазкур сохта шудааст. Бинои ситод аз ҳуҷраҳои кории роҳбарияти қисми ҳарбӣ, аз синфхонаҳои дарсӣ, хонаи фароғати афсарону сарбозон, дафтардорӣ, хобгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар ин ҷо ҳамчунин барои афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ хобгоҳ пешбинӣ шудааст.

Таҳхонаи отряди таъиноти махсус аз маркази алоқа, нуқтаи банақшагирӣ, синфхонаи дарсӣ, оташфишонӣ, мерганӣ, нуқтаи идоракунӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо лавозимоти корӣ таъмин мебошанд.

Махсусан маркази алоқа, ҷузъи муҳим дар самти назорати доимии сарҳади давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба 4 самт-вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ иртиботи доимиро таъмин месозад.

Синфхонаҳои тайёрии алоқа ва оташфишонию мерганӣ имконият медиҳанд, ки афсарону сарбозон дарсҳои назариявию амалиро дар сатҳи зарурӣ ва бо истифода аз лавозимоти муосири соҳавӣ ба роҳ монанд. Синфхонаҳо бо технологияи насли нав муҷаҳҳаз гардида шуда, ҳифзи техникии иттилоот ва алоқаи боэътимоди махфикунонидашударо таъмин мекунанд.          

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуқтаи идоракунии Отряди таъиноти махсуси Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи онлайн як қатор иншооти нави соҳаро ифтитоҳ карда, бо рафти машқҳои тактикию таълимӣ шинос шуданд.

Ба муносибати 30 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо иштироки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ-саҳроии “Лоҳур”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ, маҷмӯи манзилҳои истиқоматӣ ва кӯдакистон барои ҳайати шахсии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ”, толори варзишӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ҳарбии ворисони “Кӯруши Кабир” ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифода дода шуд.

Сардорони муассисаву дидбонгоҳҳои нав ба Президенти кишвар дар бораи омодагии ҳайати шахсӣ гузориш доданд.

Ҳамчунин дар нуқтаи идоракунӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафти машқҳои тактикию таълимӣ, ки аз Маркази таълимии “Лоҳур” аз ҷониби сарбозону афсарони таъиноти махсуси Қӯшунҳои сарҳадӣ намоиш дода шуд, назорат намуданд.

Ҳамарӯза дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ афсарону сарбозони бонангу номус бо истифода аз шароити замонавие, ки давоми ду соли охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардааст, ба такмили маҳорати ҳарбӣ машғул шуда, дар посух ба ғамхориҳои доимии Роҳбари давлат хизмати Ватан-Модар ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлолро шарафу номуси миллӣ маънидод мекунанд.

Минбаъд аз нуқтаи идоракунӣ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври видеоӣ назорат карда шуда, барои дар мавридҳои зарурӣ бо командирони қисмҳои ҳарбӣ ва Раёсатҳои минтақавӣ гузаронидани суҳбатҳои мустақим имконият мутобиқ ба талабот муҳайё гардидааст.

Дар ҳудуди отряди таъиноти махсус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи ангоравии биноҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандони Қӯшунҳои сарҳадӣ шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ санги асос гузоштанд.

Дар маҷмуъ барои 840 хизматчии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила манзилҳои истиқоматӣ сохта мешавад.

Лоиҳаи Маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар асоси меъёру қоидаҳои шаҳрсозии муосир таҳия карда шуда, дар ин ҷо шароити хуби зист ва фароғат муҳаё хоҳад шуд.

Бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар идомаи ғамхориҳои доимии Пешвои миллат сурат мегирад. Давоми ду соли охир дар ҳар як дидбонгоҳи сарҳадӣ барои афсарон манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта мешавад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Отряди таъйиноти махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Кохи “Деваштич” боздид намуданд.

Кохи “Деваштич” аз иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ маҳсуб мешавад, ки дар давоми камтар аз як сол бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст.

Бинои нав аз Осорхонаи Пешвои миллат, толори бошукӯҳи маҷлисӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Ҳамчунин дар ин ҷо маълумот дар шакли хаттиву тасвирӣ дар бораи марҳилаҳои ташаккул ва мукаммалгардонии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва адабиёти зиёди бадеиву соҳавӣ ҷой дода шудааст, ки сарбозону афсарони отряди мазкур метавонанд, ба мутолиаи китобҳо машғул шаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити осорхона дар китоби меҳмонони фархӣ соядаст гузоштанд.

Толори калону барҳавои Кохи “Деваштич” барои баргузории чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ - ватандӯстӣ ва дигар ҳамоишҳо пешбинӣ шуда, дорои 415 ҷойи нишаст мебошад.

Ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Отряди таъиноти махсус парки мошинҳои зиреҳпӯши низомӣ, толори тирпаронии таълимӣ-интерактивӣ, машқгоҳи тирпаронии мураккаби печдарпеч, толори варзишӣ ва ошхона бунёд шудааст, ки бо тамоми шароит таъмин мебошад. Парки мошинҳои зиреҳпӯш ва ҳарбӣ аз зумраи иншооти навбунёд мебошад, ки дар он барои дар ҳолати хуби омодабошӣ тайёр намудани техникаҳои махсуси ҳарбӣ мутахассисони варзидаи соҳавӣ ҷалб карда мешаванд.

Шароити ошхонаи Отряди таъиноти махсус мувофиқ ба талаботи замон сохта шуда, дар он барои омода кардани хурокҳои болаззат шароити созгор таъмин аст.    

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520