Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

10.06.2024 08:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоботи муваффақи сартосарии парлумонӣ дар кишвар ва аз нав интихоб гаридиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон сидқан табрику таҳният мегӯям.

Натиҷаҳои ин чорабинии муҳимми сиёсӣ боз як нишонаи равшани ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатии Шумо аз ҷониби ҷомеаи Ҳиндустон мебошад, ки асосан ба татбиқи пайвастаи ҳадафҳои наҷибонаи расидани кишваратон ба мақоми пешоҳангӣ дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ нигаронда шудааст.

Он ҳам боиси таҳсин аст, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳти роҳбарии Шумо мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ пайгирона таҳким бахшида, имрӯзҳо дар ҳалли масъалаҳои умдаи глобалӣ нақши бориз дорад.

Итминон дорам, ки мо дар оянда низ бо талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи Тоҷикистону Ҳиндустонро дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ густариш дода, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба манзури пешбурди шарикии кишварҳоямон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омодагии инҷонибро ҷиҳати идомаи муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳо дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавому саодатмандӣ ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520