Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа

11.06.2024 11:40, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа 11.06.2024

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.

“Ба туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал, бахусус бо Дафтари Шумо, ташаббусҳои мо дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ пайдо карданд. Қабули даҳ қатъномаи марбут ба обу иқлим аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ тасдиқи ин гуфтаҳост”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни мулоқот масоили обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, оқибатҳои таъсири манфии он, ҳифзи муҳити зист ва боло бурдани иқтидори тавлиди “нерӯи сабз” мавриди муҳокима қарор доштанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз талошҳои Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар самти таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти илм, технология ва инноватсия ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор пуштибонӣ менамояд.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омодагии худро изҳор доштанд.

Дар рафти мулоқот оид ба аҳаммияти қабули ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин, таъсиси “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо”   табодули андеша сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520