Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими оғози корҳои бунёди боғи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

20.03.2008 14:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Худи ҳамон рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғи нави миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оғоз ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни сершумори ин чорабинии тантанавӣ, ки ба он мардум аз тамоми гӯшаю канори вилояти Суғд гирд омада буданд, суханронӣ карда, онҳоро бо фарорасии ҷашни хуҷастаи Наврӯз самимона табрик гуфт ва ба ҳар як хонадони кишвар иқболи нек ва файзу баракати баҳорӣ орзу намуд.

Зимни суханронӣ Наврӯз ҳамчунин оғози баҳори файзбор, шудгори заминҳои киштбоб, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ, тоза кардани наҳру ҷӯйборҳо, ба тартиб овардани хона ва ашёву асбоби рӯзгор, ободонии маҳалли зист ва ҳамчунин мавриди покдории қалбу андеша ва рӯҳи инсонӣ маънидод шуд.

Зикр гардид, ки тибқи лоиҳа дар боғи мазкур худи ҳамин сол зиёда аз 60 ҳазор бех навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида мешаванд.

Таъкид гашт, ки дар даромадгоҳи боғ бунёди чойхонаи миллӣ, бинои маъмурӣ ва маҷлисгоҳ, бошишгоҳ ва толори намоишгоҳ, гармхона барои кишти сабзавоти барвақтӣ, ниҳолхона барои парвариш ва зиёд намудани дарахтони мевадиҳанда, сехҳо барои хушконидани мева ва коркарди меваю сабзавот, ҳамчунин мағозаву нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нияти пойдории ҷовидонии сулҳу субот ҳамчун омили муҳимтарини рушду пешрафти Ватани азизамон пешниҳод намуд, ки ин боғи навбунёд Боғи Ваҳдат номида шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро зери пойдевори бинои маъмурии боғ гузошта, сохтмони онро оғози расмӣ бахшид.

Дар даромадгоҳи боғи миллии оянда намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии халқи вилоят ва нақшаҳои ояндаи бунёдкорию созандагӣ ташкил ёфта буд.

Зимни шиносоӣ бо нақшаҳои сохтмонии ширкати «Хуҷандинвесткоттон» маълум шуд, ки айни ҳол аз ҷониби он дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронию юнонӣ чор корхонаи бузурги саноатӣ босуръат бунёд меёбад.

Таъкид гашт, ки тибқи нақша сохтмони корхонаи азими ресандагии он бо иқтидори коркарди 2500 тонна нахи пахта дар як сол дар ноҳияи Зафаробод бояд моҳи августи соли равон ба поён расад ва барои 350 нафар ҷойҳои нави корӣ эҷод гардад. Корхонаҳои омодасозии тухмии пахта, пахтасафедкунӣ ва сачоқбарорӣ бошад дар давоми ду соли оянда бояд мавриди истифода қарор гиранд, ки дар ҳарсеи онҳо беш аз 1000 ҷойҳои нави корӣ омода хоҳад шуд.

Дастовардҳои камназири асалпарварони вилоят ва парваришгарони навъҳои гуногуни тухмии сабзавот ва гулу гулбуттаҳо низ мавриди қаноатмандии Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо чун анъана ва бо риоя аз суннатҳои неки боғдории ниёгон нахуст чанд навниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонда, ба бунёди боғи нави миллӣ, ки масоҳаташ ҳамин сол ба 120 ва то соли оянда то 500 гектар бояд расад, оғози расмӣ бахшид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520