Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба рафти иҷрои нишондодҳои муроҷиати худ, ки чанде пеш ба аъзои ҳукумат ва мардуми кишвар равона карда буд, машварати корӣ доир намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳадафи асосӣ аз муроҷиат танҳо ниҳолшинонӣ ва рушди боғутокпарварӣ набуд.
Мақсади асосӣ аз он мардумро ба истифодаи пурсамар аз ҳар ваҷаби заминҳои киштбоб, ду ва ё зиёда ҳосил рӯёнидан аз заминҳои обӣ, афзоиши истеҳсолоти ватанӣ ва бо маҳсулоти худии озуқаворӣ фаровон намудани бозори истеъмолии кишвар ҳидоят кардан аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар ҳолати имрӯзаи болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва маводи хӯрокворӣ дар бозори ҷаҳонӣ мо танҳо бо афзоиш додани истеҳсолоти ватанӣ метавонем бозори худро ҳимоя намоем.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани қарздиҳии бонкӣ ба соҳибкорони деҳот ва дубора фоидаовар кардани бахши пахтакорӣ ва ҳамчунин оид ба анҷом додани дигар тадбирҳои зарурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки бо назардошти фаровонии нерӯи барқ корхонаҳои саноатӣ аз моҳи апрел то октябр шабурӯз - дар 3 баст кори пурсамар дошта бошанд.