Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими оғози корҳои бунёди боғи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

20.03.2008 14:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама шумо - ҳозирини гиромиро, ки намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти меҳмоннавоз ва меҳнатқарини Суғд мебошед ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро дар остонаи фарорасии ҷашни хуҷастаи Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар иқболи нек, рӯзгори осуда ва файзу баракати баҳорӣ орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯз яке аз суннатҳои қадимаи ниёгони ориёии мо -тоҷикон ва мероси арзишманди гузаштагони фарҳангпарвару тамаддунсозамон буда, аз фарорасии фасли зебои баҳор мужда медиҳад.

Мувофиқи тақвимҳои аҷдодии мо ва ҳисоби мунаҷҷимони гузаштаамон, ки ба ақидаи мутахассисон ҳатто дар замони муосир низ аҳамияти худро аз даст надодаанд, Офтоб ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва чанд соати дигар ба аввали дақиқаи Ҳамал бозмегардад.

Ин лаҳзаро баробар шудани ҳисоби шабу рӯз, яъне замони эътидоли баҳорӣ ва иваз шудани сол гуфтаанд.

Дар ин бора, аз ҷумла доир ба оғози таърихи асосгузории Наврӯз ва номгузории солу моҳҳо муаллифони сарчашмаҳо чунин хабар додаанд: «Вақте ки Ҷамшед ба подшоҳии мулуки Аҷам биншаст, хост, ки айёми сол ва моҳ, яъне фаслҳои сол ва моҳҳоро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд.

Ва бингарист, ки бомдоди он рӯз Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омад, мӯбадони Аҷамро гирд овард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд…

Бад - ин далел ҳар сол чун як давраи Офтоб ва чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи Бузург ва нав гаштани аҳволи олам бошад».

Чунон ки мебинем, рамзи нахустини Наврӯз нур ва рӯшноии зиндагибахши офтоб буда, дар навбати худ маънои оғози баҳор, офариниши ҳаёт, эҳёи дубораи табиат, оғози зиндагии тоза ва зебову хуррамро ифода месозад.

Ва маҳз аз ҳамин нуқтаи назар мардуми мо аз давраҳои бостон то кунун ин рӯзро ҳамчун ҷашни соли нави миллӣ бо шодиву фараҳ интизор мешаванд, ба истиқболи ин рӯзи муборак оинҳои наврӯзиро баргузор карда, рӯзгори ояндаи худро бо нияту нақшаҳои нек оғоз менамоянд.

Махсусан, пос доштани хотираи гузаштагон, ба ҷой овардани эҳтироми падару модарон ва умуман калонсолон, меҳрубонӣ кардан ба кӯдакон, авфи гуноҳи ҳамдигар, кушодани дасти хайру сахо ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату ниёзмандон ва дар маҷмӯъ пос доштани суннатҳои неки наврӯзӣ инсонҳоро ба роҳи ростиву адолат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят месозад.

Наврӯз инчунин аз оғози зуҳураш ҳамчун рамзи баҳор ва оғози баракати сол ба зиндагии мардуми мо рӯҳи нав ва таровати тоза бахшида, бешубҳа иди воқеии кишоварзон ба шумор меравад.

Нақши баҳорона ва созандаи он пеш аз ҳама дар шудгори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ, тоза кардани наҳру ҷуйборҳо, ба тартиб овардани хона ва ашёву асбоби рӯзгор, ободонии маҳалли зист, инчунин покии қалбу андеша ва рӯҳи инсонӣ таҷассум меёбад.

Тибқи анъанаи дерин бо оғоз ёфтани фасли баҳор дар тамоми қаламрави мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ суръати тоза мегирад, ки ин амри хайр бешубҳа, боиси боз ҳам сарсабзу обод шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон мегардад.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки мардуми мо аз қадимулайём шинонидани ниҳол ва нигоҳубини онро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ ва гузашта аз ин, қарзи инсонӣ мешуморанд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки гузаштагони ободкорамон барои мо дарахтону боғоти зиёдеро ба ёдгор мондаанд ва мо низ дар навбати худ вазифадору қарздорем, ки пайваста ба ободониву созандагӣ машғул шуда, аз худ боғу бӯстон, шаҳру деҳоти обод ва хулоса номи нек боқӣ гузорем.

Зеро бузургони мо дар ин маврид гуфтаанд:

Барои одамият се нишона:
Нахуст фарзанд, пас бунёди хона,
Ниҳолеро ба ҳосил парваридан,
Бувад ин се нишона ҷовидона.

Шукри истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯз мардуми мо дар тамоми қаламрави кишвар бо шодиву хуррамӣ ва эҳсоси гарми ифтихор аз Ватани орому осуда Наврӯзро ҷашн гирифта истодаанд.

Ин наврӯзгоҳи идонае, ки ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ороста шудааст, натиҷаи оромиву сулҳу суботи сарзаминамон ва ваҳдати миллатамон аст, ки таҳкурсии мустаҳками он шонздаҳ сол қабл дар шаҳри бостонии Хуҷанд гузошта шуда буд.

Мо имрӯз дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯз бо мақсади бунёди боғи нав ва ба як гӯшаи дилписанди мамлакатамон табдил додани ин мавзеи Ватанамон ҷамъ омадаем, ки ин рӯйдод шукӯҳу ҷалоли оину суннатҳои наврӯзиро боз ҳам зиёда мегардонад.

Мувофиқи лоиҳа боғи мазкур бо истифода аз таҷрибаву анъанаҳои миллӣ ва санъати боғдории муосир дар майдони зиёда аз 100 гектар бунёд шуда, дар ин кори хайр намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят саҳм мегузоранд.

Дар ин боғ зиёда аз 60 ҳазор бех навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ инчунин гулу гулбуттаҳо шинонида мешаванд.

Дар даромадгоҳи боғ бунёди чойхонаи миллӣ, бинои маъмурӣ ва маҷлисгоҳ, бошишгоҳ ва толори намоишгоҳ, гармхона барои кишти сабзавоти барвақтӣ, ниҳолхона барои парвариш ва зиёд намудани дарахтони мевадиҳанда, сехҳо барои хушконидани мева ва коркарди меваю сабзавот, ҳамчунин мағозаву нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Мо ният дорем, ки дар оянда намунаҳои ҳамаи навъҳои дарахт ва гулу гиёҳҳои нодири тамоми гӯшаву канори Ватани азизамонро дар ин боғ гирдоварӣ намуда, онро мисли Боғи миллии шаҳри Душанбе ба осорхонаи табиати зиндаи Тоҷикистон табдил диҳем.

Бовар дорам, ки баъд аз чор сол дарахтоне, ки имрӯз бо дасти худ мешинонед, борвар гардида, дастархони мову шуморо анвои гуногуни меваҳои хушлаззат ва сабзавоти ин боғ зебу зинат медиҳанд.

Ҳадафи асосии мо аз ташкили боғу токзорҳо ва гулзору гулгаштҳо ба мавзеъҳои хушманзараву роҳатафзо ва дилнишину сарсабз табдил додани гӯшаву канори мухталифи Ватанамон мебошад. Худатон тасаввур кунед, ки агар дар як мавсим ба ҳар нафар аҳолии мамлакатамон шинондани як ниҳол ё як буттаи гул рост ояд, дар се-чор соли наздик Тоҷикистон ба як боғи ободу шукуфо ва кишвари сабзу хуррам мубаддал мегардад.

Шукр, ки мо барои анҷом додани ин амали савоб ҳамаи шароити зарурӣ – обу хок, офтобу ҳавои мусоид ва замину майдонҳои мувофиқ ва муҳимтар аз ҳама халқи заҳматкаш, таҷрибаву анъанаҳои неки созандагиро дорем.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон, ки дар маъракаи имсолаи ниҳолшинонӣ фаъолона ширкат меварзанд, изҳори ташаккур менамоям. Ва умедворам, ки аз ин рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, бештар ниҳол мешинонанд ва ба парвариши онҳо ба таври ҷиддӣ машғул мешаванд.
Бинобар ин, вазифаи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвар аст, ки дар амри хайри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон- Тоҷикистон саҳми фарзандӣ ва содиқонаву софдилона гузорад.

Ҳамчунин бо истифода аз ин фурсати муносиби идона бори дигар ба ҳамаи шумо-ширкаткунандагони ин маъракаи муҳим ва тамоми мардуми шарифу заҳматдӯсти кишвар муроҷиат карда, хотирнишон месозам, ки бо дарназардошти равандҳои афзоиши нархи маҳсулот, аз ҷумла маводи озуқаворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ бояд дар фикри ҳосили имсола бошанд.

Як масъаларо ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки болоравии нарху навои бозори ҷаҳонӣ аз мову шумо вобаста нест, аммо аз неъматҳои худододи Тоҷикистон-замини ҳосилхез, оби фаровон ва рӯзҳои офтобӣ оқилонаву самаранок истифода карда, талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти кишоварзии худӣ то ҳадди имкон таъмин кардан бевосита аз худи мо ва аз меҳнати ҳар як фарди ватандӯст, пеш аз ҳама сокинони деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат вобаста мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар тӯли қариб як соли охир бори сеюм аст, ки ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, бо мардуми заҳматкаш ва сарбаланди шаҳру ноҳияҳои гуногуни он вохӯриҳои сершумор доштам.

Дар ҷараёни ҳар як сафар ва ҳар як мулоқот бо аҳолӣ итминон ҳосил кардам, ки мардум сиёсати пешгирифтаи давлатро доир ба ободонӣ ва созандагии Ватан самимона дастгирӣ мекунанд ва аз ояндаи шукуфони Тоҷикистони соҳибистиқлол дилпур ҳастанд.

Бояд зикр кард, ки дар як муддати кӯтоҳ дар қаламрави вилоят як силсила мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тандурустиву фарҳангӣ ва хонаҳои истиқомативу нуқтаҳои хизматрасонӣ бунёд ва таҷдиду таъмир гардида, як қисми онҳо аллакай ба истифода дода шуданд.

Ҳоло дар маркази вилоят сохтмони варзишгоҳи замонавӣ барои 25 ҳазор ҷои нишаст, Кохи матбуот ва маҷмааи меъмории устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ босуръат идома дорад.

Имрӯз низ дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ ва вусъатбахшӣ ба корҳои ободониву созандагӣ хишти аввали се бинои нави баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони соҳаҳои буҷетӣ гузоштем ва корҳои таҷдиду таъмири бинои литсеи Президентиро барои кӯдакони лаёқатманд оғоз намудем.

Илова бар ин, дар ояндаи наздиктарин таҷдиди боғи марказии фарҳанг ва истироҳати ба номи Камоли Хуҷандӣ дар назар дошта шудааст, ки дар гӯшаҳои ин боғ хона - музейҳои этнографӣ бунёд карда хоҳанд шуд. Инчунин корҳои ободонии кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои шаҳри Хуҷанд низ босуръат идома доранд.

Ҳадафи асосии мо аз татбиқи ин сиёсати созанда, пеш аз ҳама ободу зебо гардонидани кишвар, афзоиш додани суръати рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва албатта фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як инсон мебошад.

Вале ин амалҳои неку наҷиб дар сурате татбиқ мегарданд, ки мову шумо бо нияти нек, дасту дили гарм ва азму иродаи қавӣ ба хотири ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат кунем.

Ҳоло бо нияти пойдории ҷовидонии сулҳу субот ҳамчун омили муҳимтарини рушду пешрафти Ватани азизамон пешниҳод менамоям, ки боғи имрӯз асосгузоштаамон Боғи Ваҳдат номгузорӣ шавад.

Ба умеди пирӯзии хирад ва некӣ бори дигар ба хурду бузурги Тоҷикистон ва ҳар як фарди бедордилу худогоҳи Ватан ҷашни Наврӯзи Аҷамро самимона табрик гуфта, бароятон бахту саодат, сиҳатмандиву сарбаландӣ ва сарсабзиву барори кор орзу менамоям.

Ҷовидон бод Наврӯз – таърихи зиндаву бедор, ному нанг, шарафу ифтихор ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик!

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод ва Наврӯзатон пирӯз бод, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520