Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугўи телефонӣ баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон сарвари Қазоқистонро бо пирўзиаш дар интихоботи пеш аз мўҳлати Президенти он кишвар табрику муборакбод намуда, барояш саломатӣ ва дар ин маснади олӣ муваффақияту комёбиҳо орзу кард.
Бо ибрози сипосу ташаккур Нурсултон Назарбоев хостори ҳамгироии зич, пурсамар ва мутақобилан судманд байни ду кишвари дўст гардид.
Сарварони Тоҷикистону Қазоқистон вазъи имрўзаи муносибатҳои ду кишвар ва барномаи ояндаи мулоқотҳо ва вохўриҳои сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки тобистону тирамоҳи ҳамин сол баргузоршавии онҳо мутаносибан дар Душанбе ва Остона дар назар аст, баррасӣ намуда, нисбати мавзўъҳои ба рўзнома воридшаванда ибрози назар намуданд.
Худи ҳамин рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Нурсултон Назарбоев барқияи табрикотӣ низ ирсол намуд.