Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланд ва мунтазами равобити сиёсӣ ва муколамаи байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар соли 2007 нисбат ба соли 2006 ба ҳадди 55 дар сад афзоиш ёфтани ҳаҷми додугирифти молу маҳсулот, ки ба 39 миллиону 120 ҳазор доллари амрикоӣ баробар буд, нишона аз суръати хуби рушди равобити тиҷоратии ду кишвар маънидод гашт.
Ба андешаи мусоҳибон нақши Шоҳпули «Дӯстӣ» дар мавзеи Панҷи Поён – Шерхонбандар дар рушди робитаҳои тиҷоратӣ назаррас аст. «Дар маҳаллаи Панҷи Поён бунёд гардидани минтақаи озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ қадами навбатии басо арзишманди мо дар ин раванд хоҳад буд», таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Фаъолияти бештари Шӯрои байнидавлатӣ ва Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Тоҷикистону Афғонистон, густариши равобити марзӣ ва муборизаи муштарак ба муқобили қочоқи маводи мухаддир, вазифаи умдаи рӯз арзёбӣ гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки имсол дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи сатҳи олии кишварҳои форсизабон доир гардад.
«Эъломи расмии таъсиси Шӯрои иқтисодии Тоҷикистону Эрон, ки иштироки Афғонистонро низ дар назар дорад ва ифтитоҳи шабакаи муштараки телевизионии кишварҳои форсизабон метавонанд аз натиҷаҳои асосии мулоқоти роҳбарони олии се кишвари форсизабон гардад», таъкид доштанд Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай.