Дар мулоқот бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории байни ду кишвар, ки зимни сафарҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба давлатҳои ҳамдигар соли гузашта ба имзо расида буданд ва дигар масоили мавриди тавачҷӯҳ баррасӣ шуд.
Мусоҳибон оид ба зарурати соли равон дар Тоҷикистон доир намудани ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратию техникии ду кишвар, имкони шомил гаштани Давлати Қатар ба консортсиуми байналмилалии сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун, сохтмони коргоҳи нави алюминий, ташкили истихроҷи оҳан ва дигар фулузот ва доир ба кушодани сафоратҳои мустақили ду давлат дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Ба андешаи сарони ду давлат тасмимоти кишварҳои мо оид ба таъсиси хатти мустақими ҳавоӣ байни Душанбею Давҳа ва бо сармоягузории ҷониби қатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд ёфтани як масҷиди бузург, биноҳои истиқоматӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир аз ҷумлаи натиҷаҳои намоёне мебошанд, ки дар марҳилаи ибтидоии ҳамкориҳои мушаххаси иқтисодӣ татбиқ мегарданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзӯъоти саммити Созмони Конфронси Исломӣ табодули назар намуда, сатҳи баландтари ҳамбастагӣ ва ҳамгироии кишварҳои мусулмониро амри зарурӣ номиданд.