Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари расмӣ ба Ҷумҳурии Австрия

07.06.2011 23:00, Австрия

Барномаи сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Австрия субҳи рўзи 7 июн бо маросими истиқболи расмӣ дар назди қасри ҳофбурги пойтахти ин кишвар шаҳри Вена оғоз ёфт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Австрия Ҳайнтс Фишер истиқбол гирифт.

Маросими истиқболи расмӣ тибқи протоколи сафарҳои расмӣ бо саф оростани Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд ба меҳмони олимақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба парчамҳои давлатӣ ва шиносонии мутақобила бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Рафти маросими истиқболи расмиро, ки дар яке аз майдонҳои таърихии маркази шаҳри Вена баргузор гардид, ҳамчунин сокинону меҳмонони зиёди пойтахти Австрия, аз ҷумла саёҳони сершумор низ тамошо намуданд.

Зимни баррасии масоили ҳамкории ду кишвар, ки нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб сурат гирифт, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Австрия дар Аврупо ва ҷаҳон баҳои баланд дода, изҳор дошт: “Тоҷикистон Австрияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ дониста, ба тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба бо он манфиатдор аст”.

Ҳарду ҷониб омодагии худро барои густариши робитаҳои сиёсӣ, муколамаи мунтазам ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои энергетика, иқтисоду савдо, илму техника ва ғайра таъкид намуданд.

Ба гуфти ҳайнтс Фишер “Австрия чун Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ аст, 22% нерўи барқаш дар нерўгоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад ва кишвар дорои таҷрибаи ғанию мутахассисони зиёд дар ин бахш аст. Аз ин хотир Австрия метавонад бо Тоҷикистон дар ин ва дигар соҳаҳои судовар ҳамкории босамар дошта бошад”.

Пешниҳоди ҷониби Австрия доир ба ҷудо намудани бурсияҳо барои дипломатҳои ҷавони (хизматчиёни давлатии) Тоҷикистон барои иштирок дар курсҳои такмили ихтихос оид ба ҳамкорӣ бо Аврупо дар Академияи дипломатии Вена хуш пазируфта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Австрия ҳайнтс Фишер даъват намуд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат ду санад ба имзо расид.

Зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер имзо гузоштанд. Санади дуюми баимзорасида Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата буд.

Зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон, сарони ду давлат аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии ду ҷонибро ба густариши бештари ҳамкорӣ ва робитаҳои судбахш таъкид намуданд.

Дар шаҳри Вена Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Австрия Барбара Прамер мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории Тоҷикистону Австрия ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сент-Пёлтени Австрия ташриф оварда, бо фаъолияти ширкати гидроэнергетикии Войс ҳайдро (VOITH HYDRO), ки бо давлатҳои Амрикою Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамкории густурда дорад, аз наздик шинос шуд.

Зимни сўҳбат бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати мазкур Леополд ҳинингер ва аъзои Шўрои мудирони он омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуданд.

8 июн ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Австрия шаҳри Вена дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ иштирок намуд.

Барои иштирок дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони воломақом аз кишварҳои сершумори ҷаҳон, роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар шаҳри Вена ҷамъ омаданд.

Тавре аён мегардад, ҷаҳду талошҳои бисёрсолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пуштибонӣ аз ташаббусҳои судбахши байналмилалӣ ва лоиҳаҳои стратегии зербиноии кишвар, аз ҷумла дар самти рушди гидроэнергетика, имрўз дар минтақа ва ҷаҳон мавриди дарки дуруст ва пазироию дастгирӣ қарор мегиранд.

Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Созишнома оид ба мақоми Дафтари созмон дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҷониби Тоҷикистон ба созишнома Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ имзо гузошт.

Як созишномаи дигар миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия ба имзо расид. Ба он аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъматов имзо гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520