Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида:
-Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, ба зиммаи он вазифаҳои ҳифзи муҳити зист, обуҳавошиносӣ, ҳифзи ҷангал ва масъалаҳои марбут ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро вогузор намояд:
- Дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;
- Дар муҳлати се моҳ доир ба масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- Масъалаҳоеро, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилию молиявӣ ва моддии мақомоти давлатиро ҳаллу фасл намояд.
3. Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Сархати якуми банди 3 Фармон хориҷ карда шавад:
Дар сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар банди 3 калимаҳои «Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд:
-дар банди 5 баъд аз калимаҳои «Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон

ш. Душанбе
27 феврали соли 2008
№428

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520