Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари расмӣ ба Маҷористон

10.06.2011 23:00, Маҷористон

Нимаи дуюми рўзи 10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурсамар аз Люксембург барои анҷом додани сафари расмӣ ба Маҷористон рафт.

Омодагии ҷиддии ҷониби Маҷористон ба ин сафар ва эҳтирому самимияти баланди мизбонон аз лаҳзаҳои аввали ба хоки ин сарзамин қадам гузоштани Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аён гардид. Майдони истиқболи фурўдгоҳи байналмилалии Будапешт ва ҳам кўчаҳои протоколии пойтахти Маҷористон бо шиору овезаҳои пазироӣ ва парчамҳои давлатии ду кишвар, ки бо рангҳои сурху сафеду сабз ва тартиби ҷойгиршавии онҳо хеле ба ҳамдигар шабоҳат доранд, оро ёфтаанд.

Худи ҳамон рўз мулоқоту музокироти расмии дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон баргузор гардид.

Дар назди қасри Президенти Маҷористон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Маҷористон Пал Шмитт истиқбол гирифт.

Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса ҷараён гирифт.

Масоили таҳким ва густариши муносиботи дўстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Маҷористон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мавқеи хосаи Маҷористон дар Аврупои шарқӣ ва таърихи робитаҳои қаблии ду кишвар изҳор дошт: “Мо Маҷористонро дар робитаҳои байналмилалии худ ҳамчун шарики боэътимод медонем ва баҳри таҳкими пояҳои ҳамкории мутақобилан судманд бо он саъю талоши доимӣ дорем”.

Пал Шмитт дар навбати худ изҳор дошт, ки Маҷористон ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба манзури нақши муҳими он дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст. Ў ҳамчунин таъкид дошт, Маҷористон омода аст ба рушди иқтисоди Тоҷикистон аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои муштараки судманд ва ҳам таҳкими амну субот ва некуаҳволии мардуми он мусоидати фаъол намояд.

Ҳарду ҷониб ба рушди муносибатҳои сиёсӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди пахта, пашму пўст, меваю сабзавот, истихроҷи маъдан ва санг?ои ?имматба?о ва ҳамчунин дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, фарҳанг, варзиш ва туризм изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст зери Эъломияи муштараки Тоҷикистону Маҷористон оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Маҷористон Пал Шмитт имзо гузоштанд.

4 санади дигар Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати манбаъҳои миллии Маҷористон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати рушди деҳоти Маҷористон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Маҷористон ва Шартномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Маҷористон буд.

Ҳамчунин Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба мувофиқа расид.

Зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Пал Шмитт аз натиҷаҳои гуфтушунид изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои муносиботи Тоҷикистону Маҷористонро умедбахш арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Маҷористон Пал Шмиттро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба «Майдони қаҳрамонон” – и пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт ташриф оварда, ба нишони эҳтирому самимият ба арзишҳои волои таърихӣ ва фарҳангии мардуми ин кишвар дар назди муҷассамаи қаҳрамонон гулчанбар гузошт. Маросими гулчанбаргузорӣ бо иштироки афсарони горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ ҷараён гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520