Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

22.02.2008 21:00, Россия

Мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 22 феврал дар бинои пазиришҳои расмии Ҳукумати Россия баргузор гашт.

Дар мулоқоти ғайрирасмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ бештар масоили иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба татбиқи амалии Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе қабул гашта буд, баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни муҳокимаи масоили ҳалталаб таваҷҷӯҳи сарони давлатҳоро ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, ташкили минтақаи озоди савдо ва бозори ягонаи энергетикию озуқаворӣ дар қаламрави ИДМ ҷалб намуд.

Сарони кишварҳои ИДМ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба соли 2008-ро Соли адабиёт ва хониш эълон кардан дастгирӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки имсол бо пешниҳоди Тоҷикистон дар чаҳорчӯби таҷлили 1150-солагии маликушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ, ки зери назари созмони умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ҷараён хоҳад гирифт, Форуми сеюми зиёиёни олиму эҷокори ИДМ гузаронда мешавад.

Сарони давлатҳо омодагии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои судманд дар доираи ИДМ таъкид доштанд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520