Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ

17.10.2012 20:46, Кувайт

Дар шаҳри Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи омодагӣ ва созмондиҳии хуби ҳамоиши «Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ» ва ба иқдоми Амири Давлати Кувайт доир ба ҷудо намудани 2 миллиард доллари амрикоӣ барои кишварҳои рӯ ба рушди Осиё баҳои баланд дод.

Бо ишора ба заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ки миёни Тоҷикистону Кувайт, ҳанӯз аз соли 1995 мавҷуд аст, изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди мулоқоти имрӯза ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар такон меёбад.

Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пеш аз дар самти сармоягузории лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётию энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки байналмилалӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520