Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Қалъачаи Гули Зарди шаҳри Истаравшан

27.10.2012 19:34, шаҳри Истаравшан

Омӯзгорон ва фарзандони азиз!
Падару модарони гиромӣ!

Чанд лаҳза пеш, дар оғози сафари кориамон ба вилояти Суғд мо ба корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ифтитоҳи расмӣ бахшида, дар маросими ба истифода додани нақби «Шаҳристон» ширкат доштем.

Бо чунин рӯҳияи идона, бо ҳамроҳии шумо ин лаҳзаҳо боз як мактаби навбунёди замонавиро дар деҳаи хушбоду ҳавои Қалъачаи Гули Зард мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем, ки ин сафари моро боз ҳам рангину хотирмон хоҳад кард.

Дар робита ба ин падидаҳои хурсандибахш сокинони маорифпарвару сарфарози Истаравшани бостонӣ ва тамоми мардуми вилояти Суғдро табрик гуфта, ба меъморону муҳандисон, сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин боргоҳи маърифат саҳми арзанда гузоштаанд, самимона арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Бояд хотирнишон созам, ки мактаби рақами 33-юми деҳаи Қалъачаи Гули Зард ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта бо усули ҳашар ва бе дарназардошти талаботи меъморӣ бунёд шуда, дар зарфи солҳои охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Аз ин рӯ, мо зарур донистем, ки ба ивази он як муассисаи таълимии замонавиро барои насли навраси ин мавзеи хушманзар сохта, ба истифода диҳем.

Ва ин нияти нек имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон татбиқ шуд ва орзуи деринаи сокинони деҳа ҷомаи амал пӯшид.

Мактаби мазкур, ки бо тамоми шароити муосири таҳсил таъмин аст, аз ҳисоби буҷети кишвар дар ҳаҷми беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд гардида, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Он дорои озмоишгоҳҳои фаннӣ, синфхонаҳои забономӯзиву компютерӣ, толори варзишӣ ва ошхонаи барҳаво мебошад.

Бовар дорам, ки шогирдони хуштолеи ин боргоҳи нави донишу маърифат танҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафу орзуҳои нек ва ба хотири ободии минбаъдаи диёри азизамон азму талоши пайвастаи худро дареғ намедоранд.

Асри XXI – асри рушди босуръати илму техника, ҳузури уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ мебошад ва ҳоло тақозои замон ба фарогирии донишу маърифат ҷиддӣ гардида, илм беш аз пеш ба манбаи арзишманд ва сарвати бебаҳои зиндагии башар табдил меёбад.

Аз ин рӯ, ҳаёт ва талаботи ҷаҳони муосир тақозо менамоянд, ки ҳар як шахс барои таъмини зиндагии шоиста бояд пеш аз ҳама соҳиби донишу маърифат ва касбу ҳунар бошад.

Мо бояд дар мафкураи ҷавонон доимо ақидаеро талқин намоем, ки донишу илмомӯзӣ ин худ дараҷаи баланди худшиносӣ, худогоҳӣ, дӯст доштани миллат ва халқу Ватан мебошад.

Асоси ҳалли ҳамагуна мушкилот - кашфи оламу коинот, асрори табиату ҷомеа, расидан ба ҳадафҳои инсонӣ ва таъмини зиндагии сазовору шоиста низ аз омӯзиши илм вобаста аст.

Бо назардошти ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, муҳайё намудани шароити зарурии таҳсил ва мунтазам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешад.

Дар ин раванд, соли ҷорӣ барои бунёди мактабҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Истаравшан ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ пешбинӣ карда шудааст.

Айни замон тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Истаравшан бо маводи таълимӣ ва технологияҳои муосир таъмин буда, сохтмони синфҳои иловагӣ ва варзишгоҳҳои мактабӣ бомаром идома доранд.

Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани иқдомоти давлату Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир таваҷҷӯҳи худи мардум низ ба мактабу маориф бештар гардида, сол аз сол сатҳу сифати таълиму тарбия беҳтар шуда истодааст.

Бояд зикр кард, ки дар соли ҷорӣ аз миёни 6 нафар толибилми ноҳияи Истаравшан, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, нахустин маротиба дар зарфи соҳибистиқлолии кишварамон ду нафари онҳо дар озмуни байналмилалӣ дар шаҳри Маскав иштирок карда, бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштаанд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо сафарбар менамояд, то ки онҳо дар оянда ташаббусҳои созандаи насли имрӯзаро идома бахшанд ва муҳимтар аз ҳама, манфиати давлату миллатамонро дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона ҳифз карда тавонанд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, имрӯз низ дар кори таълиму тарбия мушкилоти ҳалталаб кам нестанд.

Аз ин рӯ, Вазорати маориф якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан вазифадор карда мешаванд, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи соҳаро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Бояд хотирнишон созам, ки таълиму тарбияи ҷавонон аз падару модар масъулият ва заҳмати зиёдро тақозо дорад.

Хусусан дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ташаккули маҳорату малакаи донишомӯзии фарзандон, дар канор намондани онҳо аз суръати баланди рушди илму техникаи муосир, дарк намудани рисолати аслии хеш дар ҷомеа эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ аз волидайн, мактаб ва аҳли ҷомеа масъулияти дучандро талаб менамояд.

Бо дарназардошти ҳамин зарурат мо Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намудем, то дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир ҷиҳати ташаккули дониш ва ахлоқи ҳамидаи насли ояндасози Ватанамон шароити арзанда фароҳам оварем.

Истаравшан аз қадимулайём яке аз ҳавзаҳои фарҳангии минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт ва фарзандони бошарафи он дар ҳама давру замон барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти Ватани муқаддасамон саҳми арзанда гузоштаанд.

Аксарияти ҳамватанонамон аз хизматҳои шоистаи шоирону олимони шӯҳратёри истаравшанӣ, аз ҷумла Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов, Ҳабибулло Саидмуродов ва амсоли онҳо ҷиҳати рушди илму адаби тоҷик хуб огоҳанд.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мо ва махсусан кормандони соҳаи маорифи вилоят ва шаҳри Истаравшан аз он иборат аст, ки фарзандонамонро дар руҳияи илму донишомӯзии ин шахсиятҳои шинохтаву ватандӯсти миллатамон тарбия ва ба камол расонем.

Итминони комил дорам, ки кулли сокинони Истаравшани бостонӣ ва махсусан кормандони соҳаи маорифи шаҳр аз муҳити орому осудаи кишварамон шукргузорӣ намуда, минбаъд низ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини муқаддасамон, инчунин ба камол расонидани насли бофарҳангу худшинос ва созандаву ватандӯст беш аз пеш саъю талош меварзанд.

Бори дигар шуморо ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини шаҳри Истаравшан файзу баракат, дастовардҳои нав ва ба шогирдони ин даргоҳи маърифат хониши аълову одоби намунавӣ орзу менамоям!

Доимо тансиҳату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520