Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 15-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.11.2007 13:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Понздаҳ сол пеш - дар айёме, ки масъалаи бақои давлату давлатдории тоҷикон ва ҳамчун миллати воҳид вуҷуд доштани мардуми мо таҳти хатари воқеӣ қарор гирифта буд, маҳз дар ҳамин қасри бошукӯҳи таърихӣ, ки бо номи Арбоб маъруф аст ва имрӯзҳо ба бунёди он панҷоҳ сол пур мешавад, Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ҷараёни он самтҳои асосии сиёсати сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва давлатсозиву давлатдорӣ тарҳрезӣ карда шуданд.

Имрӯз бо камоли хушҳоливу ифтихор солгарди понздаҳуми ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, яъне санаи мубораки барқарор гардидани сохти конститутсионӣ дар кишварамон ва оғози наҷоти давлату миллатамонро ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ба ҳар кадоми шумо - ҳозирини арҷманд самимона табрик мегӯям.

Воқеан, агар мо аз дидгоҳи имрӯз ба рӯйдоду ҳодисоти рӯзҳои аввали истиқлолияти Ватанамон назар афканем, мебинем, ки маҳз иҷлосияи таърихии XVI-ум сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад.

Чунки он ба марҳалаи таҳкими истиқлолияти миллӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пояҳои давлату давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ ва оштиву сарҷамъии миллат заминаи мустаҳкам гузошт.

Тавре ҳамагон шоҳиданд, 9 сентябри соли 1991 истиқлоли Ватани азизамон расман эълон шуд, ки он неъмати муқаддасу худодод ва ормони чандасраи халқи бостонии тоҷик буд.

Вале аз эълони расмии истиқлолияти Тоҷикистон ҳамагӣ як солу ду моҳ сипарӣ гардид, ки бар асари ихтилофу гирдиҳамоиҳои пайдарпай ва амиқшавии буҳрони сиёсӣ дар як муддати кӯтоҳ ду Президенти қонунан интихобшуда, чор Раиси Шӯрои Олӣ ва дигар роҳбарони баландмақоми Ҳукумат иваз шуданд.

Ин амр оқибат боиси аланга гирифтани оташи ҷанг дар кишвар гардид; задухӯрдҳои мусаллаҳона миёни қувваҳо ва гурӯҳҳои гуногун, куштору гаравгонгирӣ, дуздиву ғоратгарӣ, террору сӯйиқасд ба ҷони ходимони давлативу ҷамъиятӣ бӯҳрони сиёсиро ба бархӯрди хунин табдил доданд.

Суоли мантиқӣ эҷод мешавад, ки омилҳо ва сабабҳои асосии ин фоҷиаи миллӣ кадомҳоянд? Табиист, ки ин масоил аз ҷониби муҳаққиқон - таърихшиносон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, низоъшиносон ва мутахассисони муносибатҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд мавриди омӯзишу таҳқиқи амиқ ва ҳамаҷонибаи илмӣ қарор гиранд. Ва ин кор амри ҳаётист.

Вале бояд гуфт, ки бӯҳрони сиёсӣ ва фоҷиаи худкушии миллӣ натиҷаи омезиши мураккаби омилҳои дохиливу хориҷӣ ва бахусус фаъолияти амалан харобкоронаи нерӯҳои муайяни сиёсии дохилӣ ва душманони хориҷии мо буд.

Таъкиди ин нукта зарурист, ки ҷанги шаҳрвандӣ - ҷанги таҳмилӣ буд, яъне бадхоҳон ва душманони миллати тоҷик ва истиқлолияти давлати Тоҷикистон фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро ба сари мардуми мо таҳмил намуданд.

Ҳадафи онҳо аз ин иқдоми даҳшатнок пароканда намудани миллати тоҷик, аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва барҳам задани ҳудуди ягонаи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Имрӯз аз касе пӯшида нест, ки ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои шуми худ доираҳои манфиатдори баъзе кишварҳо гурӯҳҳои даргири низои дохилии Тоҷикистонро бо силоҳ таъмин мекарданд, қувваҳои муайяни дигар бошанд, мехостанд идеологияи худро ба мардуми мо таҳмил намоянд ва нерӯҳои алоҳида омода буданд, ки бо истифода аз фурсат ба тамомияти арзии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон зарбаи ҳаробиовар зада, ба пошхӯрии ҳудуди воҳиди мо муваффақ шаванд.

Ҳамин тариқ, дар қадамҳои нахустини мустақилонаи худ давлати навбунёди мо ба вартаи ҳалокатбори бесарусомониҳо кашида шуд ва халқи тоҷик дар маркази гирдоби ҷанги бародаркуш қарор гирифт.

Ҷавонони бетаҷриба ва гирифтори эҳсосот бо дастури коргардонҳои дохиливу хориҷӣ ба майдонҳо ва сипас ба мухолифати мусаллаҳона кашида шуданд, сиёсатгароии оммавӣ авҷ гирифт ва худсариву қонуншиканӣ ба зуҳуроти муқаррарӣ табдил гардид.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии онрӯза - Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои қудративу низомӣ ва ҳатто мақомоти прокуратура ва судҳо амалан фалаҷ гардида, қобилияти таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлату ҷомеа ва риояи қонунро аз даст дода буданд.

Гузашта аз ин, ҳайати шахсии баъзе сохтору мақомоту сохторҳои зикршуда дар чунин вазъияти ҳассоси сиёсӣ бетарафӣ эълон карда, бо чунин амали худ аз адои вазифаҳои оинномавӣ ва қарзи муқаддаси хеш дар назди халқу Ватан даст кашиданд.

Яъне дар кишвар ба ҷои қонун беқонунӣ, ба ҷои низому тартибот беназмиву анархия, ба ибораи дигар, поймолшавии қонун ва ҳуқуқҳои оддиву табиии инсон ҳоким гардид.
Дар натиҷа, дар як муддати начандон тӯлонӣ даҳҳо нафар - аз муовинони Сарвазир, аъзои Ҳукумат, вакилони халқ сар карда, то зиёиёни маъруфи мо ва даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандон ва одамони бегуноҳ ба ҳалокат расиданд.

Дар ин лаҳзаҳо мо албатта хотираи неки онҳо ва тамоми қурбониёни ҷанги таҳмилиро гиромӣ медорем. Рӯҳашон шод бод!

Тамоми шохаҳои ҳокимият - аз мақомоти марказӣ то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият бозмонда, бисёр роҳбарон дар чунин шароити ҳассос дурандешӣ, сабру таҳаммул, иродаи сиёсӣ ва азму ҷасорати раҳнамоӣ кардани мардумро зоҳир накарданд; як қисми зиёиён ва нерӯҳои солимфикри ҷомеа дар назди ин селоби пурдаҳшат ҳайратзада боқӣ монда, қарзи шаҳрвандии худро дар назди аҳли ҷомеа, бахусус дар назди ҷавонони бетаҷриба иҷро карда натавонистанд.

Дар натиҷа эътиқоду эътимоди мардум ба роҳбарони сиёсӣ ва ҳукумат шадидан коҳиш ёфт, зеро мамлакат дар чунин вазъи мураккаби сиёсиву ҷамъиятӣ амалан бе роҳбаладу раҳнамо монда буд.

Бо дарназардошти чунин вазъи пурфоҷиа ва ба хотири наҷоти давлату миллат як гурӯҳ вакилони мардумӣ ва намояндагони қувваҳои огоҳи ҷомеа, ки хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллатамонро дарк карда буданд, масъалаи ҳарчи зудтар даъват намудани иҷлосияи Шӯрои Олиро ба миён гузоштанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар он рӯзҳо Шӯрои Олӣ ягона сохторе буд, ки дар байни мардум то андозае нуфузашро нигоҳ дошта, метавонист барои ҷустуҷӯи роҳҳои барқарор кардани сулҳу салоҳ ва ором намудани вазъи сиёсии мамлакат кӯшиш намояд.

Ҳарчанд ки оид ба зарурати даъвати иҷлосия ризоияти умумии намояндагони халқ ҳосил шуда буд, вале дар масъалаи ҷои баргузории он ихтилофи назар зиёд гардид, зеро пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе дар он давра таҳти тасарруфи гурӯҳҳои мухталифи даргир ва дастаҳои ҷиноятпеша қарор дошт.

Бинобар ин, масъалаи таъмини амнияти намояндагони мардумӣ ва кори мӯътадили иҷлосияро ягон сохтор ва мақомоти давлатӣ кафолат дода наметавонист.

Аз ин рӯ, шаҳри Хуҷанд ҳамчун маҳалли баргузории иҷлосия интихоб гардид ва 16 ноябри соли 1992 ин чорабинии муҳими сиёсӣ оғоз гардид.

Рӯзномаи кори иҷлосия бо дарназардошти масъалаҳои муҳимтарини рӯз таҳия шуда, дар навбати аввал ба қатъи хунрезӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои бартарафсозии бенизомиҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар нигаронида шуда буд.

Бояд махсус таъкид кард, ки ин рӯйдодро тамоми мардуми Тоҷикистон бесаброна интизор буданд ва умед доштанд, ки он натиҷаҳои неку созанда ба бор меорад.
Гузашта аз ин, масъалаи ҳамчун субъекти комилҳуқуқи робитаҳои байналмилалӣ эътироф гардидани Тоҷикистон танҳо аз натиҷаҳои мусбати иҷлосия вобаста буд.

Ин воқеиятро аксарияти намояндагони халқ амиқан дарк намуда, барои барқарорсозии ҳокимияти фалаҷшуда ва ба маҷрои дуруст равона кардани раванди ҳодисот бо дурандешӣ ва эҳсоси масъулият як силсила санадҳои дар ҳақиқат тақдирсозро қабул карданд.

Пеш аз ҳама қарор дар бораи сохти идоракунии давлат қабул гардид, яъне сохтори давлатдории президентӣ ба идоракунии парламентӣ иваз карда шуд, ки ин иқдом албатта талаботи рӯз ва тақозои вазъи сиёсии он давра буд; роҳбарияти нави сиёсӣ интихоб гардид ва бо раъйи вакилони мардумӣ масъулияти сарварии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба дӯши ман вогузор гардид.

Ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор кадом масъулиятро ба зимма гирифтам.

Ва бо такя ба ақлу заковати халқамон, ки ворисони миллати хирадманди тоҷик мебошанд, савганд ёд кардам, ки то вақте дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаамро барои дар хар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, ба хотири шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.

Иҷлосия ҳамзамон бо ин, ба тақозои вазъи мавҷуда як қатор мақомоту сохторҳои дигари сиёсиро таъсис дод ва минбаъд худи ҳаёти ҷомеа собит кард, ки раванди мушкили қатъи ҷанг ва хунрезӣ, поягузорӣ кардан ва устувор намудани рукнҳои давлатдории навини тоҷикон ва дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо кардани Тоҷикистон бевосита аз фаъолияти созандаи онҳо вобаста мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар марҳалаи ниҳоят ҳассосе, ки кишварамон дар он рӯзҳо қарор дошт, Иҷлосияи XVI-ум як воқеияти ҷомеаи моро исбот кард: дар кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон ва дар миёни намояндагони интихобкардаи халқ нерӯҳои солиму тавоное ҳастанд, ки ба гирифтани пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯиву дасисабозӣ ва аз парокандагиву хориву зорӣ раҳо додани халқи тоҷик қодиранд.

Вале чунонки борҳо таъкид кардаам, сиёсати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки дар ин иҷлосия тарҳрезӣ гардид, пеш аз ҳама натиҷаи майлу иродаи гарму самимона ва хизмати таърихиву қаҳрамононаи халқамон буда, фақат аз баракати дастгириву пуштибонии мардуми сулҳдӯст, хирадманд ва солору сарбаланди тоҷик амалӣ гардид.

Ва имрӯз бори дигар мехоҳам зикр намоям, ки маҳз бо дастгирии мардум дар иҷлосияи мазкур ба раванди барқарорсозии низоми фалаҷгаштаи идораи давлат, яъне таъмини фаъолияти ҳокимияти конститутсионӣ, поягузории рукнҳои он ва интихоби ҳайати Ҳукумати нави мамлакат шурӯъ кардем.

Баъди барқарор гардидани сохти конститутсионӣ ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ шароит ба вуҷуд омад, ки дар самти ислоҳоти конститутсионӣ ва таҳкими институтҳои давлатдории навини тоҷикон тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, зеро марҳалаи гузариш ба сохти нави давлатдорӣ ҳарчи зудтар амалӣ сохтани чунин иқдомотро тақозо мекард.

Бо ин мақсад лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳия шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бо дарназардошти пешниҳоду дархостҳои шаҳрвандони кишвар 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумӣ қабул карда шуд.
Дар Конститутсия мақсаду мароми халқи Тоҷикистон доир ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ифода шуда, ҳамчунин дигар арзишҳои демократӣ, аз қабили гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, эътиқод, воситаҳои ахбори омма ва дигар арзишҳо ҳамаҷониба инъикос гардиданд.

Тибқи Конститутсия мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таъсис дода шуданд.

Минбаъд дар баробари рушду такомули ҷомеа ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ институтҳои зикршудаи давлатдорӣ боз ҳам такмилу таҳким ёфтанд.

Аз ҷумла, бо ворид кардани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Конститутсия дар мамлакат Маҷлиси Олии дупалатагӣ, ки яке аз палатаҳои он касбӣ ва доимамалкунанда мебошад, таъсис дода шуд, мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ такмил ёфта, ҳокимияти судӣ хеле мустаҳкам гардид.

Ба хотири таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа дар ин давра ёздаҳ санади авф қабул гардид, ки онҳо ба зиёда аз 60 ҳазор нафар айбдоршавандаю судшаванда ва маҳбусон татбиқ гардиданд.

Дар натиҷаи татбиқи ин тадбирҳо дар кишвар сулҳу оромӣ, амният ва қонунияту тартиботи қавӣ ҷорӣ гашта, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки арзиши олӣ мебошанд, таъмин карда шуданд.

Ин иқдом пайваста идома меёбад, зеро тамоми марому мақсадҳои мо доир ба ободониву созандагии сарзамини аҷдодӣ ва рушду инкишофи ҷомеа аз суботи устувори сиёсиву иҷтимоӣ ва тартибу низоми ҷамъиятӣ вобаста мебошанд.

Тавре ки аксари шумо дар хотир доред, Ҳукумати навтаъсис дар навбати худ ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин, ки мушкилоти муҳимтарини рӯз ва проблемаҳои аввалиндараҷа буданд, оғоз намуд:

- ҳарчи зудтар гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, хотима додан ба ҷанги харобиовар ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум;

- барқарор кардани фаъолияти шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва кори мӯътадили мақомоти давлатӣ аз марказ то маҳалҳо;

- пурра ба Ватан ва ҷои зисти доимӣ баргардондани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ;

- бо андешидани чораҳои фаврӣ аз байн бурдани хатари гуруснагӣ, бо маводу озуқа ва доруворӣ таъмин кардани мардум;

- барқарор кардани фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкили артиши миллӣ ва бо таъсиси сохтору қувваҳои сарҳадбон ба роҳ мондани ҳифзи сарҳади давлатӣ;

- танҳо бо роҳи сиёсӣ, яъне музокироти миёни тарафҳо ҳал кардани мушкилоти мавҷуда;

- ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ;

- истифодаи муассир ва ҳамаҷонибаи воситаҳои сиёсӣ барои барқарор ва устувор намудани муносибатҳои самарабахши байналмилалӣ.

Фаъолияти Ҳукумати конститутсионӣ аз барқарор сохтани сохтору мақомоти ҳам марказӣ ва ҳам маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ибтидо гирифт.

Ин имконият фароҳам овард, ки гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ тадриҷан мақомоти давлатиро дар саросари кишвар ҳамчун қувваи ягонаи танзимкунандаи ҳаёти ҷомеа, воситаи таъминкунандаи сулҳу субот, амнияти давлат ва шаҳрвандони кишвар эътироф намоянд.

Зеро то Иҷлосияи XVI-ум ин муқаррарот риоя намешуд ва гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ба фаъолияти мақомоти гуногуни давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа худсарона дахолат мекарданд ва ҳатто нақшаҳои шуми ҷудоихоҳӣ ва тақсимоти ҳудудиро низ мекашиданд. Кор ба ҷое расида буд, ки баъзеҳо ҳатто мехостанд пойтахти мамлакат ба ҷои дигар интиқол дода шавад.

Лекин Иҷлосияи XVI-ум баробари ба таври қатъӣ эълон кардани волоияти қонун ва тартибу низоми ҷамъиятӣ ва пешгирӣ кардани кӯшишҳои харобгаронаву ҷудоихоҳонаи қувваҳои муайяни дохиливу хориҷӣ дар ҳаёти мардуми кишвар таҳаввулоти амиқ ва дигаргуниҳои бунёдии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро ворид намуд.

Маҳз баъди ҳамин иҷлосия давлат бо барқарор сохтани фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин таъсис додани сохторҳои нав салоҳияти марбут ба низоми давлатдориро аз нав ба дасти худ гирифт.

Бо дарки аҳамияти ҳаётии тақвият бахшидани асосҳои сиёсии истиқлолияти Ватани азизамон дар он рӯзҳо ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ба ҳисоб мерафт.

Чунки бе истиқрори сулҳ ҳалли самарабахши масъалаҳое, ки дар назди давлату ҷомеа меистоданд, ғайри имкон буд.

Иҷлосия бо мақсади таъмини сулҳу оштӣ ва ба ҳам овардани мардуми пошхӯрда "Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд", қонун қабул кард.

Яъне ин аввалин санади авфи гуноҳи шахсоне буд, ки дар муқовиматҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона иштирок доштанд. Ҳамчунин Қонун "Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992" қабул гардид.

Ҳадафи ягонаи ин қонунҳо, ки дар роҳи душвору заҳматталаби оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон аввалин санадҳои ҳуқуқӣ буданд, қабл аз ҳама қатъи хунрезӣ ва муқовимати мусаллаҳона, сипас фароҳам овардани шароити мусоид ва заминаи ҳуқуқӣ барои сарҷамъ кардани мардуми кишвар ва таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон буд.

Ин ҳама самараи талошҳое буд, ки дар Иҷлосияи XVI-ум бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ оғоз гардида буданд.

Аввалин иқдоме, ки мо баъди иҷлосия доир ба сарҷамъии мардум анҷом додем, ба Ватан ва ҷойҳои зисти доимиашон баргардонидани қариб як миллион нафар гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин ҳалли дигар мушкилоти онҳо буд.

Сарфи назар аз буҷети тамоман харобгашта ва иқтисоди муфлисшудаи кишвар мо масъалаҳои барқарор намудани хонаҳои нобуду валангоршуда, ба соҳибонашон бозпас додани манзилҳои ғасбшуда, бо хӯроку либос ва ҷои кор таъмин намудани шахсони ба Ватан баргаштаро аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ дониста, онро бо кӯмаку дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва азму талоши худи мардумамон дар як мӯҳлати кӯтоҳ ҳаллу фасл кардем.

Дар раванди таъмини сулҳу субот, ки нишонаи равшани ризоияти саросарии ҷомеа ва ваҳдату ягонагӣ мебошад, ба вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва муттаҳидӣ даъват кардани мардум нақши муассир дошт, ки ин кори бузург низ аз иҷлосияи таърихии XVI-ум ибтидо гирифт ва дар ҳамин замина минбаъд ташаккули андешаи созанда ва муосири миллии мо тадриҷан шурӯъ гардид.

Минбаъд ҷиҳати бо тамоюлоти ҳанӯз пурра ташаккулнаёфтаи худшиносии мардум ҳамоҳангу созгор гардонидани асосҳои иҷтимоии давлати миллӣ ва бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала маҳз дар ҳамин иҷлосия қадамҳои нахустин гузошта шуданд.

Ҳадафи асосӣ аз ин иқдомот амалан таҳти як парчам ва рамзҳои давлати мустақил гирд овардану минбаъд муттаҳид сохтани нерӯҳои гуногуни сиёсӣ, гурӯҳҳои силоҳбадаст ва тамоми мардуми ошуфтаву парешонгаштаи Тоҷикистон буд.

Зеро дар он айём қисми зиёди оммае, ки огоҳона ё ғайриогоҳона ба сиёсат гароида буданд ва ҳатто роҳбарони ҳизбҳои сиёсиву ҳаракатҳои мардумии минтақаҳои алоҳида пойбанди талошҳои афзалият додан ба манфиатҳои маҳдуди маҳаллӣ буданд.

Яъне ҳар шахс ва ҳар гурӯҳе мафҳумҳои Ватан ва миллатро аз нигоҳи мансубият ба маҳаллу минтақаи худ шарҳу тафсир мекард.

Дар чунин шароит қабули рамзҳои давлатӣ - Нишон ва Парчами миллӣ ва дар айни замон муайян кардани самтҳои минбаъдаи пешрафти кишвар ба сӯи ҷомеае, ки ҷавобгӯи манфиатҳои кулли мардум ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷомеаи муосир ва мутамаддин бошад, аз ҷумлаи масъалаҳои умдатарини кори иҷлосия буд.

Зеро фақат тавассути роҳи дуруст интихобшуда мо халқро аз вартаи парокандагӣ раҳонида, умеду бовари мардумро ба ояндаи осудаву обод устувор карда метавонистем.

Самти дигари кори иҷлосия қабули як силсила асноди ҳуқуқӣ оид ба гузариш аз иқтисоди фармонфармоиву нақшавӣ ба муносибатҳои нави иқтисодӣ буд, ки бо татбиқи амалии онҳо ва дигар санадҳое, ки дар асоси сиёсати иқтисодии дар иҷлосия тарҳрезишуда таҳия ва қабул карда шуданд, минбаъд натанҳо бӯҳрони амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бартараф карда шуд, балки тадриҷан асосҳои мустаҳками пешрафти устувори иқтисодӣ гузошта шуданд.

Дар натиҷаи татбиқи стратегияи дар иҷлосия тарҳрезишуда низоми иқтисоди мунтазам рушдёбанда ҷорӣ карда шуд, ки дар асоси он шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд ва зина ба зина густариш пайдо карданд.

Бо дарназардошти он, ки пули миллӣ яке аз нишонаҳои асосии истиқлолияти давлатӣ мебошад, соли 1995 дар кишварамон рубли тоҷикӣ ва соли 2000-ум асъори миллӣ - сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

Ба хотири расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ, яъне таъмини рушди бемайлон ва устувори иқтисоди миллӣ мо низоми нави буҷету андозро ташаккул дода, барои ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид ва пеш аз ҳама заминаи муосири ҳуқуқиро муҳайё сохтем.

Ҳамзамон бо ин, мо тамоми кӯшишу талоши худро ба таъмини се самти стратегии рушди иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон, яъне истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвар ва амнияти озуқаворӣ сафарбар намудем ва эълон доштем, ки ҳадафи ниҳоии мо аз таъмини ин ҳадафҳо баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи аҳолӣ мебошад.

Бо фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар як муддати кӯтоҳ як силсила иншоотҳои азими дорои аҳамияти стратегиро бунёд намудем, ки ҳар кадоме аз онҳо дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, яъне ба амал пайвастани орзуву ормони ҳазорсолаи мардумамон қадамҳои бузург ба сӯи пешрафт гардиданд.

Бо сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна барои то андозае ҳал кардани мушкилоти таъмини барқ асос гузошта шуд.

Бо бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмилалии нақлиётӣ пайванди доимии тамоми минтақаҳои кишвар ва аз тариқи онҳо баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ таъмин гардид.

Дар давоми 15 сол бо ташаббус ва дастгирии молиявии Ҳукумати Тоҷикистон қариб 100 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 2 миллиарду 200 миллион доллари амрикоӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла барои рушди маорифу тандурустӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ - 19 лоиҳа ба маблағи 218 миллион доллар, барқарорсозии баъдиҷангӣ - 3 лоиҳа ба маблағи 60 миллион, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолоти кишоварзӣ ва обёрии заминҳо - 12 лоиҳа ба маблағи 203 миллион, ривоҷи инфраструктура - 10 лоиҳа ба маблағи 92 миллион, беҳтар кардани низоми таъминот бо барқ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ - 11 лоиҳа ба маблағи 1,2 миллиард, тавассути роҳҳои замонавӣ пайваст намудани минтақаҳои кишвар ва давлатҳои ҳамсоя - 15 лоиҳа ба маблағи 518 миллион ва рушди бахши хусусӣ ва низоми бонкдорӣ - 19 лоиҳа ба маблағи 58 миллион доллари амрикоӣ амалӣ карда шуданд.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати таъмин кардани амнияти озуқавории мамлакат як қатор тадбирҳо андешида шуданд, ки ислоҳоти бунёдии соҳаи кишоварзӣ, яъне ба аҳолӣ тақсим карда додани 75 ҳазор гектар замин, таҷдиди сохтори хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ташкили ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, додани мустақилият ба деҳқонон, азнавсозии иншооти мелиоративӣ, қабули барномаҳои ҳукуматӣ доир ба рушди боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва занбӯрпарварӣ, додани афзалият ба коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, пеш аз ҳама пахта ва меваю сабзавот, инчунин ҷорӣ намудани низоми нави қарздиҳӣ ба кишоварзон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Илова бар ин, тавассути татбиқи сиёсати иҷтимоие, ки дар Иҷлосияи XVI-ум пеш гирифта шуд, дар мамлакат заминаҳои воқеие ба вуҷуд оварда шуданд, ки тадриҷан боиси пешрафту таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ гардиданд.

Дар натиҷа давлат имконият пайдо кард, ки барои беҳтар кардани вазъи соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағгузориро сол аз сол афзоиш диҳад. Қобили зикри махсус аст, ки дар давоми се соли охир қариб нисфи буҷети давлат ба соҳаҳои иҷтимоӣ сарф шуда истодааст.

Аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ то имрӯз доир ба зиёд кардани андозаи маоши ҳадди ақал, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хусусан бахшҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва нафақа 18 фармони Президент ва 27 қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расид, ки дар асоси онҳо андозаи маоши ҳадди ақал то ҳол 28 маротиба афзудааст.

Вале ин ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест ва мо андешидани тадбирҳоро дар ин самт минбаъд низ идома медиҳем.

Бо мақсади зина ба зина беҳтар кардани рӯзгори мардуми кишвар дар солҳои минбаъда як қатор тадбирҳои бетаъхир андешида шуданд.

Дар ин самт, қабули Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро бояд махсус зикр кард, ки дар натиҷаи татбиқи он рӯзгори мардум то андозае ба эътидол оварда шуд.

Баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум имрӯз низ яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Дар доираи амалӣ сохтани ин ҳадаф барномаҳои дарозмуддату миёнамӯҳлат - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015-ум ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро, ки матлаби асосӣ аз он раҳонидани мардум аз банди қашшоқӣ мебошад, қабул ва татбиқ карда истодаем.

Бояд гуфт, ки ҳоло қонуни зикршуда ба ниёзҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ҷавобгӯй будани худро собит сохта, барои хеле сабук гардидани зиндагии мардуми кишвар мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, риояи ҳатмӣ ва қатъии қонун, дар амал татбиқ кардани тамоми муқаррароти он вазифаи шаҳрвандии ҳар фардест, ки миллат, давлат ва Ватани худро дӯст медорад ва хоҳони зиндагии шоистаи мардуми он мебошад.

Дӯстони азиз!

Баъди он, ки мо бо дарназардошти майлу иродаи мардум ва дастгирии вакилони халқ аз минбари Иҷлосияи XVI-ум ҳадафи худро дар бобати эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ эълон намудем, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон на фақат ҳамчун як кишвари гирифтори оқибатҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, балки ҳамчун давлате, ки татбиқи рукнҳо ва арзишҳои демократии идоракунии ҳаёти ҷомеаро пеш гирифтааст, бештар гардид.

Дар натиҷа миёни Тоҷикистон ва мамолики гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ барқарор гардида, давлати мо ба аксарияти ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.

Ба ибораи дигар, азму иродаи мо вобаста ба ташкили давлати муосири демократӣ ба кишварҳои пешрафтаи олам эътимод бахшид, ки бо Тоҷикистон робитаҳои дӯстонаву ҳасана барпо кардан ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонист.

Мо бо санадҳои дар иҷлосия қабулшуда ва мавқеи усулии худ собит сохтем, ки мақсадҳои Тоҷикистон доир ба таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ва мубориза бар зидди онҳо ҳамчун хатарҳои нави глобалӣ бо ҳадафҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои Аврупову Осиё комилан мутобиқат доранд.

Ҷаҳониён тадриҷан дарк карданд, ки нодида гирифтани хатари фаъолияти гурӯҳҳои мазкур тадриҷан метавонад фазои кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон ва ҳатто аз он дурро низ ноором созад, ки ин яке аз ҳадафҳои таҳиягарон ва коргардонҳои фоҷиаи Тоҷикистон буд.

Зеро дар он кишварҳо қувваҳо ва гурӯҳҳои тундраве низ ошкору пинҳон фаъолият мекарданд, ки ба идомаи нооромиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд буданд ва мехостанд қаламрави онро ба пойгоҳи минбаъдаи густариши амалиёти террористии худ дар минтақа табдил диҳанд.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ сарзамини Афғонистон ақибгоҳи нерӯҳои ифротии минтақа буд ва барои таъминоти онҳо, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ таҷассум меёфт, хизмат мекард.

Вале дар давоми солҳои зиёд Тоҷикистон садди роҳи онҳо шуда, барои таъмини амнияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон сарфи назар аз ҳисороти зиёди ҷониву молии худ нақши кишвари буфериро иҷро намуд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар бовар ҳосил намуд, ки Тоҷикистон метавонад минбаъд низ дар таъмини амнияти қитъаҳои Аврупову Осиё ва сулҳи ҷаҳон шарики боэътимод бошад, чунки мо ҳанӯз соли 1998 дар иҷлосияи 20-уми махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи мутамаддин дар бораи хатару оқибатҳои сангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили "минтақаи амнияти гирдогирди Афғонистон"-ро пешниҳод карда будем, яъне чандин сол муқаддам аз ҳаводиси фоҷеабори 11 сентябри соли 2001 мо дар асоси таҷрибаи талхи худ аз табиати нафратангези терроризм бохабар будем.

Дар ин робита, чунонки медонед, яке аз муваффақтарин таҷрибаҳои нодири истиқрори сулҳ будани масъалаи ҳаллу фасли низоъи Тоҷикистон такрор ба такрор аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид шудааст.

Имрӯз мо метавонем ба Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва институтҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ зимни ташаккуру сипос боз муроҷиат намоем, ки дар таҳкими ин раванд, густариши интишори таҷрибаи Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани имконияту қудрати муборизаи мо бо зуҳуроти мазкур мусоидати фаъол намоянд.

Воқеан, Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибӣ ва ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин узви комилҳуқуқи созмону ташкилотҳои зиёди байналхалқиву минтақавӣ дар роҳи татбиқи сиёсати санҷидашудаи хориҷии худ пайваста мекӯшад ва бо ҳамаи кишварҳои олам ҳамкориҳои мутақобилан судмандро идома медиҳад.

Ин амр тақозои сиёсати хориҷии мо, яъне сиёсати "дарҳои кушод" аст ва дар ин замина мо ҳамеша омода ҳастем бо ҳар як субъекти равобити байналмилалие, ки нисбат ба кишвар ва мардуми мо назари нек ва ҳадафи хайрхоҳона дорад, ҳамкориҳои худро густариш бахшем.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар муқоиса бо гузаштаи чандинҳазорсолаи миллатамон ва собиқаи тӯлонии давлатдории ниёгонамон 15-солагии Иҷлосияи XVI-ум мӯҳлати чандон тӯлонӣ нест.

Вале ҳар соли он бо воқеаҳои бузургу таърихӣ ва рӯйдодҳои муҳим як марҳалаи томи сарнавишти давлати моро дарбар мегирад.
Фаромӯш набояд кард, ки дар баробари зина ба зина таъмин кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ин муддат мо бунёди давлати мустақили Тоҷикистонро гузоштем.

Имрӯз баъди понздаҳ соли баргузории ин иҷлосияи таърихӣ Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи хоси худро пайдо кардааст.

Аз ин рӯ, дар шароити кунунии ҷаҳон барои таҳким ва тақвияти минбаъдаи давлатдории миллии худ аз ҳар фарди худшиносу бедордили Ватан тақозо мегардад, ки дар амалӣ сохтани мақсаду мароми пешгирифтаи халқамон, яъне ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он саҳми арзанда дошта бошад.

Имрӯз мо бояд шукрона кунем, ки давлати соҳибистиқлол дорем, сарҷамъ ва ором ҳастем. Бинобар ин, дастовардҳои истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт кунем, ба қадри Ватани озоду мустақил, сулҳу оромӣ расем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва дар баробари ин, наслҳои навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кунем.

Татбиқи ҳадафҳои бузурги умумимиллие, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ муайян ва дар саҳифаҳои таърихи навини мардуми сулҳпарвару фарҳангии тоҷик сабт шудаанд, минбаъд низ бо сайъю талоши пайгирона ва заҳмати ҳалолу бунёдкоронаи халқи соҳибмаърифату шарафманди тоҷик амалӣ хоҳанд гашт.

Шубҳае нест, ки ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи таърихӣ аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзаминро ба ҷой оварда, неъмати бебаҳои тақдир-истиқлолияти давлатиро қадр хоҳад кард ва барои таҳкими дастовардҳои он, ободиву осудагии ҳар хонадон ва ҳар як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми содиқона, софдилона ва ватандӯстонаи худро хоҳад гузошт.

Дар охир бори дигар ҳамаи ҳамватанони азизро бо рӯзи саиди 15- солагии иҷлосияи сарнавиштсоз табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар сарзамини аҷдодиамон - Тоҷикистони азиз офтоби сулҳу сафо ҳамеша дурахшон ва аз нуру зиёи он замири ҳар як фарди Ватан ҷойгоҳи ҳамешабаҳори ваҳдати миллӣ, ободиву осудагӣ ва хушбахтии ҷовидонӣ бошад!

Саодати ҳамешагӣ насибатон бод, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520