Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.11.2012 19:08, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи барқарорсозии стансияи обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа доир ба баланд бардоштани сифати корҳо, аз ҷумла тавассути омодасозии кадрҳои баландихтисос, беҳсозии таъминоти техникӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон супоришҳои мушаххас дод.

Як зумра барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд, аз ҷумла Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019, Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон, Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016, Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017 ва Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020.

Дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Ваҳдат Директори Агентии сохтмон ва меъморӣ гузориш дод. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба риояи талаботи қонунгузории соҳа, пешгирӣ аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва ободу зебо намудани шаҳри Ваҳдат ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» ва «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «CNBM-TALCO Cement Co.,Ltd» қабул карда шуд. Тибқи он дар ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби ширкати алюминийи тоҷик ва бузургтарин ширкати сементбарории Ҷумҳурии Мардумии Чин CNBM бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки тавлиди семент бунёд меёбад. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тонна навъҳои гуногуни семент мебошад. Замони пурра ба кор даромадани корхона дар он 5 ҳазор нафар соҳиби кор ва маоши хуб хоҳанд шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани зимистонгузаронӣ, хусусан дар муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор ва ҳамчунин то 15-уми декабр ба анҷом расондани киштукори тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520