Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафар ба вилояти Суғд

26.03.2011 16:00, шаҳри Хуҷанд

Рўзҳои 24-26 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар идомаи тантанаҳои наврўзӣ ва ҳавасмандгардонии мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонии кишвар дар вилояти Суғд қарор дошт.

Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар чанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд як зумра иншооти иҷтимоию истеҳсолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони иншооти зиёди дигар оғоз бахшид ва ҳамчунин бо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ мулоқоту сўҳбатҳо анҷом дод.
Барномаи сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Суғд аз фурўдгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукўҳи хоси Наврўзи хуҷастапай, ки бо ҷашни ҷаҳонӣ эълон гаштанаш, барҳақ иди оламафрўз гаштааст, истиқбол гирифтанд. Татанаҳои идонаи Наврўзи дилафрўз дар вилояти Суғд бо ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шукўҳу азамати хоса касб намуд.

Дар чаҳорчўбаи барномаи сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шаҳри Чкалов ташриф оварда, дар ифтитоҳи бинои сеқабатаи истиқоматии Гвардияи миллии Тоҷикистон иштирок намуд.

Дар ин бино 81 нафар афсарони Гвардияи миллӣ, ки дар гарнизони ҳарбии Суғд адои хизмати пуршарафи Ватан мекунанд, соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шуданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, бинои истиқоматиро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва калидҳои хонаҳоро ба аҳли оилаи афсарони хуштолеъ тақдим намуда, онҳоро ҳам бо ин рўйдоди пурфараҳ ва ҳам бо иди Наврўзи фархундапай табрику таҳният гуфт.

Чунонки аён шуд, бино аз 53 манзили як ҳуҷрагӣ ва ду ҳуҷрагӣ иборат аст. Дар инҷо 22 оилаи хизматчиёни ҳарбӣ соҳиби хонаҳои хуштарҳи дуҳуҷрагӣ шуданд. Дар ин бино ҳамчунин 81 нафар хизматчиёни ҳарбии муҷаррад бо манзили зист таъмин гаштанд. Ба ҳамаи онҳо Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон телевизиор, яхдон ва дигар ашёи рўзгор тўҳфа намуд.

Бояд таъкид сохт, ки ҳамаи манзилҳо бо мебел, ҷиҳози рўзгор ва дигар асбобу ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки дар зарфи 5 соли охир бо дастгирии Президенти мамлакат 500 нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гаштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва ходимони давлатӣ бо манзили истиқоматии хизматӣ бояд идома дода шавад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, ба бунёди бинои Маркази нави фарҳангӣ ва Қасри варзишӣ, ки яке бо 2 ҳазор ҷойи нишаст дувумин бо 3 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд, оғоз бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи бунёди он санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро гузошта, изҳори боварӣ намуд, ки ин биноҳои боҳашамати замонавӣ дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланди корҳои меъморӣ ва таҷҳизи махсус ба поён мерасад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла зикр гардид, ки биноҳои мазкур бо усули меъмории миллӣ ва тарҳи замонавӣ бунёд меёбад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки лоиҳаи маркази фарҳангиро аз нав такмил дода, дар он шароити заруриро барои гузаронидани чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд ба эътибор гиранд.

Аз он ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба гармхонаи Трести кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши соҳибкори инфиродӣ, роҳбари ширкати "Гулафшон" Абдуфаттоҳ Абдусатторов доир ба парвариши гулҳо шинос шуд.

Зимни шиносоӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар 4 гармхонаи ин ширкат 100 нафар машғули кор буда, аз 500 то 1000 сомонӣ маош мегиранд. Дар ин гармхонаҳо наздики 15 намуди гулҳои тўҳфавӣ ва ороишӣ парвариш меёбанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз завқи касбии гулпарварон ва маҳсули заҳмати онҳо лаззат бурда ба фаъолияти онҳо баҳои баланд дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба вусъат додани ин таҷрибаи ибратбахш, зиёд намудани мутахассисон ва муассисаҳои гулпарварӣ, аз ҷумла дар дигар гушаҳои кишвар ҳидоят намуд.

Аз шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қайроқум ташриф оварда, нахуст дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли шишаи сохтмонӣ ва зарфҳои шишагии ширкати Бародарони саховатманд иштирок намуд.

Дар ҷараёни боздид, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки корхона имкон дорад, ки дар як сол қариб 1,5 миллион метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ ва 25,2 миллион дона зарфи шишагӣ истеҳсол намояд. Айни ҳол дар ин корхона қариб 150 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд ва то ду – се моҳи дигар шумораи коргарон метавонад ба 200 кас расад.

Роҳбарияти корхона дар пайравӣ ба суннатҳои волои Наврўзӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар саҳни ҳавлии корхона хатнасури 24 нафар писарчаҳо аз оилаҳои камбизоатро ба роҳ монд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки ин писарчаҳо тиливизор, велосипед ва бозичаҳои кўдакона тўҳфа карда шуд.
Дар наздикии ҳамин корхона бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як корхонаи муосири истеҳсоли орд бо номи Фаровон – 1 мавриди истифода қарор гирифт, ки аз ҷониби се соҳибкорони ҷавон – Баҳодур Бобоҷонов, Исроилхўҷа Самандаров ва Раҳмон Мирзомансуров бунёд ёфтааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, корхона бо харҷи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои соҳибкорони мазкур бо истифода аз техникаю технологияи муосири дар бозори имрўза рақобатпазир бунёд ёфта, омодаи кор гаштааст. Дар ин корхона, ки дар як шабонарўз метавонад то 100 тонна орд истеҳсол намояд, айни ҳол 25 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштаанд ва дар ояндаи наздик шумораи онҳо метавонад ба 30 нафар мерасад.
Дар ин корхона орди навъҳои олӣ, якум ва дуюм бон архи 20 фоиз аз бозор арзон ба мардум пешкаш мегардад.

Роҳбарияти корхонаи Фаровон 1 низ дар пайравӣ ба суннатҳои волои Наврўзӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар саҳни ҳавлии корхона хатнасури 20 нафар писарчаҳо аз оилаҳои камбизоатро ба роҳ монд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки ин писарчаҳо тиливизор, велосипед ва бозичаҳои кўдакона тўҳфа карда шуд.
Зимни боздид Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ҷавон ки кадрҳои ҷавони истиқлолияти Тоҷикистонанд арзи сипос намуда, ба онҳо дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ намуд.

Дар шаҳри Қайроқум бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин осоишгоҳи фарохи Баҳористон баъди таъмиру тармим ва таҷдиду таҷҳиз бо шароити замонавии истироҳату солимгардонӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, айни ҳол дар ин ҷо барои 200 нафар ҷойи корӣ ва барои 320 кас шароити табобату фароғат муҳайё гаштааст. Осоишгоҳи мазкур дар чор фасли сол фаъолият карда, дар мавсими баҳору тобистон метавонад то 500 нафар ниёзмандони амалиёти солимгардониро фаро бигирад.
Тавре табибони ҳозиқу мутахассисони табобатгоҳи осоишгоҳ иттилоъ доданд, дар ин ҷо беш аз 40 намуд табобатҳо ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла бо истифода аз техникаю технологияҳои замонавии электронӣ, таҷҳизоти ташхисию муолиҷавӣ ва истифода аз гиёҳҳо ва моддаҳои дигари шифобахши табиати биҳишосои Тоҷикистон.

Бинои истироҳатии осоишгоҳ низ дорои шароити хуби монанд ба меҳмонхонаҳои замонавӣ мебошад. Дар воқеъ, ин осоишгоҳ бо таносуби обу ҳавои наздибаҳрӣ ва шароити муосири табобату фароғат ба яке аз беҳтарин осоишгоҳҳои Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёдкорони осоишгоҳ барои ободонии чунин мавзеи фораму дилнишин арзи сипос карда, ҳамзамон барои боз ҳам васеъ истифода бурдани неъматҳои табии Тоҷикистон ва беҳтарин таҷҳизоти замонавӣ ва муҳайё намудани шароити боз ҳам беҳтар ба роҳбарият ва мутахассисони осоишгоҳ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқ дар ду моҳи аввали соли равон ва вазифаҳои минбаъда мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бори дигар бо айёми Наврўзи оламафрўз табрику таҳният гуфт.

Зимни таҳлилу баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр намуд, ки бо вуҷуди ба ҳадди 118% иҷро шудани нақшаи даромадҳои буҷетӣ дар ду моҳи соли равон нақшаи 4 намуди андоз иҷро нагаштааст ва то 1 марти соли 2011 маблағи бақияпулиҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ зиёда аз 126 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин рў, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои қарзҳои андоз ва пардохти саривақтии онҳо чораҳои дахлдор андешанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки дар ду моҳи соли равон барои рушди соҳибкории хусусӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 106 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо шудаанд ва аз 120% афзун шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муҳлати мазкур изҳори қаноатмандӣ кард. ҳамзамон изҳори нигаронӣ карда шуд, ки аз 237 корхонаи саноатии вилоят 36 корхона суръати афзоишро паст намуда, 56 – тои он бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст, ки дар натиҷа аз 68 номгўи маҳсулоти асосии истеҳсолшавандаи саноатӣ истеҳсоли 28 намуди он коҳиш ёфтааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, ҳамчунин доир ба вусъат додани сохтмони нерўгоҳҳои хурди барқӣ, гузаштан ба технологияҳо ва лампаҳои каммасрафи барқӣ, ҷоннок намудани кори минтақаи озоди иқтисодию саноатии Суғд, тавсиаи истифодабарии пурсамари заминҳои корам, аз ҷумла тавассути кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти тамоюли болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳонию минтақавӣ, бори дигар таъкид намуд, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи озуқаворӣ дошта бошад, пеш аз ҳама аз ғалладонагиҳо ва лўбиёгиҳо, ки мўҳлати нигаҳдориашон дароз аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз он, ки бо қарорҳои ҳукумати мамлакат аз аввали соли равон ба 108 хазор оилаи аҳолии ниёзманди вилояти Суғд 11 ҳазор га замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо гаштааст, ба масъулин барои ба таври одилона ва зери назари комиссияҳои ҷамъиятӣ тақсим намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Дар фароварди суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки мардуми заҳматдўсти вилояти Суғд чун ҳамаи сокинони соҳибфарҳанг ва баору номуси кишвар ҷашни солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои арзандаи бунёдкорию созандагӣ, ободонии мулки бобоӣ ва нишондодҳои намоён дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ истиқбол мегиранд.
Дар охири мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин гузориши Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъулро шунида, ба онҳо барои таъмини вусъати минбаъдаи корҳо ва расидан ба нишондодҳои баланди истеҳсолию иҷтимоӣ ва ғайра супоришҳои мушаххас дод.

Субҳи рўзи 25 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ташриф оварда, нахуст дар хатнасури 50 писарчаҳо ва тўйи арўсию домодии 10 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоати ноҳия иштирок намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба гурўҳи соҳибкорону саховатмандони ноҳия, ки барои амалӣ намудани ин иқдоми башардўстона ва ҷавонмардонаи Сарвари давлат ин кори хайру савобро ба роҳ мондаанд, арзи сипос намуда, ба ҷавонони навхонадор ва писарчаҳои хатнашуда тўҳфаҳои хотиравии наврўзӣ, аз қабили телевизор, яхдон, велосипед ва дигар ашёи рўзгор тўҳфа намуд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Зафаробод дар бунёди боғи нави садгектара иштирок намуд. Сарвари давлат дар ин ҷо чанд навниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонда, бо пирони рўзгордида ва деҳқонону боғпарварони соҳибтаҷриба ба бунёдгузорони боғи нав аз даргоҳи офаридгори олам барору баракат хостанд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар 35 гектари майдони умумии боғи садгектара аллакай ниҳолҳои зардолу, гелос, олу, себ, бодом, анор ва ангўр ҷамъ қариб 36 ҳазору 400 бех навниҳол шинонда шудааст.

Зимни суханронӣ дар назди фаъолон ва деҳқонону боғпарварони ноҳияи Зафаробод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки боғи навбунёди 100 – гектара Баҳори Истиқлол номида шавад. Пешниҳод бо фараҳмандӣ истиқбол гирифта шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда расонд, ки имрўз ба мактабҳои ноҳияи Зафаробод 150 компютер, 50 мизу 100 курсии синфӣ, 400 китоби бадеӣ ва дигар асбобу ашёи таълимӣ чун тўҳфаи наврўзии Сарвари давлат тақдим карда шуд. ҳамчунин таъкид гардид, ки шумораи тракторҳои кишоварзии ба ноҳияи Зафаробод аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда то охири сол ба 50 адад расонда мешавад.

Дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин корхонаи ҷўроббофии ширкати Хуҷанд-Инвест-Коттон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин корхона бо харҷи қариб 12 миллион сомонӣ сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини сохти италявӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Корхона метавонад нахи пахтаро то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намуда, аз он дар як сол то 7 миллион дона ҷўробҳои мардона ва кўдакона истеҳсол кунад. Дар ин ҷо қариб 400 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гаштаанд, ки бештари онҳо занону духтарон мебошанд. Маоши онҳо беш аз 1000 сомонӣ аст.

Месазад ёдовар шуд, ки ин даври дуюми ба кор даромадани корхонаҳои ширкати Хуҷанд-Инвест-Коттон доир ба коркарди нахи пахта аст. Соли 2009 аз ҷониби ин ширкат дар ҳамкорӣ бо ширкати Нику – насҷи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд як корхонаи ресандагӣ ба кор дароварда шуда буд. ҷўробҳои корхонаи ҷўроббофии ноҳияи Зафаробод, асосан, аз риштаҳои ҳамон корхона бофта мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки корхонаи корхонаи ҷўроббофии ноҳияи Зафаробод «Наврўз» номгузорӣ карда шавад.

Нимаи дуюми рўзи 25 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ташриф оварда, нахуст дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи ресандагии Олим Текстайлзи ширкати Олими Каримзод иштирок намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма ин корхонаи азими ресандагиро, ки бо навтарин техникаю технологияи сохти олмонӣ муҷаҳҳаз гаштааст, расман ба кор даровард.

Зимни шиносоӣ бо кори корхона ва сўҳбат бо роҳбарияту мутахассисони он, аз ҷумла зикр гардид, ки ин коргоҳи бузург бо харҷи 130 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Аз он 32 миллион маблағҳои худи ширкати Олими Каримзод буда, боқӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ мебошад.

Айни ҳол, ки танҳо навбати аввали корхонаи бузурги нассоҷӣ ба кор даромад, дар он 400 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 900 сомонӣ боло таъмин гаштанд. Корхона дар як сол метавонад то 7 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намояд. Дар сурати ба кор даромадани корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дўхти либос, ки дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, шумораи коргарони ин маҷмааи нассоҷӣ ба 1400 нафар хоҳад расид. Навбати дуюми он, яъне корхонаи бофандагӣ баъди як соли дигар ба кор медарояд, ки дар он боз 400 нафари дигар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Ин корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ ва таҷҳизоти техникӣ, бузургтарин ва муосиртарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Тавре иттилоъ дода шуд, маҳсулоти хушсифати дар ин корхона истеҳсолшаванда дар бозори ҷаҳонӣ ва минтақавӣ рақобатпазир буда, дорои харидорони сершумор аст.

Мавзеи ҷойгиршавии ин корхона, ки дар наздикии маркази маъмурии ноҳияи Мастчоҳ қарор дорад, ба як шаҳраки саноатӣ ва ободу зебои истиқоматӣ табдил хоҳад ёфт. Роҳбарияти ширкати Олими Каримзод нақша дорад, ки дар атрофи маҷмааи нассоҷии Олим текстайлз барои коргаронаш биноҳои зиёди ҳозиразамони истиқоматӣ бо инфрасохтори зарурии иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхона, боғчаи кўдакон ва ғайра бунёд намояд.

Ширкати Олими Каримзод, ҳамчунин тасмим дорад, ки оянда натанҳо дар ноҳияи Мастчоҳ, балки дар пойтахт ва дигар гўшаҳои кишвар низ иншооти истеҳсолию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ бунёд намояд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи саҳмгузорони ин амри бузурги созандагию бунёдкорӣ арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки маҷмааи нассоҷии Олим текстайз дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин пурра ба кор даромада, нақши намоёни худро дар пешрафти саноат ва умуман иқтисоди кишвар мегузорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин корхонаи азими саноатӣ 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номгузорӣ шавад. Пешниҳод бо хушҳолӣ пазируфта шуд.

Дар маҳаллаи ҷавонии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мактаби ҳамагонӣ барои 240 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Шодию нишоти аҳли деҳаро аз ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ ҳадду канор набуд, зеро то ин вақт дар ин деҳа танҳо як мактаби кўҳнаи хурдакаки 9 – сола амал мекард ва хонандагони синфҳои болоӣ масофаи 2 километрро тай карда, ба мактабҳои дур мерафтанд.

Ин мактаби нав, ки дорои синфи муҷаҳҳази компютерӣ ва дигар шароити муосири таълиму тарбия аст, бо харҷи 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст. Мактаб ҳамчунин дорои толори барҳавои варзишӣ ва ҳам майдони васеи варзишӣ аст, ки боиси хушнудии бепоёни дўстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар чаҳорчўбаи Барномаи рушди ноҳияи Мастчоҳ дар ин ноҳия муассисаҳои мавҷудаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иншооти дигари зербиноӣ мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифта, иншооти зиёди наву замонавӣ бунёд меёбанд.

Ба мактабҳои ноҳияи Мастчоҳ чун дастовези наврузии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин 150 компютер, 50 миз ва 100 курсии синфӣ, китобҳои дарсию бадеӣ, тахтаҳои синфӣ ва дигар ашёву асбоби таълимӣ тақдим карда шуд.

Ҷамъ аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мактабҳои ноҳияҳои Зафарободу Мастчоҳ ва шаҳри қайроққум 400 компютер, 150 миз ва 300 курсии синфӣ ва дигар асбоби таълимӣ ҳадя карда шуд.

Зимни боздид аз ноҳияи Мастчоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии ҳоҷӣ Алимаҳмад ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами парвариши сабзавоти зимистона дар гармхонаҳо аз наздик шинос шуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, аҳли хоҷагӣ дар майдони як гектар 10 гармхона бунёд намуда, аз онҳо дар як мавсими зимистон 2-3 ҳосили помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва бақлаҷон мерўёнанд ва фоидаи дилхоҳ ба даст меоранд. Тавре маълум шуд, барои бунёди як гармхона 80 ҳазор сомонӣ ва барои парвариши як кишти помидор 8700 сомонӣ сарф мешудааст. Аз як кишти помидор дар як гармхона то 8 тонна ва аз як кишти бодиринг то 10 тонна ҳосил рўёндан мумкин аст. ҳамин тариқ истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ дар як сол хароҷоти бунёди гармхонаҳоро пўшонда, минбаъд фоидаи соф меорад. Дар ин гармхонаҳо, ҳамчунин парвариши лиму ба роҳ монда шудааст.

Чунонки маълум шуд, барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вусъат додани парвариши сабзавоти барвақтӣ майдони гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти онҳо дар вилояти Суғд дар зарфи се соли охир қариб 3 баробар афзудааст. Сабаби асосии вусъат ёфтани ин таҷриба, албатта фоидаоварии зиёди парвариш ва фурўши сабзавот дар фасли зимистон мебошад.

Дар заминҳои кишти ҳамин хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дуои пирони рўзгордида ва деҳқонони соҳибтаҷриба, ҳамчунин нахустин донаҳои умедро корида, ба кишти имсолаи пахта дар вилояти Суғд оғоз бахшид.

Субҳи рўзи 26 март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон ғафурови вилояти Суғд тантанаҳои бошукўҳи наврўзӣ баргузор гардид.

Дар назди дарвозаи ин боғи зебои назаррабо ва хушҳаво, ки бунёдаш се сол пеш бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд, Сарвари давлатро бо самимияти хоса ва расму оини наврўзӣ истиқбол гирифтанд.

Садои карнаю сурнай, рақсу сурудҳои дилшинини мардумӣ аз ҳар гўшаи ин боғи фарох, ки дар майдони беш аз 630 гектар доман паҳн кардааст, ба гўш мерасид, зеро аҳли заҳмат ва ҳунармандони мардумии ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят дар қитъаҳои гуногуни боғ барои худ базмгоҳи наврўзӣ ороста, шодию дилхушӣ мекарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки ин наврўзгоҳҳои хурдакак, ки бо расму оин ва вижагиҳои хоси маҳалҳои гуногуни вилоят оро ёфта, ба мавзеъҳои дилнишини базму тараб табдил шуда буданд, дидан карда, бо аҳли заҳмату ҳунар ва мардуми соҳибзавқ сўҳбату дилхушӣ намуд.
Наврўзгоҳи асосии вилоятӣ дар саҳни ҳавлии чойхонаи боҳашамати Боғи миллии Ваҳдат ороста шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди анбўҳи зиёди мардум суханронӣ намуда, сокинони меҳмоннавози вилояти бостонии Суғд ва кулли кишварро бори дигар бо гиромитарин ва муқаддастарин ҷашни миллати куҳанбунёдамон - Наврўзи ҷамшедӣ ва Соли нави аҷдодӣ аз самими қалб табрику таҳният гуфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Наврўзро, ҳамчунин бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ арзёбӣ карда, аз таърихи бостонӣ ва расму оини волои наврўзӣ ёдоварӣ намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Наврўз оини бостонии таровату покӣ, мунодии сулҳу оштӣ ва ҷашни ҳумоюни байналмилалӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият буда, таърихи чандҳазорсола дорад ва аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми заҳматқарини вилояти Суғд ва кулли кишварро, дар пайравӣ ба расму оини бостонии наврўзӣ, ба вусъати киштукори баҳорӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонии муҳити зист ва таъмини пешрафту шукуфоии бемайлони Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.
Сипас тантанаҳои бошукўҳи наврўзӣ бо барномаи ҳунарии рақсу суруд, намоишҳои театрикунондашудаи устодони санъату ҳаваскорони ҷавон ва базми тарабу шодӣ идома ёфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520