Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Шветсария

08.12.2012 18:26, Швейтсария

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Женеваи Конфедератсияи Шветсария гардид. Сарвари давлати Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳи байналмилалии Женева Муовини намояндаи доимии Шветсария дар назди шуъбаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Женева Амадео Перез ва дигар шахсони расмӣ самимона пешвоз гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Шветсария дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он иштирок ва суханронӣ менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар маросими шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо намояндагон аз тамоми кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ширкат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 157 кишвари ҷаҳон аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошанд ва бо шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи давлатҳои аъзои созмон ба 158 адад мерасад. Саҳми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони мазкур муайянкунанда мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти зарурият ва моҳияти узвият дар ин созмон, соли 2001 ба Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мактуби дархостиро оид ба аъзо шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ирсол намуд ва Шӯрои Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар ҷаласаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми кишвари нозирро пешниҳод намуд ва Гурӯҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таъсис дода шуд. Аз соли 2001 то ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир дар ҷаласаҳои Шӯрои генералии созмони мазкур иштироки фаъолона дошт.

Рӯйдоди таърихӣ – маросими дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо 10 декабри соли равон дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женева баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯро бо Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Паскал Лами мулоқоти хоса анҷом медиҳад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520