Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил шуд

10.12.2012 22:18, Шветсария

Бегоҳии имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як руйдоди муҳими таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Шветсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии савдо пазируфта шуд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳайати расмии Хукуматии Чумхурии Точикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.

Дар оғози ҷаласа Шӯрои Созмони умиҷаҳонии савдо аз қабули се ҳуҷҷати муҳим лоиҳаи протокол оид ба ҳамроҳшавии Чумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии Савдо, қарори Шӯро оид ба ҳамроҳшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ҳисоботи гуруҳи кориро оид ба воридшавии Тоҷикистон ба созмони мазкур ёдовар шуда, ин руйдоди муҳиму фараҳбахшро барои Тоҷикистон шодбош гуфтанд.

Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои генералии созмони умумиҷаҳонии савдо суханронӣ намуда, санаи дохилшавии Чумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳим ва мусоидаткунанда ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа маънидод намуд.

Сарвари давлат бо истифода аз фурсати муносиб ба дӯстон ва шарикони ҳамкори иқтисодии Тоҷикистон, ки дар раванди дуру дароз ва мушкили воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Чумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ карданд, миннатдории самимии худро баён намуда, ба Котиботи созмон таҳти роҳбарии Директори Генералии он ҷаноби Паскал Лами барои дастгирии пайвастаашон изҳори сипос кард.

Сарвари давлат ҳамчунин барои дастгирии беғаразонаи молиявию техникӣ ба кишварҳои донор ва созмонҳои байналмилалӣ сипоси мардуми тоҷикро расонида аз ҷумла таъкид намуд, ки: «Маҳз бо кӯмаку дастгирии шумо мо тавонистем низоми тиҷорати худро бо қоидаҳои байналмилалии савдо мутобиқ намоем ва ба идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мазкур умедвор ҳастем.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 11 сол муқаддам барои шомил шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дархост пешниҳод карда буд» таъкид намуд сарвари давлат ва афзуд, ки: «Гумон мекунам, ки ин яке аз қадамҳои устувор ва мантиқан дурусти гузариши кишвари мо ба иқтисоди бозорӣ ба ҳисоб меравад.

Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла изҳор дошт, ки узвият ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо барои мардуми мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Принсипҳои созмони мазкур, махсусан доир ба эҳтироми ҳуқуқҳои ҳамдигар ва таъмини шаффофияти муносибатҳо ба принсипҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳамсон мебошанд.

Президенти мамлакат аз ҷумла зикр намуд, ки Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дорои иродаи қавии сиёсии гузариш ба иқтисоди бозориест, ки он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамаҷониба ҳамоҳангу созгор бошад.

Ислоҳотеро, ки то имрӯз бо мусоидати котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мо дар соҳаҳои қонунгузорӣ ва иқтисодиёти мамлакат бо мақсади ҳамгироӣ ба низоми бисёрҷонибаи савдо анҷом додем, ба кишвари мо имконият фароҳам овард, ки ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ба низоми тиҷорати глобалӣ дилпурона ворид гардем»: афзуд сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид дошт, ки: «Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба бандарҳои баҳрӣ бевосита роҳи баромад надорад, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошанд.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва азнавсозӣ идома ёфта, мақсад аз аз татбиқи онҳо гузариш ба иқтисоди бозорӣ, ташкили фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад.

Ба андешаи сарвари давлат раванди воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадафҳо яке аз воситаҳои муҳим буд.
Ин раванд ба Тоҷикистон имкон дод, ки таҷриба ва қоидаҳои дар ҷаҳон эьтирофшудаи савдои байналмилалиро татбиқ намояд ва иқтидори институтсионалии кишварро афзун созад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон раванди воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро ҳамчун оғози марҳалаи тӯлонии дарпешистода арзёбӣ намуд ва афзуд, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзо минбаъд ӯҳдадориҳои гирифтаашро ба ҷо оварда, муқарраротеро, ки аз талаботи ин Созмони бонуфуз бармеоянд, пурра риоя хоҳад кард ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи он самаранок иштирок хоҳад намуд.

Сарвари давлат аз густариши ҳамкориҳо бо Созмони умумиҷаҳонии савдо ва дигар аъзои он изҳори ҳавасмандӣ карда, бо итминони комил зикр намуд, ки: «Тоҷикистон узвияти худро ҳамчун воситаи таъмини рушди минбаъдаи иқтисод ва ояндаи неки мардуми кишвар истифода хоҳад кард.

Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охир ҳамкории зич бo ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳамроҳшавӣ ба низоми савдои бисёрҷонибаро барои иқтисоди рушдкунандаи Тоҷикистон ҳаётан муҳим арзёбӣ карда, аз номи худ ва мардуми тоҷик ба ҳамаи аъзои созмон барои дастгирии якдилонаи Тоҷикистон дар раванди воридшавии он миннатдорӣ баён намуд.

Сипас Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами аз пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти созмони мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили корҳо оид ба дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфӯз пояи ташкилиро дар сатҳи зарурӣ муҳайё сохт. Паскал Ламӣ аз ҷумла қайд намуд, ки Тоҷикистон бо воридшавии худ ба созмони мазкур барои рушди минбаъда ва густариши тиҷорату савдои байналмилалӣ роҳ кушод.

Дар маросими дохилшавии Чумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо хамчунин намояндагон аз тамоми кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ширкат намуда, аз шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Аз ҷумла намояндагони кишварҳои аъзо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиходи Аврупо, Чумҳурии мардумии Чин, Чумҳурии Хиндустон, Чумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ, Кирғизистон, Чумҳурии Доминикан, Шветсария, Украина, Туркия, Япония, Парагвай, Бангладеш, ва дигар кишварҳои аъзо аз фаъолияти ҳайати кории Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон оид ба воридшавии Чумҳурии Тоҷикистон ба созмони мазкур ва ҳамшарикӣ изҳори қаноатмандӣ намуда роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ин руйдоди муҳим таҳният гуфтанд.

Иштирокчиёни ҷаласаи шӯро оид ба рушду густариши ҳамкориҳо байни кишварҳои аъзо аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар карда, аз таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Шурои генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо маросими имзои Протокол оид ба дохилшавии Чумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо баргузор шуд, ки ба он Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Директории генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Ламӣ имзо гузоштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520