Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 16-умин солгарди Истиқлолият ва 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

08.09.2007 13:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Соли равон барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо як силсила ҷашнҳои муҳим - 10-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 800-солагии зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баракат ва ҷилои тоза пайдо кардааст.

Имрӯз мо дар баробари иди муқаддас ва бузурги миллиамон - Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин ҷашни фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Ҷалолуддини Балхиро, ки бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мегардад ва боиси ифтихору сарфарозии мо - тоҷикон ва тамоми мардуми фарҳангдӯсти олам мебошад, таҷлил мекунем.

Ҳарчанд ин ду санаи таърихӣ аз лиҳози фосилаи замонӣ аз ҳам дуранд, вале аз нигоҳи мазмун ва моҳияти миллӣ ҳамоҳангиву қаробати мантиқӣ доранд, зеро онҳо ифодагари истиқлолу озодандешӣ, ваҳдату худшиносӣ ва асолату ҳувияти миллии тоҷикон мебошанд.

Бинобар ин, ба ҳамаи шумо - ҳамватанони азиз ва меҳмонони арҷманд, инчунин ба тамоми тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ин ҷашнҳои бузурги умумимиллиро табрик гуфта, бароятон сарбаландӣ ва файзу сурури идона орзу менамоям.

Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон шонздаҳ сол пеш ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.

Рӯҳи озодихоҳи гузаштагони мо - тоҷикон кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадорон, зиёиёни огоҳу бедордил ва сарлашкарони меҳанпараст ба хотири истиқлоли Ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги оламшумуламон дар тӯли тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст.

Бо ҳукми таърих имрӯз мо амалӣ гардидани ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро на танҳо мебинем, балки худамон давлате бунёд карда истодаем, ки аллакай дар арсаи ҷаҳон мавқеъ ва эътибори ба худ хос дорад.

Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.
Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувватгирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои бесобиқаву беназири худ инсон ҳанӯз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст.

Баръакс, имрӯз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯбарӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳарчанд дар зоҳир гӯё "ҷанги сард" кайҳо ба охир расидааст, вале дар амал он шиддати тоза мегирад. Дар миёни давлатҳои гуногуни сайёра мусобиқаи мусаллаҳшавӣ авҷ гирифта истодааст, ки чунин раванд метавонад на танҳо амнияти кишвар ё минтақаҳои алоҳида, балки оромии тамоми инсониятро зери хатари ҷиддӣ гузорад.

Ҳамзамон, тавре ки панҷ сол пеш дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда будам, рақобати кишварҳои мухталиф барои соҳиб шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, манбаъҳои ашёи хом, захираҳои сӯзишвориву энергетикӣ ва дигар сарватҳои табиӣ вусъати бесобиқа пайдо карда истодааст, ки ин дар навбати худ боиси аз нав тақсимкунии геополитикии ҷаҳон ва шиддат гирифтани ихтилофу зиддият дар байни давлатҳо ва минтақаҳои гуногун мегардад.

Мо имрӯз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар натиҷаи истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ ва тундравии худ инсон ба низоми мӯътадили табиат таъсири манфӣ расонида, боиси сар задани офатҳои экологиву техногенӣ, инчунин тағйирёбии иқлими сайёра, аз ҷумла гармшавии глобалӣ мегардад ва оқибатҳои сангини он ҳар рӯз дар гӯшаҳои гуногуни олам ба мушоҳида мерасанд. Агар ба ин масъала ҷиддӣ нигоҳ кунем, мебинем, ки зиёни садамаву офатҳои экологӣ дар солҳои охир аз зарари моливу ҷонии ҷанги дуюми ҷаҳон бештар шуда истодааст.

Ба ин маънӣ Мавлонои бузург ҳанӯз чанд аср пештар гӯё инсониятро ҳушдор дода, гуфта буд, ки:

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,
Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.

Боиси таассуф аст, ки ҳатто дар чунин шароит андешаи неку созандаи ҳамзистии осоишта, ҳамкории мусолиматомези низомҳои мухталиф ба хотири сулҳу амнияти сайёра, кӯшиши бо усулҳои сиёсӣ ҳал намудани мухолифатҳои мавҷуда ва дигар мушкилоти инсоният дар оғози асри нав аз ҷониби баъзе доираҳо нодида гирифта мешавад.

Вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем.

Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркибии тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.

Ба ақидаи мо, танҳо бо ҳамин роҳ сулҳу суботро дар миқёси минтақаҳои алоҳида ва умуман сайёра ҳифз намуда, барои рушди инсоният ва рӯзгори осудаи он шароит фароҳам овардан мумкин аст.

Замони мо - замони муттаҳид сохтани саъю талошҳо, ба ҳам овардани кӯшишҳои муштарак дар ҳаллу фасли масоили умдаи башарият аст. Дар чунин шароит ба хотири коҳиш додану пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ - терроризм, экстремизм, истеҳсол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалӣ беш аз пеш ногузир мегардад.

Дар ин кор бояд ҳеҷ як субъекти муносибатҳои байналмилалӣ худро дар канор нагирад. Ба ин хотир пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкориву ҳамгироии кишварҳову минтақаҳо, робитаву гуфтугӯи тамаддунҳо, пуштибонии сулҳу оромӣ, фароҳам овардани фазои эътимоду боварӣ, даст кашидан аз зиддиятҳои қавмиву мазҳабӣ ва тамаддуну фарҳангҳои мухталиф бояд мазмуни аслии равандҳо, асоси ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои умумибашарӣ гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Муносибатҳои мо бо кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам торафт вусъат ёфта, мо ҳарчи бештар вориди муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии байналмилалӣ мегардем.

Дар чунин шароит амиқ дарк кардани мақсад ва ҳадафҳои худ, таҳкими дастовардҳои таърихӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ амри зарурист.

Барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақа ва мамолики пешрафтаи олам аҳамияти махсус доранд. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати "дарҳои кушода" чунин муносиботу ҳамкориҳо рӯз аз рӯз таҳкиму густариш ёфта истодаанд.

Ба имзо расидани Аҳдномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Аҳднома дар бораи ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати миёни кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, сатҳи сифатан нав касб кардани муносибатҳои мо бо кишварҳои бонуфузи олами араб ва як қатор кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дар сатҳи паст қарор доштанд, афзудани таваҷҷӯҳи сармоягузорон ба Тоҷикистон ва оғози татбиқи як силсила лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мо мисоли равшани ин раванди неку созанда аст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мо таҳкими равобити минтақавӣ ва байниминтақавӣ аст. Вобаста ба ин, бояд таъкид намуд, ки дар чунин шароит талабот ба фаъолияти созмонҳои дар фазои собиқ шӯравӣ амалкунанда беш аз пеш меафзояд.

Онҳо бояд кори худро тавре ба роҳ монанд, ки заминаҳои таърихӣ ва нерӯи бузурги ҳамкории кишварҳои мо аз тариқи робитаҳои беғаразона, баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ҳарчи пурра ва самаранок истифода карда шаванд.

Умедворем, ки вохӯриҳои дарпешистодаи Сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Созмони Аҳдномаи дастаҷамъӣ дар Душанбе дар ин амр такони тозае гардида, дар роҳи татбиқ гаштани лоиҳаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо, аз ҷумла бо Федератсияи Россия саҳифаи наве оғоз хоҳанд кард.

Мо ҳамеша хоҳони онем, ки кишвари мо ва умуман Осиёи Марказӣ ободу шукуфо гардад, сатҳи зиндагии мардумонаш хуб бошад ва онҳо тинҷу осуда умр ба сар баранд, инчунин сарватҳои бебаҳои табиии минтақа ба манфиат ва пешрафти ҳама самарабахш ва оқилона истифода шаванд.

Зеро истифодаи нерӯву имкониятҳои умумӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни давлатҳо, тақвияти муносибатҳои минтақавӣ дар заминаи манфиатҳои муштарак тақозои замон аст.

Ба ҳамин хотир мо бо бисёр кишварҳои ҳамсоя ва умуман Шарқу Ғарб равобити дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дорем ва ин роҳро минбаъд низ идома хоҳем дод.

Дӯстони азиз!

Ҳадафи аслии мо эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст.

Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи начандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Иҷрои тадбирҳои зикршуда дар навбати аввал аз сатҳи рушди иқтисодии кишвар вобаста аст. Бо дарназардошти ин, мо роҳи густариши муносибатҳои бозорӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро пеш гирифта, дар ин самт тадриҷан ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодаем.

Бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи барномаҳои давлатӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар тӯли даҳ соли охир беш аз ду маротиба ва танҳо дар ҳашт моҳи соли равон зиёда аз ҳашт фоиз афзоиш ёфт, вале ин ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии мо мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст овардем.

Соли ҷорӣ низ бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, як қатор нерӯгоҳҳои хурд, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор-Хатлон, Лолазор-Сангтӯда-1 суръат гирифт. Мувофиқи нақша агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар охири декабри соли равон ба кор андохта мешавад.

Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, сохтмони қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанак, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон ва Шаршар босуръат идома дорад.

Чанд рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пули калонтарини Панҷи поён - Бандари Шерхон, ки бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа ва бо кӯшиши муштараки мо, ҷониби Афғонистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бунёд гардид, расман ба истифода дода шуд.

Ин рӯйдоди тахрихиро, ки баробари ба вуқӯъ пайвастани он роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кишварҳои ҳамсоя ба Осиёи Ҷанубӣ ва уқёнуси Ҳинд кушода шуд, ба ҳамаи шумо табрик мегӯям.

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, иқтидори содиротии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тибқи барномаҳои махсуси давлатӣ оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ ва оғоз шудааст.
Барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат як қатор лоиҳа ва барномаҳои инвеститсионӣ таҳия гардидаанд, ки маблағи умумии онҳо 4 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Итминон дорем, ки бо татбиқи онҳо пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллии мо вусъати бештар хоҳад ёфт.

Татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 имкон медиҳад, ки густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ ва сатҳи баланди зиндагии мардумро тадриҷан таъмин гардонем.

Бо мақсади ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои нави иқтисодӣ, инчунин аз сатҳи имрӯза беҳтар таъмин кардани ҳифзи ҳуқуқи моликият Қонун "Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк" қабул карда шуд, ки татбиқи он рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ як силсила ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятнокро муайян намудаем. Ва имрӯз бо итминон гуфта метавонем, ки дар натиҷаи ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона кардани беш аз панҷоҳ фоизи буҷети давлатӣ ва дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ доир ба бунёд, таъмир ва азнавсозии инфраструктураи иҷтимоии соҳа пешравиҳои назаррас мушоҳида карда мешавад.

Ба хотири баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии мардуми кишвар, ки дар роҳи он маъракаву маросимҳои серхароҷот монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекарданд, Қонун "Дар бораи танзими анъана, ҷашн ва маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро қабул кардем ва он аз ҷониби аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуд.

Бо ин иқдом мо барои то андозае сабук гардонидани бори зиндагии халқамон шароити мусоид фароҳам овардем. Дар айни замон зарур аст, ки дар доираи татбиқ ва риояи қатъии қонуни мазкур расму оинҳо ва маъракаороиҳо ба тартибу низом ва меъёри муқарраршуда дароварда шаванд.

Мо бо амалӣ намудани сиёсати рушди устувори иқтисодӣ мақсад дорем, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, тадриҷан беҳтар шудани сифат ва сатҳи зиндагии мардум муваффақ шавем. Ва итминон дорем, ки дар давоми чанд соли наздик ба ҳалли ин масъалаҳо ноил мегардем.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навини худ баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сафарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додем.

Ба ибораи дигар, ҳифз кардан, омӯхтан ва омӯзонидан, инчунин таблиғи арзишҳо ва анъанаҳои неки таърихиву фарҳангиро ба сатҳи давлатӣ бардоштем. Ва чунон ки имрӯз мебинем, мафҳумҳои истиқлолият ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд.

Дар тӯли ҳазорсолаҳо моро мутафаккирони оламшумуламон ҳамеша ба озодандешиву истиқлолият, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, ҳамкориву ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кардаанд.

Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун як фарди озодандеш ва инсонпарвар ғояҳои абадзиндаи ваҳдату дӯстӣ ва ҳамдиливу ҳамгироии инсонҳоро шиори зиндагӣ ва маънии ҳаёт дониста, ба инсони огоҳу бедордил, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу некхоҳ арҷи бузург гузоштааст.

Афкору андешаҳои пурқимати ин абармарди илму ирфон бахусус дар марҳилаи эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва ҳалли тазоду мушкилоти даврони ҷаҳонишавӣ арзиши дучанд пайдо кардаанд.

Назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи ин орифи бузург дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад.

Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно - "Маснавии маънавӣ", "Девони кабир", "Фиҳи мо фиҳи", "Мавоизи маҷолиси саъба" ва "Мактубот" падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони Бузург мебошанд.

Каломи басо дилчаспу содаи Мавлоно баъди гузашти 800-сол имрӯз низ барои ҳар пиру ҷавони тоҷик фаҳмову дастрас буда, ҳамчунин аксари мардуми оламро сарфи назар аз эътиқод ва дину оинҳои мухталифи онҳо мафтун гардонидааст. Беҳуда нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ баъди дусад соли даргузашти ӯ дар хусуси бузургии шахсият ва қимати шоҳкории камназираш чунин гуфтааст:

"Маснавии маънавӣ"-и Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.

Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо - тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд.

Зиндагии Мавлоно ва густариши равияи мавлавия ба пуштибонии салтанати Салҷуқиёни Рум алоқаманд аст, ки дар Осиёи Хурд ҳукмронӣ мекарданд. Азбаски солҳои зиёди умр, авҷи таълиму тадрис, фаъолияти илмиву эҷодӣ ва манзили охирати Ҷалолуддини Балхӣ бо ватани дуюми ӯ - шаҳри Қунияи Рум, яъне қаламрави Туркияи имрӯза вобаста мебошад, ӯ бо номҳои Ҷалолуддини Румӣ, Мавлоно, Мавлавӣ ва Мавлои Рум шӯҳрат пайдо кардааст.

Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салҷуқиёни Рум - забони тоҷикӣ буд ва ба шарофати чунин фазои мусоиди фарҳангӣ барои инкишофи илму ирфон, ҳикмату фалсафа ва шеъру адаби аҳли Хуросони Бузург ва сарзамини Эрон шароити созгор фароҳам омада буд.

Ҷалолуддини Балхӣ ва пайравони ӯ на танҳо дар густариши илму фарҳанги ниёгони худ, балки дар инкишофи тамаддуни мардуми туркзабон низ хизмати бузурги таърихиро анҷом додаанд.

Онҳо бо нерӯи сухан, ақлу хирад ва фарҳанги воло дар ҳамгироии халқҳову тамаддунҳо хизмати арзишманд кардаанд ва маслаку равияи онҳо дар амри таҳкими робитаи тамаддунҳо ва ҳамзистии осоиштаи аҳли башар барои мо имрӯз низ хеле ибратомӯз аст.

Дар замони салтанати Салҷуқиёни Рум дини ислом дар ҳаёти ҷомеа нақши асосӣ ва марказӣ дошта, дар баробари ин, барои фаъолияти озоди оину мазҳабҳои масеҳиву насронӣ ва зардуштиву яҳудӣ монеае мавҷуд набуд.

Таълимоти Ҷалолуддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлӯҳои зиндагии инсон, андешаву афкори созанда ва талаботи маънавии аҳли башарро фаро мегирад. Аз ин ҷост, ки Мавлоно инсонҳоро бузургтарин ва азизтарин офаридаи Худованди якто дониста, онҳоро ба сиёҳу сафед, ирқу нажод, ғарбиву шарқӣ ва бутпарасту насронӣ тақсим намекунад.

Зеро асоси таълимоти "мавлавия" аз забони худи Мавлоно чунин ҷамъбаст шудааст: "Дар ҳама ҷо Худо яке, ёр яке, сухан якест".

Вақте ки Мавлоно аз дарёфти ҳақиқат сухан мегӯяд, ӯ инсонро ба камолоти маънавӣ ва таҳқиқи олами ботинии худ талқин месозад. Ба ибораи дигар, дарёфти маънавиёт аз диди Мавлоно - шинохти инсон ё худ мазҳари худшиносист, ки ин падида имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлоливу соҳибдавлатии мо аҳамияти хоса дорад.

Худшиносӣ ва дарёфти ҳувияти миллӣ омилҳое мебошанд, ки моро беш аз пеш ба ваҳдат ва гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ниёгонамон ҳидоят мекунанд.

Мавлонои Балхӣ бо намояндагони қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳои гуногун бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ озодона сухан мегуфт. Дар баробари ин, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ аз назари ӯ асоси таъминкунандаи осоиши башар будааст:

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ӯ дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя андешаи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро ба миён гузоштаааст, ки имрӯз ҳамсадои робитаи мусолиматомези фарҳангҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳост.

Инсон барои ин мутафаккир, ки худро "на тарсову яҳуд, на габру мусулмон, на шарқиву ғарбӣ, на улвию сифлӣ" мешуморид, беҳтарин офарида ва мӯъҷиза аст.

Бо дарназардошти ин, агар Мавлонои Балхиро, ки мақому манзалати инсонро сарфи назар аз мансубият ба миллату мазҳабҳои гуногун аз ҳама болотар гузоштааст, яке аз саромадони оғози муколамаи Шарқу Ғарб ва робитаи мусолиматомези дину мазҳабҳо ҳисоб намоем, муболиға ё иштибоҳе нахоҳад шуд.

Беҳуда баъди фавти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар шаҳри Қуния мотами умумихалқӣ барпо нашудааст: аз паси тобути ӯ издиҳоми бузурги мардуми қавму миллат ва мазҳабҳои гуногун рафта, ҳар кадоми онҳо аз Қуръону Инҷил ва Тавроту Забур ба арвоҳи ӯ дуову муноҷот хондаанд.

Паҳлӯи дигари таълимоти Мавлоно, ки барои ҷаҳони муосир ва инсони асри кайҳон хеле муҳим аст, ин афкори ахлоқии ӯ мебошад.

Мутафаккир ба бузургтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгони мо ва арзишҳои умумибашарӣ такя карда, некиву накӯкорӣ, хайру эҳсон, навозиши ятимону бепарасторон, ахлоқи ҳамида, дигар фазилатҳои писандида ва адолати иҷтимоиро дар осори ҷовидонаи худ тараннум карда, аз ҷумла фармудааст:

Ҳазор бор пиёда агар тавофи Каъба кунӣ,
Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Ҷалолуддини Балхии Румӣ шахсияти бузург ва нотакрори ирфону адаб буда, осори ҷовидонаи ӯ, тавре ки гуфта шуд, ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб хонандагону эътиқодмандони зиёд дорад.

Ба қавли яке аз донишмандони маъруф "агар имрӯз аз Каҳкашони дурдаст бо мо тамос бигиранд ва фавран бихоҳанд, ки ду китоби намунае барои муаррифии шахсияти миллии мо барояшон бифиристем, гумон дорам "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ва "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоноро метавон ихтиёр кард".

Осори ҷовидонаи ӯ имрӯз ба даҳҳо забони гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонотарини аҳли олам қарор гирифтааст.

Мо - тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.

Дар Ватани азизи мо -Тоҷикистон ӯ маҳбуби қалбҳо ва азизи ҳар хонадон аст ва шоҳкории безаволи ӯ - "Маснавии маънавӣ" ҳамчун баёни Қуръони карим бо забони шаккарини тоҷикӣ шинохта шудааст.

Бинобар ин, ба хотири бузургдошти шахсият ва эҳтироми ин абармарди олами ирфону адаб, ки фарзанди миллати куҳанбунёди тоҷик ва пешвои маънавии қавму миллатҳои гуногуни олам мебошад, чанде пештар ноҳияи Колхозободи вилояти Хатлон Ҷалолуддини Румӣ номгузорӣ карда шуд.

Илова бар ин, ҳоло пешниҳод менамоям, ки ба яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Қӯрғонтеппа ва калонтарин гимназия-интернати дар ин шаҳр бунёдшаванда номи Ҷалолуддини Румӣ дода шавад.

Бо дарназардошти ин, ки имрӯз Мавлавии Балхӣ на фақат дар Тоҷикистону Туркия, Афғонистону Эрон, Покистону Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди мусулмонӣ, балки дигар минтақаҳо ва кишварҳои Шарқу Ғарб маъруфу машҳур аст, мо бо ташаббус ва дастгирии ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил шудани 800-солагии ӯро ҳамчун нишонаи арҷгузорӣ ба фарзанди бузурги тоҷикон ва бузургдошти арзишҳои ҷовидонаи умумиинсонӣ мешуморем.

Ормонҳои волои истиқлолият, меҳанпарастиву башардӯстӣ, озодфикриву озодманишӣ, илмомӯзиву маърифатпарварӣ, хайрхоҳиву таҳаммулгароӣ, ваҳдату дӯстӣ, хулоса ахлоқи ҳамидаву фазилатҳои неки инсонӣ мероси бегазанди тамоми ниёгони бузурги мо, аз ҷумла Мавлоност, ки мардуми тоҷик ва аҳли оламро ба сӯи ояндаи нек ва рӯзгори пурсаодат ҳидоят менамояд.

Аз ин лиҳоз, дар ин лаҳзаҳои фархунда бо ифтихор мегӯям, ки поянда бод истиқлолияти миллӣ ва давлату давлатдории миллате, ки чунин абармардро ба ҷаҳониён эҳдо кардааст!

Зиндаву ҷовид бод ном ва корномаи бузурги ахлоқӣ ва инсонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ!

Бигзор нури истиқлол ва ирфони безаволи Мавлоно барои мо - тоҷикон чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари фатҳу нусратҳои оянда бошад!

Бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азиз ва меҳмонони гиромиро ба ифтихори 16-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 800-солагии зодрӯзи Мавлонои бузург табрик гуфта, бароятон сулҳу субот, саломативу хонаободӣ ва пирӯзию сарбаландӣ орзумандам!

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520