Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиёрати оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Қунияи Туркия

17.12.2012 16:14, Туркия

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия ташриф оварда, нахуст оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро зиёрат кард ва бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Мавлоно мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи шаҳри Қуния бо эҳтирому самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар ин шаҳри зебои бостонӣ ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш, аз ҷумла намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон нахуст оромгоҳи шоир, олим ва мутафаккири бузурги олами Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро зиёрат намуда, барояш дуою фотиҳаи накӯ карданд. Тавре аён гардид, оромгоҳи ин пири ботадбир, ки зиёратгоҳи маҳбуби мардуми кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб аст, ҳамеша пур аз зоирон аст.

Шоҳбайтҳое, ки дар болои дари даромадгоҳи оромгоҳ ва деворҳои чор паҳлӯи он навишта шудаанд, аз эътиқоду эҳтироми баланди бузургони гузаштаю имрӯза ба осори ҷаҳоншумули мавлоно гувоҳӣ медиҳанд:

Каъбат-ул-ушшоқ бошад ин мақом,
Ҳар ки -ноқис омад, ин ҷо шуд тамом.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳ ва осорхонаю қадамҷоҳои дигари Мавлонои Балх, ки ҳамагӣ зиёратгоҳҳои мубораки муридону ихлосмандони ин донишманди оламшумуланд, шинос шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520