Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики дар Туркия таҳсилкунанда

17.12.2012 16:55, Туркия

Дар Донишгоҳи Мавлоно Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин ва дигар мактабҳои олии Туркия таҳсили илму дониш мекунанд, сӯҳбати самимӣ анҷом дод.

Тавре зикр гардид, дар мактабҳои олии Туркия наздики 350 донишҷӯи тоҷик дар бахшҳои гуногун таҳсили илм мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосир ва истифодаи босамари имконоти фарохи муҳайёгардида ҳидоят намуда, аз ҷумла таъкид дошт: “Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кард, ки шумо намояндагони миллати тоҷик, ворисони Мавлонои бузург мебошед, ки рӯҳи покаш дар хоки ин сарзамин нуҳуфтааст. Ин воқеият агар, аз як тараф, боиси сарфарозии шумо бошад, аз тарафи дигар, ба дӯшатон масъулияти азими пайвандгари анъанаҳои чандинасраи дӯстиву рафоқати халқҳои моро вогузор менамояд. Аз имкониятҳое, ки барои таҳсилу касбомӯзии шумо дар муассисаҳои таълимӣ фароҳам оварда шуда, ба пуррагӣ истифода намоед, забон омӯзед ва дар ин замина ҷаҳонбинии худро васеъ гардонед”.

Донишҷӯён низ дар навбати худ қавл доданд, ки хуб таҳсили илм карда, нақши пайвандгарии фарҳангу тамаддуни ду миллатро ба таври шоиста иҷро мекунанд ва ҳам мутаххасисони баландпоя шуда, оянда ба Тоҷикистони азиз содиқона хизмат менамоянд.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520