Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

20.03.2013 19:40, Туркманистон

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни робитаҳои Тоҷикистону Покистон гуфтугӯ сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳор дошт: “Тоҷикистон майлу кӯшишҳои Покистонро ба фаъолияти бештар дар доираи Созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва исломӣ ҷонибдорӣ менамояд”.

Аз густариши робитаҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон, ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар шаҳри Душанбе ва тамоюли бозшавии намояндагиҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва бандарҳои баҳрии Покистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи кимиёвӣ, тиббӣ, ресандагию бофандагӣ ва маводи ғизоӣ дорои манфиати зиёд барои ҳарду кишвар арзёбӣ гардид.

Аз рушди ҳамкории босамари хадамоти махсус, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла барои пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ низ изҳори хушӣ карда шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳам дигар мавзӯъҳои минтақавӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520