Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.03.2013 11:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пеш аз ҳама Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 тасдиқ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки омодагии ҷиддӣ ба зимистонро аз ҳозир ҳамаҷониба оғоз намоянд. Таваҷҷуҳи зиёд ба барқарору навсозии марказҳои барқугармидиҳии мавҷуда ва тезондани сохтмони маркази нави барқугармидиҳии шаҳри Душанбе зоҳир гардид. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба захира намудани ангишт, гази моеъ ва мазут дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи воситаҳои нашадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ”, “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ”, “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо пешниҳод гардид. Хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи ду қонуни нав – “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия” ва “Дар бораи нафт ва газ” низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 ва таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қабул карда шуд.

Номгӯйи конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ тасдиқ гардид.

Дар фароварди маҷлис дар назди масъулин доир ба омода намудани обкашҳои барқӣ барои таъмини кишоварзон бо об, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи об, иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дода шуда буданд ва ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои соҳилбандӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои шадиди офатҳои табиӣ, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520