Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шулс

10.04.2013 15:58, Белгия

Дар идомаи сафар ба Брюсел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шулс мулоқот намуд.

Дар даромадгоҳи бинои Парлумони Аврупо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Парлумон Мартин Шулс истиқбол гирифта, ба макони аксбардории якҷоя даъват намуд.

Дар мулоқоти онҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, хусусан раванди таҳкиму густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Аз пайвастагии робитаҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва сохторҳои марказии Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Парлумони он, фаъолияти босамари Кумитаи ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонӣ ва ҳамчунин татбиқи босамари Стратегияи ҳафтсолаи ҳамкории Иттиҳод бо Осиёи Марказӣ изҳори қаноат карда шуд.

Мартин Шулс мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва нақши сиёсию амниятии онро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар таъмини суботу эътидол дар Афғонистон ва пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму экстремизм ва қочоқи мухаддирот муҳим номида, ҳавасмандии Иттиҳоди Аврупоро ба густариши ҳамкории босамар бо он таъкид дошт.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, таҳкими институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Дар робита ба шароити баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли равон баргузор мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Ман ҳамчун Президенти кишвар ва кафили риояи Конститутсия кафолат медиҳам, ки интихоботи Президентии Тоҷикистон озодона, шаффоф ва демократӣ ҷараён мегирад”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520