Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи фестивал - симпозиуми байналмилалии Шашмақом

10.05.2013 18:37, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Шашмақом фестивал - симпозиуми байналмилалии Шашмақом ба кори худ оғоз намуд.

Таҷлили имсолаи Рӯзи Шашмақом дар толори калони театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо баргузории консерти бошукӯҳи устодон ва ҷавонони шашмақомхон оғоз ёфт. Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинии ҳунарӣ шукӯҳу ҷалоли хоса зам намуда, аз муҳаббату алоқамандии ӯ ба фарҳанги пурғановати миллиамон башорат медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки 12-уми майи соли 2000 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рушди минбаъдаи санъати Шашмақом ва ба ансамбли Шашмақоми ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани мақоми давлатӣ фармон содир намуд. Аз он вақт ҳар сол дар ин рӯзҳои рӯҳафзои баҳорӣ Рӯзи Шашмақом бо барномаҳои рангини устодону ҳаваскорони ин санъати волои бостонӣ таҷлил мегардад.

Чанде баъд Шашмақом аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва ғайримоддии мероси ҷаҳонӣ ҳамроҳ карда шуд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Шашмақом чун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард. Ин аст, ки имрӯз ба сафи устодони пуртаҷрибаи ин жанри классикӣ ҷавонони зиёди соҳибистеъдод ворид шуда, завқу салиқаи баланд нишон медиҳанд ва бо ин собит менамоянд, ки минбаъд низ ин санъати волои ниёгони шарафманди мо рушду такомул хоҳад ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди барномаи консертӣ ифтитоҳи фестивал - симпозиуми байналмилалии Шашмақомро ба аҳли фарҳанги кишвар табрик гуфта, ба ҳунари волои таҳиягарон ва иҷрокунандагони ин барномаи рангин баҳои баланд дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520