Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе

15.05.2013 16:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо ҷараёни таълиму тарбия дар он бевосита шинос шуд.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба литсей-интернати Президентӣ, ки нахустин мактаби махсус барои хонандагони болаёқат дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, омӯзгорону хонандагони он бо арзи сипосу самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

Дар литсей-интернати Президентӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки шумораашон дар ин мактаб хеле зиёд аст, суҳбат намуда, вориди маркази тестии электронӣ шуд. Тавре аён гардид, омӯзгорону хонандагони ин мактаб ба дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ-электронӣ дастрасӣ дошта, аз имконоти он босамар истифода мебаранд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «имтиҳонсупорӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки омӯзгор бо хонанда, довталаб ва ё донишҷӯ робитаи бевосита надошта бошад. Омӯзгор бояд надонад, ки дониши киро месанҷад, то ки амалан имконияти ришваситонӣ ва амалҳои коррупсионӣ аз миён бардошта шавад».

Ба иттилои роҳбарияти литсей, тамоми солҳои фаъолияти он хатмкунандагонаш сад дар сад ба мактабҳои олии касбии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дохил мешаванд, зеро таълиму тарбия дар ин ҷо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Аз суҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хатмкунандагон аён гардид, ки аксари онҳо ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дошта, майлу хоҳиши дохил шудан ба мактабҳои олии техникӣ ва соҳиби ихтисосҳои муҳандисӣ-техникӣ шудан доранд. Таваҷҷуҳи духтарон ба мактабҳои олии тиббӣ ва иқтисоду молия бештар аст.

Тавре аён гардид, хонандагони литсей-интернати Президентӣ аз дониши хуби фанҳои гуногуни дақиқ ба мисли физика, риёзиёт, химия, биология, ситорашиносӣ, ҳамчунин фанҳои гуманитарӣ чун забону адабиёти тоҷик, таърих ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ баҳраманданд.
Аз суҳбат бо хонандагони дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ маълум гардид, ки тарбияи ҳисси ҳарбӣ-ватандӯстӣ низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар ин литсей, ҳамчунин маҳфилҳои ҳунарӣ, аз ҷумла шеъру сурудхонӣ ва ҳунари театрӣ низ фаъоланд. Иштирокдорони ин маҳфилҳо дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳунари воло нишон доданд.

Дар литсей, ҳамчунин синфхонаҳои омӯзиши ҳунарҳои рӯзгордорӣ ва устохонаи дуредгарӣ мавҷуд аст. Духтарони литсей дар ин ҷо ҳунарҳои пӯхтану омода кардани хӯрокҳои гуногун, дастархонороӣ ва дӯхти либосро низ меомӯзанд. Нишони давлатии Тоҷикистон, ки аз ҷониби духтарони гулдӯзу зардӯзи ин литсей бо ҳунару малакаи олӣ омода гардидааст, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя карда шуд.

Литсей-интернати Президентӣ, ҳамчунин дорои толори калони варзишӣ, майдони васеи варзишӣ, ошхона ва дигар толору утоқҳои зарурӣ аст.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бисёрсолаи литсей-интернати Президентӣ, ки ҷавонону наврасони зиёди соҳибистеъдодро ба камол расондааст, баҳои баланд дод.

Зикр гардид, ки дар давоми даҳ соли охир Литсей - интернати Президентиро як ҳазору 600 нафар хатм намуда, беш аз як ҳазору 300 нафари онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва 240 нафар ба мактабҳои олии давлатҳои пешрафтаи хориҷӣ дохил шудаанд. Дар давоми се соли охир шогирдони литсей-интернат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дар маҷмӯъ соҳиби беш аз 190 медал гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки аз соли оянда сохтмони як бинои наву муосири таълимӣ ва як хобгоҳ барои ин мактаб оғоз меёбад.

Хотиррасон гардид, ки барои дар сатҳи баланд муҳайё намудани шароити таълимӣ дар ин литсей маблағгузории давлатии он аз 320 ҳазор сомонии соли 2003 то ба 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ дар соли 2012 расонда шуд. Соли 2013 бошад, барои ташкили фаъолияти босамари ин литсей ҷудо намудани 1 миллиону 840 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо ёдоварӣ аз ғамхории доимии давлату ҳукумат ба соҳаи маорифи кишвар ва хусусан ба мактабҳои махсуси хонандагони болаёқат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хониши аъло, аз бар кардани дастовардҳои муосири илму техника ва технология ва соҳиби касбу ҳунарҳои зарурӣ шудан ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520