Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд оғоз ёфт.

17.05.2013 13:48, Таиланд

Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Таиланд оғоз ёфт.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти ин кишвар шаҳри Бангкок Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Муовини сарвазири Таиланд, Вазири маорифи он Понгтэп Тэпканяна ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Таиланд дар нимҷазираи Ҳиндухитой, ҷанубу шарқи қитъаи Осиё қарор дошта, яке аз давлатҳои дорои таъриху фарҳанги куҳан ва иқтисоди пешрафтаи ин минтақа ба шумор меравад.

Тибқи барномаи сафар, пас аз чанд лаҳза мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра оғоз меёбад.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар Шоҳигарии Таиланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” иштирок ва суханронӣ карда, бо чанде аз иштирокдорони воломақоми ин ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520