Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқотҳо бо роҳбарони як қатор ширкатҳои Чин

19.05.2013 17:36, Чин

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Таиланд барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин омад.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Чин дар шаҳри Пекин пагоҳ баргузор мегардад.

Имрӯз баробари ворид шудан ба шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд мулоқоти судбахш бо роҳбарони як зумра сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дод.

Дар мулоқот бо роҳбари ширкати Чайна глобал Хуан Ҷянжун ва Президенти Иттиҳодияи саноати кӯҳӣ Ван Хайтао масоили рушди ҳамкорӣ доир ба густариши истеҳсолот дар ширкати муштараки кӯҳкории Тоҷикистону Чин Зарнисор ва ташкили ҳамкорӣ дар дигар конҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки ширкати Чайна глобал тасмим дорад, дар марҳилаи якуми бунёд ва рушди ширкати муштараки Зарнисор беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, ҳамчунин дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) як комбинати бузурги металлургӣ бунёд намояд. Шумораи коргарони ин ширкат аз Тоҷикистон бояд ба 2-3 ҳазор нафар расонда шавад.

Аз роҳбарияти ширкати Чайна глобал талаб карда шуд, ки корҳоро барои бунёди корхонаи металлургӣ суръат бахшида, дар бунёди инфрасохтори коммуникатсионию иҷтимоӣ низ иштироки фаъол дошта бошад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ширкатҳо тавсия дод, ки барои дастрасӣ пайдо кардан ба конҳои нави маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намоянд, зеро ҳоло ин кор танҳо тавассути чунин озмунҳо имконпазир аст.

Зимни мулоқот бо Президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ доир ба афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон гуфтугӯй сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ин ширкат тайи 6 соли кор дар кони  Зарафашон дар ин ҷо беш 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. То имрӯз истеҳсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва шумораи коргарон ба 2 ҳазор нафар расонда шудааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад.

Тибқи талабу дархости ҷониби Тоҷикистон ин ширкат, ҳамчунин бояд як корхонаи коркарди мис бунёд намояд.

Дар мулоқот бо роҳбари ширкати Дунин доир ба сармоягузорӣ ва рушд Го Жэнсян масоили вобаста ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона дар солҳои наздик бояд бо иқтидори солонаи коркарди 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт сохта шавад. Дар марҳилаи аввали он то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷо бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Ин ширкат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи миллии нафтии Чин ташкил хоҳад кард.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520