Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Чжоу Ҷинпин

21.05.2013 01:16, Чин

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Чжоу Ҷинпин мулоқоти басо судбахш анҷом дод.

Зимни суҳбати самимӣ масоили ба роҳ мондан ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ин ширкати дорои нуфузи ҷаҳонии Чин тасмим дорад дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон иштироки фаъол дошта бошад. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати канадагии Тетис петролиум ва ширкати фаронсавии Тотал ташкил хоҳад шуд. Дар оянда ин ширкат тасмим дорад, ки содироти нафту газро аз конҳои ояндадори ин минтақа ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Аз ин рӯз эътиборан ҳамкории Корпоратсияи миллии нафту гази Чин бо Тоҷикистон бояд ба рӯҳи ҳамшарикии стратегии ду кишвари дӯсту ҳамсоя мутобиқ карда шавад”.

Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ ба имзо расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520