Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Вохӯрии 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд

21.05.2013 11:43, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд, ки тайи чанд рӯзи охир дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, иштирок ва суханронӣ намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин ҳамоиши бузург беш аз 740 меҳмони воломақоми хориҷӣ аз қариб 80 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз нақши боризи дини ислом чун василаи густариши робитаҳои сиёсӣ, рушду тараққиёти илму фарҳанг ва иқтисоду тиҷорат ёдовар шуда, кишварҳои мусулмонӣ ва аъзои Бонки исломии рушдро ба ҳамкории созанда, хусусан ба дастгирии пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишварҳои рӯ ба рушди олами ислом даъват намуд.

Дар ин қисмати вохӯрӣ, ҳамчунин Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, аз номи давлатҳои мусулмонии қитъаи Африқо Мудири Бонки исломии рушд аз Ҷумҳурии Нигерия Вазири давлатии молияи ин кишвар Яримон Лаван Инҷома, аз номи кишварҳои арабӣ Мудири Бонки исломии рушд аз Мамлакати Арабистони Саудӣ Вазири молияи ин кишвар Иброҳим ибни Абдулазиз ал Ассоф, аз номи кишварҳои дигари мусулмонии Осиё Мудири Бонки исломии рушд аз Ҷумҳурии Туркия Муовини сарвазири ин кишвар Алӣ Бобоҷон суханронӣ намуданд.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ, аз ҷумла аз тиҷорати бовиҷдонона ва саховатмандиҳои олиму фақеҳи бузурги тоҷик, пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ёдовар шуда, чунин хислатҳои накӯи ин шахсияти пурфазилатро барои ташкил ва густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои мусулмонӣ ва дастгирии давлатҳо ва мардумони ниёзманди мусулмон ибратбахшу омӯхтанӣ номид.

Зикр гардид, ки дар пайравӣ ба чунин аъмоли саховатмандонаю хайрхоҳона ҳоло дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди рушди иҷтимоиёту инфрасохтор бо харҷи 320 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои ҷудонамудаи Бонки исломии рушд дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ, ҳамчунин аз форуми соҳибкорону тоҷирони сершумори кишварҳои мусулмонӣ, ки дар Тоҷикистон дар ин рӯзҳо баргузор гардид, ёдовар шуд ва изҳори боварӣ намуд, ки он ба дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла барои ҷалби бештари сармояи кишварҳои пешрафтаи мусулмонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Ба гуфти Аҳмад Муҳаммад Алӣ, Бонки исломии рушд афзалиятҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, рушди бахшҳои гуногуни соҳаҳои кишоварзӣ, саноати коркард ва ғайра хуб мефаҳмад ва минбаъд низ кумаку мусоидати худро дар татбиқи амалии чунин лоиҳаҳо дареғ нахоҳад дошт.

Мудири Бонки исломии рушд аз Ҷумҳурии Туркия, Муовини сарвазири ин кишвар Алӣ Бобоҷон аз рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон, ки таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳамасола ба ҳисоби миёна ҳаҷмаш ба андозаи 7% афзоиш меёбад, ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар солҳои наздик бо дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла кишварҳои пешрафтаи мусулмонӣ ба давлати рақобатпазир дар бозори минтақавию ҷаҳонӣ табдил хоҳад ёфт.

Сипас аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҷоизаҳои Бонки исломии рушд доир ба иштироки фаъоли занон дар рушд ва ҷоизаҳо дар соҳаи илму техника ба барандагони онҳо тақдим карда шуд.

text-align: justify;

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520