Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва ҳам иштирок дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя ва дорои ҳамрангиҳои зиёди ҷуғрофию табиӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худи ҳамин рӯз дар бустонсарои Алаарчаи Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо саф кашидани ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ, гузориши формондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ҳарду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.