Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

28.05.2013 15:38, Қирғизистон

Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.

Владимир Путин зимни суҳбат ба масоили амнияти минтақавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дахл намуда, аз коҳиш ёфтани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2012 изҳори нигаронӣ кард. Ӯ, аз ҷумла изҳор дошт: “мо бояд сабабҳои ин тамоюлро таҳлил намуда, барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешам ва боварӣ дорам, ки ин ҳолат ислоҳшаванда аст, зеро Русия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон боқӣ мемонад”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки тавофуқоти   зимни сафари порсолаи Президенти Русия ба Тоҷикистон ҳосилшуда, ба тасвиб расида, татбиқи амалиашон оғоз меёбад.

Доир ба дастгирии техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти дурнамои авзои Афғонистон пас аз соли 2014, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва атрофи густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520