Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия ба кори худ субҳи рӯзи 16 – уми июн шурӯъ намуд.
Дар ҷаласа масоили таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчӯби ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла оид ба мубориза бо хатарҳои терроризму экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуда, як қатор қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Масоили рушди ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла робитаҳои байнибонкӣ ва илмию фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гашт.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай 10 миллиард доллари амрикоӣ қарз ҷудо мекунад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба Беларус ва Шриланка додани мақоми нозир дар Созмони ҳамкории Шанхайро нишонаи тавсиаи миқёси фаъолияти созмон ва болоравии обурӯю нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ маънидод карда, масъалаи қабул кардани кишварҳои навро ба узвияти ин созмон мавриди пуштибонӣ қарор дод.
Дар охири ҷаласа Эъломияи Екатеринбургии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Баёнияи муштарак аз натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон ва як зумра санадҳои дигар ба имзо расиданд.
Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчунин Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Раиси Шӯрои директорони Бонки рушди Чин Чен Юан мулоқот намуда, оид ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва маблағгузории сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари мурмаҳсули худ ба шаҳрҳои Маскав ва Екатеринбурги Федератсияи Русия бегоҳии рӯзи 16-уми июн ба Ватан омад.