Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо кори корхонаи профилҳои алюминӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғди шаҳри Хуҷанд

19.06.2013 09:12, шаҳри Хуҷанд

Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғди шаҳри Хуҷанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминии ширкати Офарин Алюминиум иштирок намуд.

Тавре зикр гардид, Офарин Алюминиум ширкати муштараки тоҷикию туркӣ буда, дар доираи татбиқи Барномаи давлатии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминии аввалия барои солҳои 2007-2015 таъсис ёфтааст.

Корхонаи профилҳои аюминийи ин ширкат барои истеҳсоли қисмҳои алюминийи дару тиреза, витражҳо ва маводи конструксионӣ махсус гардонида шудааст.

Дар сохтмони ин корхона ва воридоту васли таҷҳизоташ 13 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Таҷҳизоти технологӣ сохти Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки сӯзишвории асосии дар ин корхона истифодашаванда гази моеъ аст ва ин имкон медиҳад, ки маҳсулот камхарҷу арзон бошад.

Дар марҳилаи аввал ин корхона ҳамасола 3000 тонна алюминийи аввалияро коркард карда, аз он профилҳои алюминӣ истеҳсол менамояд. Пас аз ба кор даромадани навбати дуюмаш иқтидори он ба коркарди 6 ҳазор тонна алюминийи аввалия баробар хоҳад шуд. Агар ба ҳисоби пулӣ гирем, ҳоло солона дар ҳаҷми 35-40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол мешавад. Ҳоло дар ин корхона 70 кас бо корӣ доимӣ таъмин мебошанд ва ояндаи наздик бо ифтитоҳи коргоҳи дуюм шумораи ҷойҳои корӣ ба 150 кас мерасад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки дар ҳамин ҷо, ҳамчунин истеҳсоли дару тирезаҳои тайёр ба роҳ монда шавад. Роҳбарияти корхона пешниҳоди Сарвари давлатро хуб пазируфта, уҳдадор шуданд, ки шумораи ҷойҳои кориро ба 300 мерасонанд.

Роҳбарияти ширкати мазкур азм доранд, ки натанҳо бозори дохилиро бо профилҳои алюминӣ таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520