Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи қасри боҳашамати варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд

19.06.2013 09:19, шаҳри Хуҷанд

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якқасри боҳашамати варзишӣ ифтитоҳ ёфт. Тавре зикр гардид, сохтмони он бо ҳидояти Президенти кишвар моҳи апрели соли 2012 шуруъ шуда буд.

Масоҳати умумии Қасри варзиш 8300 м/кв буда, толори асосии он дорои 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Толорҳои варзишиии ин қаср ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, дорои имконияти ба роҳ мондани мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, бокс, волейбол, баскетбол, акробатика, гимнастикаи варзишӣ ва бадеӣ, гӯштини тарзи озод, дзюдо, камарбандӣ, гӯштингирӣ, гандбол, футзал, бадминтон, шашка, шоҳмот, каратэ, якҳарбаи шарқӣ, теннис, тенниси рӯи миз ва амсоли инҳо мебошад.

Тавре аён гардид, қасри варзиш аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он толорҳои калони варзишӣ барои бозиҳои гуногун, маҷлисгоҳ, толори қабули меҳмонони расмӣ, утоқҳои маъмурӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи дуюм толорҳои машқӣ барои намудҳои бокс, дзюдо, гӯштин, тенниси рӯи миз, шашкаву шоҳмот утоқҳои корӣ, буфет ва ғайра мавҷуданд. Ошёнаи сеюм бошад, барои воситаҳои ахбори умум ва утоқҳои хизматрасонии техникӣ пешбинӣ шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги қасри варзишӣ суханронӣ намуда, аз авҷ гирифтани сохтмони иншооти гуногуни варзишӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар ва ба дастовардҳои баланд дар арсаи ҷаҳонӣ ноил гардидани варзишгарони тоҷик арзи хушнудӣ намуд.

Дар яке аз толорҳои қасри варзиш Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 130 нафар кӯдакону наврасоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ҳамин тариқ то имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҷмӯъ ба 787 нафар ятимони бе падару модар кӯмаки моддии Президенти кишвар расонда шуд. Бояд таъкид дошт, ки ин амал дар доираи иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар иҷро мегардад. 

Тавре аён мегардад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои ин нишондоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешсафу ибратомӯз аст. 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520