Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комбинати овозадори абрешим бо номи Нассоҷи Хуҷанд аз нав эҳё гардид

19.06.2013 15:30, шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин корхонаи Нассоҷи Хуҷанд ифтитоҳ ёфт.

Чунонки зикр гардид, ин корхона дар заминаи корхонаи кӯҳнаю фарсудашудаи комбинати абрешими шаҳри Хуҳанд, ки солҳои охир ҳамагӣ бо 5% иқтидори лоиҳавияш кор мекардааст, ба кор дароварда шуд. Ҳоло аз ҷониби ширкати Хуҷанд-Инвест-Коттон якчанд бинои ин корхонаи азим бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст. Бо 55 миллион сомонӣ 44 адад таҷҳизоти нави муосир харидорӣ шуда, техникаю таҷҳизоти кӯҳна вале коршоям тармиму навсозӣ шудааст.

Бадин тартиб 800 нафар коргарони қаблии корхона, ки дар рухсатии бемуҳлату бемузд қарор доштанд, аз нав ба кор ҷалб шуда, 300 коргари нав низ қабул гардиданд ва шумораи умумии коргарон ба 1100 нафар расид.

Ҳоло ин корхона имкон дорад, ки солона то 4 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намуда, аз он маҳсулоти тайёр омода намояд. Тибқи нақшаҳои роҳбарияти корхона оянда иқтидори коркарди ин корхона бояд ба 7 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 3 ҳазор нафар расонда мешавад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар ин корхона коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори риштаю матоъ ва дӯхти либосворӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, коркарди пурраи нахи пахта ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз дар ду корхонаи ширкати Хуҷанд Инвест Коттон, яъне Нассоҷи Хуҷанд ва Неку Хуҷанд иқтидори солонаи коркарди 7 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд аст ва дар ду корхона беш аз 1400 нафар бо кор таъмин гардидаанд.

Дар коргоҳи дӯзандагии корхонаи мазкур дӯхтани либосҳои мактабӣ, низомӣ, корҷомаҳо ва ғайра ба роҳ монда шуда, 100 нафар занону духтарон бо кор таъмин гардидаанд.

Либосвории хушсифати ин корхона аз 70 то 100 фоизаш аз нахи пахтаи Тоҷикистон аст, ба талаботи ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ буда, асосан ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.

Дар назди корхонаи Нассоҷи Хуҷанд, ҳамчунин мағозаи фирмавии он кушода шудааст, ки дар он навъҳои сершумори либосвории хушсифати пахтагин бо нархҳои аз маҳсулоти воридотӣ ду баробар арзон ба фурӯш гузошта шудааст. Куртаҳои хушсифати пахтагини мардона, аз ҷумла бо нархи 40-45 сомонӣ пешниҳод мегардад. Нархи ҳамин гуна куртаҳои воридотӣ бошад, на кам аз 140 сомониро ташкил медиҳад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз тамоми имкону захираҳо бояд васеъ истифода карда шавад.

Тавре иттилоъ доданд, роҳбарияти ширкати Хуҷанд Инвест Коттон азм доранд, ки маҳсулоти тайёри худро натанҳо ба бозори дохилии Тоҷикистон, балки барои содирот ба хориҷи кишвар низ равона намоянд.

Тавре Директори генералии ширкати Швейпромсервиси шаҳри Маскави Федератсияи Русия Андрей Дубнов иттилоъ дод, имрӯз маҳсулоти ин корхона дар хориҷи кишвар рақобатпазир буда, харидорони зиёд дорад.

Чунонки аён мегардад, коркарди нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ дар партави супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол зиёд гардида, шумораи корхонаҳои нави саноатӣ рӯй ба афзоиш доранд. Танҳо дар вилояти Суғд тайи 5 моҳи соли равон 62 корхонаи нави саноатӣ бо 2 ҳазор ҷойи нави корӣ фаъол гардидааст. То охири соли равон шумораи корхонаҳои нави саноатии вилоят ба 120 ва ҷойҳои нави корӣ ба 5 ҳазор расонда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520