Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ

23.06.2013 20:14, Кувайт

Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид, Алҳамад Ассабоҳ баррасӣ шуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ низ сурат гирифт.

Бо ишора ба дӯстии самимии роҳбарони аввали ду кишвар ва ҳавасмандии устувор ба густариши ҳамкорӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо такони воқеӣ мебахшад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520