Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Музокироти давлатии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ

23.06.2013 22:32, Кувайт

Баррасии муфассали дурнамои муносибот ва ҳамкории ду кишвар дар музокироти сатҳи олии сарони ду давлат бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Тавре таъкид гардид, ки Тоҷикистону Кувайт метавонанд, дар соҳаҳои гуногуни ҷаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, иқтисод, савдо ва сармоягузорӣ, энергетика, роҳсозӣ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илму техника, сайёҳӣ ва ғайра ҳамкории густурдаи барои ҳарду ҷониб судбахш дошта бошанд.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки роҳбарони олии ду давлат ва ҳам роҳбарияти ҳукумати ду кишвар ба ин кор ҳавасмандии устувор доранд.
Имзои 6 санади нави ҳамкорӣ, ки дар ҳузури сарони ду давлат ва ҳайатҳои воломақом сурат гирифт, аз ин гувоҳии возеҳ медиҳад. Санаҳои имзошуда инҳоянд:

Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ва хизматӣ;

Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;

Созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кувайтии рушд.

Ҳамчунин Баёнияи муштараки роҳбарони ду давлат нашр гардид, ки дар он нуктаҳои муҳимтарини мулоқоту музокироти дуҷониба ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дарҷ гардидааст.

Бояд таъкид дошт, ки имзои боз чанд санад зимни мулоқотҳои дигари Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва миёни сохторҳои соҳибкории ду кишвар дар назар аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520