Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт

24.06.2013 12:32, Кувайт

Имрӯз дар шаҳри Алкувайт-пойтахати Давлати Кувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвари мутараққии арабӣ боз шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Давлати Кувайт ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои сафорати Тоҷикистон Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ҳамроҳӣ намуд.

Дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ ба хонаи миллии тоҷикӣ, ки дар назди сафорат бунёд ёфтааст, ворид шуда, дар болои кати тоҷикӣ каме фароғат намуданд.

Ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароите, ки дар ин бинои нав барои дипломатҳои тоҷик муҳайё гардидааст, баҳои баланд дода шуд.

Зимни суханронии табрикӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз шудани бинои нави Сафорати Тоҷикистонро “рӯйдоди муҳим дар рушди муносибот бо Давлати Кувайт” номида, изҳори умед кард, ки “дар пайравӣ ба ин иқдом дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ сафорати муқимии Давлати Кувайт боз мегардад”.

Бо қаноатмандӣ аз баромадани муносиботи ду кишвар ба сатҳи сифатан нав таъкид гардид, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи ин раванд сафоратҳо ва доираҳои дигари масъули ҳарду давлат бояд пайваста ҷаҳду талош намоянд.

Муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Ассабоҳ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оғозбахши марҳилаи нави муносиботи ду кишвар номида, изҳор дошт: “Мо ваъда медиҳем, ки дар ояндаи наздик Сафорати Давлати Кувайт низ дар Тоҷикистон боз хоҳад шуд”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520