Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт

24.06.2013 14:59, Кувайт

Дар шаҳри Алкувайт-пойтахти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, ки бо иштироки зиёда аз 150 нафар аз ду ҷониб баргузор гардид, ташриф оварда, суханронӣ намуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Давлати Кувайт дар форум Сармушовири Девони Амир Абдулло Алмаътук ва Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноат Холид Абдулло Ассақр иштирок намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла изҳор дошт: “бояд эътироф намуд, ки сатҳ ва мазмуни ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва раванди сармоягузорӣ ба имконоту ниёзҳои имрӯзӣ ва манфиатҳои миллии ду кишвар ҳанӯз ҷавобгӯй нест ва мо бояд сатҳ ва мазмуни сифатан нави ҳамкории дуҷонибаи гуногунсоҳаро эҷод намоем”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имконоти васею мусоиди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти рӯй ба рушди Тоҷҷикистонро бевосита муаррифӣ намуда, соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи кувайтиро ба роҳандозии робитаҳои судбахш бо кишвари мо ташвиқ намуд.

Аз соҳибкорони кувайтӣ даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон дастаҷамъона сафар карда, бо имконоту шароити ҳамкорӣ бевосита шинос шаванд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди шиносоии наздик бо табиати биҳиштосо ва имконоти фарохи ҳамкорӣ дар дили ҳар як соҳибкори кувайтӣ хоҳиши ба роҳ мондани робитаҳои судбахш бештар мегардад.

Дар охири қисмати ифтитоҳии форум миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавофуқоти зиёди дигар миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳосил гардид. Тавре аён гардид, соҳибкорону сармоягузорони кувайтӣ ба соҳаҳои гидроэнегетика, кишоварзӣ, саноати кӯҳӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520