Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чор ҷилди тарҷумаи китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони арабӣ муаррифӣ шуд

24.06.2013 22:07, Кувайт

Маросими муаррифии ин китоби арзишманди таърихӣ шоми рӯзи 24 июн дар толори бузурги меҳмонхонаи Шератони шаҳри Алкувайт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати расмии Тоҷикистон ва шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик баргузор гардид.

Муаллифи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози маросим суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт: “Ба иншои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» даст заданам, тасодуф набуда, амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Дар ин даврони нав мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта чун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав ва ваҳдати мардуми кишварамон эҳтиром мегузорем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудани чор ҷилди ин китобро “рӯйдоди муҳим дар ҷодаи густариши робитаҳои судманди илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои араб” номида, ба мутарҷимон ва ноширони он арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Сипас Вазири иттилооти Давлати Кувайт, Сармушовири Девони Амир доктор Абдулло ал Маътук сухан гуфта, дастраси мардуми арабзабон гардидани ин китоби пурмуҳтаворо рӯйдоди пурарзиш номид.

Муовини вазири авқофи Давлати Кувайт Одил Абдулло ал Фаллоҳ зимни суханронии худ, аз ҷумла ёдовар шуд, ки тоҷикон қадимтарин мардуми муқими Осиёи Марказӣ буда, фарзандони фарзонаи он дар ташаккул ва рушди тамаддуни инсонӣ ва исломӣ дар ин минтақа ва кулли ҷаҳон нақши намоён гузоштаанд.

Дар маросими муаррифии китоби Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Декани факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Кувайт Абдулҳодӣ Алаҷмӣ суханронӣ карда, нақши таърихии ин китобро басо баланд арзёбӣ кард.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520