Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон

27.06.2013 11:38, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати Миллии Тоҷикистон тӯйи хайрияи 64 ҷуфти ҷавон, ки ятимону бепарасторон ва аз оилаҳои камбизот мебошанд, дастаҷамъона баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки солҳои охир бо ибтикори саховатмандонаю ҷавонмардонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври дастаҷамъона ва хайрия баргузор намудани хатнасур ва тӯйҳои арусии кӯдакону ҷавонони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ба ҳукми анъана даромадааст.

Хусусан пас аз даъвати навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми сарватманду саховатпеша, ки дар Паёми имсолаи ӯ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буд, чунин чорабиниҳои дастаҷамъона афзун гардид. Чорабинии имрӯза низ дар пайравӣ ва дастгирии ҳамин даъватҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии аҳолии табақаҳои ниёзманди пойтахт, пеш аз ҳама ҷавононе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ин рӯзи саиду муборак ва муқаддас, яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, рост омадани маросими оиладоршавии ин ҷавонони хуштолеъро барояшон фоли нек номида, таманно намуд, ки “фазои орому осуда, созандаю созгор ва муҳаббату самимияти оилавӣ ҳамеша дар хонадони онҳо муҳайёву пойдор бошад”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ҳамчунин ба барпо намудани оилаҳои солиму хушбахт, тифоқу устувор ва дар оянда ба таълиму тарбияи дурусти фарзандони номбардори давлату миллат ҳидоят намуд.

Сипас маросими оиладоршавии 64 ҷуфти ҷавон, ки ба истиқболи солгарди 16-уми Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон 16 ҷуфтӣ аз 4 ноҳияи пойтахт мебошанд, бо базму тараби идона ва дилхушии дастаҷамъона идома ёфт.

Ҳар як ҷуфти ҷавон аз кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои хотиравии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бархӯрдор гардиданд, ки барои оғози зиндагии хушбахти оилавӣ дастгирии арзишманд аст.

Ҷавонони хуштолеъи навхонадор ва ҳам бисёр ҷавонону наврасони дигар, ки дар ин маросим иштирок доштанд, бо истифода аз фурсати ғанимат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520