Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нахустин мактаби инноватсионии ронандагии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа ифтитоҳ ёфт

05.07.2013 13:30, шаҳри Бохтар

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Қурғонтеппа нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


Пойгоҳ, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст, аз синфҳои муҷаҳҳази дарсҳои назариявӣ ва амалӣ бо макетҳои электронии мошин, майдони махсуси мошинронӣ ва ҳамчунин мошинҳои боркашу сабукрав, автобусҳо ва мотосиклҳои нави таълимӣ иборат аст.


 Тавре таъкид гардид, ин мактабу пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин аст.


Мавриди зикри хос аст, ки тамоми синфхонаҳо ва майдонҳои таълимию имтиҳонӣ ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст буда, ҷараёни ҳамаи корҳо тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва компютеру мониторҳо мудом назорат карда мешавад. Иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва тамоми машғулиятҳо ва имтиҳону санҷишҳо таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ сурат мегирад ва на муаллим ва на каси дигар ба он дахолат карда наметавонанд. Яъне тамоми имконоти дахолати инсон ва амалҳои коррупсионӣ аз миён бардошта мешавад.


Дар ин марказ ҳоло курсҳои семоҳаи ронандагӣ ташкил шуда, ронандаҳои се намуди мошин – сабукрав, боркаш ва автобус омода карда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки барои хуб омода кардани ронандаҳо муҳлати курсҳо ба 6 моҳ расонда шавад. Дар як курс 60 донишҷӯй бо омӯзиш фаро гирифта мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маслиҳат дод, ки дар ҳудуди пойгоҳ боз як бинои таълимӣ бунёд карда, таълимро дар 2 баст ба роҳ монанд, то ки хоҳишмандони бештарро қабул карда тавонанд.


 Ҳоло дар ин пойгоҳ 50 нафар мутахассисони баландпоя бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.


Аз ҷониби ҳамин гурӯҳи соҳибкорон дуюмин чунин пойгоҳ, вале аз ин калонтар ба наздикӣ дар пойтахти кишвар ба кор дароварда мешавад. Онҳо нақша доранд, ки бо харҷи 100 миллион сомонӣ боз  7 то чунин пойгоҳҳо ва 30 мактаби инноватсионии ронандагӣ бо 600 ҷойи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то охири соли равон омода созанд. Нисфи ҳамин пойгоҳу мактабҳо, аллакай то моҳи сентябри соли равон ба кор дароварда мешавад.


Ин пойгоҳ хусусӣ буда, дарсҳо ва ҳам санҷишу имтиҳоноти вобаста ба азхуднамоии донишу малакаи ронандагӣ, албатта ба таври тиҷоратӣ, вале дар якҷоягӣ бо мутахассисони бозрасии давлатии автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла дастур дод, ки ронандаҳо бо сифати баланд омода карда шаванд, ки оянда дар ҷумҳурӣ шумораи садамаҳои нақлиётӣ коҳиш дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки омодасозии ронандаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шавад.


Дар ҳаминҷо ба як гурӯҳ модарон аз оилаҳои ниёзманд ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ” аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520